Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон пас аз як рӯзи тирандозӣ дар сарҳад нерӯҳои марзбонии Қирғизистонро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карда, амалкарди сарбозони кишвари ҳамсояро “иғвои аз пеш барномарезишуда” номидааст. Мақомоти Қирғизистон дирӯз баръакс марзбонони тоҷикро сабабгори сар задани муноқиша номида буданд.
Дар баёнияи расмӣ, ки рӯзи 4-уми июн дар вебсайти вазорат нашр шуд, Қирғизистон ҳамчунин ба риоят накардани тааҳудоти ду тараф барои роҳ надодан ба муноқиша ва беэътиноӣ ба созишҳо барои истифода накардани аслиҳа дар марз муттаҳам шудааст.
Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сурат гирифт ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".
Вазорат гуфтааст, сабаби даргирӣ беэътиноии сарбозони қирғиз ба талаби қонунии марзбонони Тоҷикистон буд, ки аз онҳо хостанд, хоки кишварро тарк кунанд. Дар баёния омадааст: “Дар посух ба талаботи намояндагони Тоҷикистон, сарбозони қирғиз камин гирифта, ба самти посгоҳи “Кех” дар Ворух тирандозиро сар карданд. Вазъ баъди он бадтар шуд, ки қирғизҳо нерӯ ва техникаи иловагиро ҷалб карданд.”
Дар баёнияҳои гуногуни Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки расонаҳои ин кишвар рӯзи 3-юми июн нашр карданд, баръакс марзбонони тоҷик ба вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон муттаҳам шудаанд. Вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “баъди оташи ҷавобӣ ва истифодаи аслиҳа аз тарафи марзбонони тоҷик, сарбозони қирғиз аз минамёт ва дигар аслиҳа истифода бурда, ба самти маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон тирандозӣ кардаанд.”
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки баъди музокироти фаврӣ бо ташаббуси Тоҷикистон тирандозӣ соати 13:15 қатъ шуд ва барои маълум кардани ҳол, ба намояндагони Қирғизистон иҷоза дода шуд, ки ба маҳалли ҳодиса ба хоки Тоҷикистон биёянд.” Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби дигар ниҳодҳои қудратӣ ва ғайримарзбонии Қирғизистон ба муноқиша, “як амали ғайриқобили қабул аст, ки метавонад, сабаби якбора шиддат гирифтани вазъ дар хати марз шавад.”
Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки дар музокирот ду тараф гуфтаанд, ки нерӯҳои изофиеро, ки барои тақвият ба марз оварда буданд, пас мебаранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки "гуруҳҳои гаштзанӣ дар ҳарду тарафи марзро иваз мекунанд ва истеҳкомҳоеро, ки дар манотиқи марзӣ сохтаанд, мебардоранд.”
Вазорати умури хориҷӣ дар баёнияи хеш гуфтааст: "Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад."
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 3-юми июн дар як баёнияи кӯтоҳи расмӣ гуфтааст, ки кишвараш тарафдори “риояти созишҳои ҳосилшуда барои роҳ надодан ба шароитест, ки метавонанд, сабаби шиддат гирифтани авзоъ дар манотиқи наздимарзии ду кишвар шаванд.”
Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.
Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.