Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин гуфт, "моро ҳурмат кунед" ва чӣ шунид? ВИДЕО


Рӯзе пештар аз ин нишаст, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Рӯзе пештар аз ин нишаст, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасте дар шаҳри Остона аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад.

Ӯ дар нишасти кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Русия”, ки рӯзи 14-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон сурат гирифт, зимни суханронии ғайримуқаррарӣ гуфт:”Мо мехоҳем, ки моро ҳурмат кунанд. Магар мо кадом як бегона ҳастем. Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович аз шумо хоҳиш, ки дигар сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ набошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гила кард, ки дар замони шӯравӣ ба кишварҳои хурди Осиёи Марказӣ, мисли Тоҷикистон ба қадри кофӣ эътибор намедоданд ва як сабаби аз байн рафтани шӯравӣ дар соли 1991 ҳамин беэътиноӣ ба миллатҳои хурд буд. Ба қавли ӯ, кишварҳои минтақа фақат ҳамчун манбаи ашёи хом ба мисли пахта ва шир истифода мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ҳамеша манофеи шарики асосии стратегиаш, яъне Русияро ҳимоят мекард, вале бархӯрди муносиб намебинад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: “Ҳамин сабаби фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Ман фикр мекунам, шумо нороҳат намешавед. Мо шоҳиди фурӯпошии Иттифоқи Шӯравӣ будем, ман дар толори ҷаласа будам, ки шӯравӣ аз ҳам пошид. Дар он замон ман узр мехоҳам, мисли ҳоло ба кишварҳои хурд, ба миллатҳои хурд аҳамият намедоданд. Аҳамият намедонанд. Расму анъанаҳояшонро ба инобат намегирифтанд. Кӯмаку дастгирӣ намекарданд, ки пешрафт кунанд.”

Эмомалӣ Раҳмон ба Путин гуфт, "моро ҳурмат кунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз он шикоят кард, ки дар бораи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба Владимир Путин маълумоти нодуруст додаанд. Ӯ бо ишора ба мулоқоти як рӯзи пеш бо Владимир Путин ва бо истиҳола гуфт, оморе, ки ӯ овардааст, дуруст нест.

“Ду миллион нафар нест, бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале нафақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Бубинед, соли оянда 50 дар сад коҳиш меёбад, чунки роҳҳо бастаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар видеое, ки аз нишаст расонаҳои Қазоқистону Қирғизистон нашр кардаанд, бештар аз 7 дақиқа суҳбат мекунад ва ҷое, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аз ӯ мехоҳад, ки суханрониашро поён диҳад, вале Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки “мо инҷо, ки барои суҳбат омадем.” Владимир Путин ҳам гоҳо бо забон хоидан ва раҳбарони чаҳор кишвари дигари минтақа, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистону Узбекистон сокит ба Эмомалӣ Раҳмон менигаранд.

Ин видеои суханронии Эмомалӣ Раҳмонро дар муддати камтар аз як шабонарӯз танҳо дар як канали Ютуб бештар аз 3 миллиону 500 ҳазор бор тамошо карда ва зери он 22 ҳазор шарҳ гузоштаанд. Бисёре аз корбарон Эмомалӣ Раҳмонро барои ошкор гуфтани “ҳақиқат ба рӯи Владимир Путин” аҳсану офарин хондаанд. Яке аз корбарон бо номи Вера Горовская навиштааст: “Оҳ шоҳ бисёр ба хашм омад. Ӯ хуш надорад, ки касе насиҳаташ кунад. Вале ӯ (Раҳмон) ҳақиқатро гуфт, на каси дигар.”

Аммо теъдоде аз корбарони дигар худи Эмомалӣ Раҳмонро танқид кардаанд, ки агар дар тӯли 30 соли ҳукуматдорӣ агар барои мардум шароити муносиби зиндагиву кор фароҳам меовард, муносибат бо ӯ ва Тоҷикистон дигар буд.

Бауржан Нурсултанович, як корбаре дар Ютуб навиштааст: “Раиси ҷумҳури Тоҷикистон агар мардуми шумо дар рифоҳ зиндагӣ мекард, агар бо тамоми шароит таъмин мекардӣ, бо таҳсил, иқомат ва ғайра таъмин мекардӣ, на танҳо президентҳо, балки мардум эҳтиром мекард.” Чингиз Зайналов ҳам дар Ютуб навиштааст: “Агар шароити дуруст барои кору зиндагӣ дар кишварат фароҳам мекардӣ, мардум ҳам намерафтанд.

Ҷамшед Кенҷаев, навиштааст: “Ҷолиб аст, бидонем, ки Владимир Путин, ки симои аввали нишасти сарон аст, чӣ вокунише нишон додааст. Аммо ончӣ ки раиси ҷумҳури мо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳақиқати маҳз аст. Нишастанду хӯрданду чой нӯшиданд ва бо ҳамин тамом. Мушкилот онгуна ки буд, ҳамонгуна мемонад.”

Дар воқеъ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар вокуниш ба гилаи Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Фикр мекунам, ончӣ ки Эмомалӣ Шарипович гуфт, то ҳадди зиёде дуруст аст.” Хабаргузории ТАСС аз қавли Владимир Путин навиштааст: “Албатта дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо забонҳои миллӣ китоб чоп мекарданд, театр боз мекарданд, фарҳангу иқтисодро ривоҷ медоданд.”

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаҳои пажуҳишӣ ҳам инъикоси густурдае пайдо кардааст ва теъдоде аз пажуҳишгарон, онро як нишонаи дигаре камтар шудани нуфузи Владимир Путин баъд аз ҷанг дар Украина ва дар назди шариконаш номидааанд.

Аммо Ҷеннифер Муртазашвили, пажуҳишгари Бунёди Карнегӣ дар Твиттер навиштааст :”Ин суханронӣ инъикоси такондиҳандаи вазъи нобасомони иқтисоди Тоҷикистон ва фарохонии кумаки бештари Русия аст. Ман инро дархост барои кумак ва вобастагии бештар медонам, на дархост барои худмухторӣ.”

Тоҷикистону Русия ду шарики наздики стратегӣ ба ҳисоб мераванд ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Айни замон иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ низ пойбанд аст, ки аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз муттаҳидони асосии Владимир Путин ба ҳисоб меравад ва пас аз оғози ҷанг дар Украина дар моҳи феврал Владимир Путин аввалин сафари хориҷиашро дар Тоҷикистон анҷом дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG