Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дод ва барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуд.
Мусобиқа шоми 25-уми сентябр дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai” дар шаҳри Чиангмайи Тайланд ва зери борон гузашт.
Дар нимаи аввали дидор, ки чандон ҷолиб набуд, футболбозони ҳарду даста натавонистанд, маҳорати баланд нион диҳанд ва вазъиятҳои голзаниро ба вуҷуд биёранд. Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик фаъол шуданд ва пайваста ҳуҷум мекарданд, вале зарбаҳояшон нишонрас набуд.
Ҳамин тариқ, замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Барои муайян кардани дастаи ғолиб силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин гардид.
Аз чаҳор зарбаи футболбозони тоҷик сетоашро Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров ба ҳадаф расонданд. Вале капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров, ки нахустин шуда зарба зад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд.
Аз се зарбаи футболбозони Малайзия дутоашро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баргардонд. Баъди зарбаи сеюми онҳо тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.
Ба ин тартиб, маҳорати баланди Рустам Ятимов, ки беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд, ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард.
Барои ҷойи сеюм 25-уми сентябр дар Чиангмай, дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai”, дастаи Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго мубориза бурд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Тайланд - бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Чиангмай баргузор шуд, тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.
Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ барпо гардид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷоми Шоҳи Тайланд ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ба мунтахаби Малайзия медалҳои нуқра ва ба дастаи мизбон – Тайланд – медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.
Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд.
Мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2022”
Финал
Малайзия – Тоҷикистон – аз рӯи силсилаи пеналти 3:0 (замони асосӣ – 0:0).
Голҳои мунтахаби Тоҷикистон аз пеналти ё зарбаҳои ёздаҳметрӣ: Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (Далер Эмомназаров, 87), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 79), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 79).
25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Тайланд – Тринидад ва Тобаго – 2:1
Голҳо: Чанаронг Промсрикаев, 21 (1:0), Критсада Каман, 61 (1:1), Супачок Сарачат, 72 (2:1).
25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».
Гуфтугӯ