Тасмими Қирғизистон, ки ба машқи низомии кишварҳои узви СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) дар хокаш иҷоза надод ва барои иштирок дар тамринҳои он ба Тоҷикистон низ нерӯ нафиристод, моҳияти ин созмони зери чатри Русияро баҳсбарангез кард.
Қирғизистон рӯзи 9-уми октябр машқи ҳарбии СПАД-ро дар қаламраваш бекор кард ва як рӯз баъд гуфт, дар размоишҳои созмон дар Тоҷикистон ширкат нахоҳад кард. Баъзе аз мансабдорони қирғиз гуфтанд, ки кишварашон пас аз даргириҳои марзӣ тамрини якҷояро бо низомиёни Тоҷикистон қабул надоранд.
Созмон дар тӯли мавҷудияташ нишон дод, ки барои ҳимоят аз кишварҳои узв ҳеч тасмими ҷиддӣ намегирад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба умеди рӯзи “мабодо” пойбандаш хоҳанд монд.Рустам Бурнашев
Мақомоти тоҷик расман чун ҳамеша шарҳе надоданд, вале Зайниддин Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат кардан ё накардани Қирғизистон дар ин тамринҳо чизеро дигар намекунад ва таъсире ба кори СПАД нахоҳад дошт. Ӯ афзуд, кишваре, ки воқеан аз таҳдидҳои берунӣ нигарон аст, бо ин созмон ҳамкорӣ мекунад.
“Созмон барои ҳифзи марзу бум ва таҳдидҳои берунӣ ба кишварҳои узваш муҳим аст. Дар шароите, ки таҳдид зиёд аст, созмон ба кишварҳои узв кумак мекунад. Инро мо дар мисоли Қазоқистон дидем. Барои ҳамин, баргузории машқҳои созмон дар кишвари мо бисёр муҳим аст,” – гуфт вакили порлумони Тоҷикистон.
Қирғизистон чӣ мехоҳад?
Дар ин байн Қирғизистон эълон кард, ки хоҳони тағйир дар низомномаи СПАД аст. Нурлан Ниёзалиев, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, гуфт, ин пешниҳодро пас аз муноқишаи моҳи апрели соли 2021 дар марз бо Тоҷикистон карда буданд, то СПАД ҳангоми даргириҳо ҷиддӣ бархурд кунад ва тасмим гирад. Марат Иманқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси пешниҳоди онҳо бояд бовар миёни кишварҳои узв бештар шавад.
“Пас аз муноқиша бо Тоҷикистон мо пешниҳод кардем, ки минбаъд дар дохили СПАД ба истифодаи силоҳ муқобили ҳамдигар иҷозат дода нашавад. Кишварҳо ба ҷои онки ба муқобили ҳамдигар силоҳ мегиранд, бояд ба таҳдидҳои берунӣ омода бошанд ва силоҳро истифода бурдан муқобили ҳамдигар қобили қабул нест”, -- гуфт ӯ ва афзуд, кор бояд ба ҳадде расонда шавад, ки кишварҳои узв ба ҳамдигар эътимод кунанд.
Ин баҳсҳо суолеро низ эҷод кард, ки эҳтимол Қирғизистон аз ин созмони зери нуфузи Русия берун шавад. Мақомоти қирғиз гуфтанд, чунин ният надоранд.
Рустам Бурнашев, таҳлилгари қазоқистонӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, созмон дар тӯли мавҷудияташ нишон дод, ки ҳеч тасмими ҷиддие барои ҳимоят аз кишварҳои узв намегирад, вале кишварҳои Осиёи Марказӣ ба умеди рӯзи “мабодо” пойбандаш хоҳанд монд. Аз нигоҳи ӯ, Қирғизистон ҳам бештар бо чунин баҳсҳояш аҳамияти худро дар назди созмон боло бурданист ва дар амал нишонаҳое, ки аз СПАД хориҷ шавад, дида намешавад.
“Даст кашидан аз тамрин бештар намоиши мавқеи Қирғизистон аст. Дар шароити ҳозира созмон ба Қирғизистон ва Қирғизистон ба созмон ниёз доранд,” -- гуфт ӯ.
“Кремл ҳоло хатои бузург кард”
Марс Сариев, сиёсатшиноси қирғиз, назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ҳоло созмони зери назари Русия ба буҳрони амиқ ғӯтидааст ва дар гумон аст, ки аз он берун шавад.
“Кори СПАД бесамар шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки созмон амалан аз ҳам пошидааст. Русия бо Украина, Арманистон бо Озарбойҷон ва ду узви дигари созмон, Тоҷикистону Қирғизистон, бо ҳам меҷанганд. Ҳама хуб медонад, ки СПАД-ро Русия идора мекунад. Фикр мекунам, буҳрон замоне ба миён омад, ки ин кишвар наметавонад созмонро идора кунад. Кремл ҳоло хатои бузурге кард. Дар Украина мағлуб мешавад, минтақаи Қафқозро дар ҳоли аз даст додан аст ва дар оянда шариконашро дар Осиёи Миёна аз даст медиҳад,” – шарҳ дод ӯ.
Ҳоло машқҳои СПАД дар Тоҷикистон идома доранд, вале ширкат накардани Қирғизистон дар ин размоиш баҳсро ба самти дигар бурдааст. Хуршед Яҳёев, коршиноси тоҷик, бар ин аст, ки зери ин баҳсҳо кишвари ҳамсоя яктарафа ба навъе Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “эътирози Қирғизистон ба тамринҳои СПАД дар хокаш ба гунае бозтоб ёфт, ки гуё ин кишвар мазлум аст.”
“Сабаби муноқиша дар сарҳад аз ҷониби ҳеч созмони мустақил таҳқиқ нашудааст. Ҳеч касе гуфта наметавонад, кадом кишвар аввал тир паронд. Бо ин амалҳо, Қирғизистон якҷониба Тоҷикистонро гунаҳкори муноқиша медонад. Хомӯшӣ ва беамалии Тоҷикистон дар ин баробар бештар ин даъворо зиёдтар тақвият медиҳад,” — гуфт ӯ.
Фишор ба Душанбе?
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Яҳёев, ин як навъ фишори навбатии кишвари ҳамсоя аст, ки то Тоҷикистонро ба гузашти бештар дар масъалаи марз маҷбур кунад. Якҷониба баста шудани марз, харидории силоҳу бесарнишин, муроҷиат ба додгоҳҳои байнулмилалӣ ва пайваста дар ҳама сатҳ гунаҳкор кардани Тоҷикистон аз ҷониби кишвари ҳамсояро ин коршинос як навъ фишоре медонад, ки Тоҷикистон забонкӯтоҳ кардааст.
Ӯ афзуд: “Зоҳиран ҳалли баҳси марз бар асоси ҳуҷҷатҳо ба бунбаст расидааст. Ду ҷониб ва бештар кишвари ҳамсоя бо роҳи фишор мехоҳанд, дар ҳалли баҳси марзӣ фоида ба даст биоранд. Ба фикри ман, ин роҳи ба даст овардани созиш нест, балки бештар ҷанги хатарноктареро миёни ду кишвар наздик мекунад.”
Коршиносони дигар мегӯянд, Қирғизистон як кишвари нисбатан боз аст ва ҳарфи мардум ба ҳукумат таъсир дорад. Аз ин рӯ, мақомоти ин кишвар дар тасмимгириҳояшон ба хостҳои мардум гӯш медиҳанд, чун метарсанд, ки эътирози сартосарӣ ба бор наоранд.
Хурсанд Хуррамов, шореҳи Радиои Озодӣ, ки дар Қирғизистон зиндагӣ кардааст, мегӯяд, даст кашидани Қирғизистон аз тамрини СПАД дар қаламрави худ бештар баёнгари таъсиргузор будани афкори ҷомеа ба маркази қабули қарор аст.
Сахтгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ?
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ин кишвар наметавонад, назари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афкори омро нодида гирад, дар ҳоле ки баъди даргириҳо дар марз ба назар мерасад, ки ҷомеаи Қирғизистон хеле эҳсосотӣ аст ва тасмимҳои ҳукуматашро беш аз ҳар вақт танқид мекунад.
Ба гуфтаи Хуррамов, “дар ин шароит агар низомиёни тоҷик ҳамроҳи СПАД вориди хоки Қирғизистон мешуданд, ин ба имиҷи сиёсии Бишкеки расмӣ хеле таъсири манфӣ мерасонд.”
Аз ҷониби дигар ба андешаи Хурсанд Хуррамов, ин машқҳо барои Тоҷикистон дар ин шароит аз аҳамият холӣ нест.
“Машқҳои созмон барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд доранд, азбаски Тоҷикистон дар ҷануб дар хатти аввал нисбати хатарҳои эҳтимолӣ қарор дорад ва бояд ба ҳар воситае, ки бошад, ин машқҳоро гузаронад, то артишаш омода бошад. Барои СПАД тасмими Қирғизистон пайомади ҷиддӣ дорад, чунки пеш аз ҳама имиҷи ин блоки ҳарби-сиёсиро зери шубҳа мегузорад. Суоле ба миён меояд, ки агар ин созмон натавонад мушкилиҳои байни аъзояшро ҳал кунад, чӣ гуна метавонад аз хатарҳои ҷиддитаре пешгирӣ намояд? Ин зарба пеш аз ҳама ба имиҷи Маскав аст, ки поягузор ва бозигари асосии ин созмон мебошад,” -- гуфт ӯ.
СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1993 таъсис ёфт. Инро аксари коршиносон талоши Русия барои дар як меҳвар нигаҳ доштани кишварҳои пасошӯравӣ ва талоше барои таъсиси созмони низомии ҳамранг бо НАТО медонанд.
Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус узви созмон ҳастанд. Озарбойҷону Гурҷистон дар соли 1999 ва Узбекистон дар соли 2012 созмонро тарк карданд.
Гуфтугӯ