Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози дар марз бо Қирғизистон кушташударо ба хок супурданд


Акс аз апрели соли 2022
Акс аз апрели соли 2022

Субҳи 15-уми июн ҷасади сарбози дар задухӯрди марзии дирӯз кушташударо ба хок супурданд.

Сарбоз Муродбек Маҳмадқулов, ки то анҷоми мӯҳлати хидматаш дар артиш чор моҳ монда буд, рӯзи 14-уми июн дар сарҳадии Исфара аз тири низомиёни Қирғизистон кушта шуд.

Ба иттилои раиси ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Муродбек Маҳмадқулов сокини 26-солаи деҳаи Умед буд ва ҷасадашро субҳи имрӯз ба зодгоҳаш оварданд. Маросими ҷаноза ҳам субҳи имрӯз барпо шуд.

Ин сарбози дуюм аз ноҳияи Дӯстӣ мебошад, ки аз тири сарбозони Қирғизистон кушта мешавад. Моҳи апрел Зоҳир Саидмуродов, сарбози дигаре за ноҳияи Дӯстӣ дар задухурди марзӣ дар Исфара аз сӯи нерӯҳои қирғиз кушта шуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар муноқиша ягон низомии он кишвар кушта нашуданд. Дар бораи захмиён аз тарафи Қирғизистон чизе гуфта намешавад.

Тирандозиҳои пайиҳам

Рӯзи 14-уми июн мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тирандозии навбатӣ дар марз хабар доданд. Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар ин ҳодиса дастикам як сарбоз куштаву чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар сар задани ҳодисаи навбатӣ гунаҳгор мекунанд.

Шоми дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон фармондеҳи як дидбонгоҳи сарҳадӣ захмӣ шуда, вазъаш "аз ҳад вазнин аст". Дар бораи кушта шудани Маҳмадқулов чизе нагуфтаанд.

Дар ҳоле ки Қирғизистон низомиёни тоҷикро ба шурӯи тирандозӣ муттаҳам кард, вазорат марзбонҳои ҳамсояро ба ҳамлаи ногаҳонӣ "бо яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо" ба дидбонгоҳи "Кех" дар ҷамоати Ворух айбдор намуд. Мақомот рафтори марзбонҳои Қирғизистонро "амали таҷовузкоронаи беасос" донистаанд.

Радду бадали тарафҳо

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 14-уми июн вазъро дар сарҳад "муташанниҷ" арзёбӣ кард ва бори дигар марзбонҳои тоҷикро ба тирандозӣ муттаҳам кард.

"Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хидматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад," – омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Мақомот, инчунин, ибрози ташвиш кардаанд, ки амалҳои ба қавли онҳо "иғвоангезонаи Қирғизистон" алайҳи Тоҷикистон "хусусияти мунтазам гирифтаанд". "Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад," – омадааст дар изҳорот.

Вазорат мегӯяд, дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврӣ, ки бо ташаббуси Душанбе сурат гирифт, "оташбас муяссар гардид", аммо тафсилот надодааст, ки тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд.

Натиҷаи мулоқот

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки хати ҳаракати марзбонҳоро дар минтақаи “Булоқ-Бошӣ” дақиқ карда, нерӯҳои иловагиро ба ҷойҳои доимияшон бармегардонанд.

Раҳбарони дидбонгоҳи “Булоқ-Бошӣ”-и Қирғизистон ва “Кех”-и Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳар рӯз вохӯрда, дар бораи вазъи сарҳад табодули иттилоъ кунанд. Илова бар ин, ҷонибҳо розӣ шудаанд, ки хандақҳои қаблан кофтаи худро пур карда, ба кори деҳқонҳо дар наздикии марз халал нарасонанд.

Давоми даҳ рӯзи ахир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.

Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG