Бино ба таҳқиқоти якҷояи бахши русии Би-би-сӣ ва Медиазона, аз оғози ҷанги Русия дар Украина ҳалокати 7502 сарбозу афсари рус тасдиқ шудааст.
Аз 21-уми сентябри имсол, замони сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, дар ин ҷанг дастикам 11 нафар ҷон бохтаанд. Дастикам 18 нафари дигар дар ҳудуди Русия ва дар ҷойи нигаҳдории сарбозони эҳтиётӣ даргузаштанд.
Пажӯҳиш бар асоси изҳороти мақомоти вилоятҳо, донишкадаҳо ва суҳбати наздикони кушташудаҳо сурат гирифт. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар бораи аксар фавтидагон дар минтақаҳо маълумот намедиҳанд.
Вазорати мудофиаи Русия бори охир моҳи сентябри имсол талафотро дар ҷанг дар Украина эълон кард. Он замон вазири дифоъ Сергей Шойгу дар бораи кушта шудани 5937 нафар гузориш дод.
Ин дар ҳолест, ки Бритониё дар моҳи сентябри имсол талафоти Русияро 25 ҳазор нафар ва Ситоди кулли Украина тақрибан 60 ҳазор нафар арзёбӣ кардаанд.
Гуфтугӯ