Дучарха ё мототсикли нимсӯхтаи Низомиддин Шамсиддинов, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара, як сол боз дар рӯйи ҳавлияш хобидааст. Осоре аз муноқишаи хунини охири моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
"Соати 13:05-и рӯзи 29-уми апрел тирпарронӣ сар шуд. Аз тарафи заминҳои колхозӣ меомадам, маҷбур шудам, худро ба даруни канал партоям. Сарбозони худамон ҳам дохили канал буданд. То соати 17 тирпарронӣ сахт буд. Тирҳо ба кӯҳ мезаданд. Тирпарронӣ 7-8 соат идома кард," – ба ёд овард ин сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.
Кӣ аввалин шуда оташ кушод?
Муноқиша миёни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрели соли гузашта аз «Головной», Маркази тақсими об, оғоз шуд. Пас аз як рӯз амалан ба ҷанг печид. Монанди ҷанҷолҳои пешинаи марзи байни ду кишвар аз дашномҳо, сангандозӣ ва тирпаронӣ. Вале ин бор бо пайомадҳои ба маротиб сангинтар.
Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар изҳороте сабаби ҳодисаро "насби дурбинҳои назоратӣ дар симчӯбҳои барқ аз ҷониби Тоҷикистон" дар наздикии Маркази тақсими об номид. Мақомоти тоҷик насби камераро дар “Головной” тасдиқ карда, ҳадафи онро назорати тақсимоти об гуфтанд. Додситонии кулли Тоҷикистон баъди се рӯзи ҳодиса дар баёнияе гуфт, садҳо сарбозу ғайринизомии қирғиз монеи кори муҳандисони тоҷик шуданд, ки мехостанд, дар “Головной” дурбинҳои назоратӣ шинонанд. Мақомоти Қирғизистон мушаххасан нагуфтанд, ки далели норозигиашон аз насби камераҳо чист.
Ҳарду тараф ҳамдигарро гунаҳкор карданд, ки аввалин шуда тир кушоданд. Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб моҳи июли соли 2021 бо нашри таҳқиқоте гуфта буд, рӯзи 29-уми апрел низомиёни тоҷик аввалин шуда, оташ кушоданд. Хуршед Муҳаммадзода, сардори дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ё ОМОН дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд, “тирпарониро мо оғоз накардем, мо муқовимат кардем”.
Низои хунин наздик ба 9 соат ва бо вуруди нерӯҳои Тоҷикистон ба чандин минтақаи баҳсии марз ва ҳамчунин дохили қаламрави Қирғизистон идома кард ва бо миёнаравии Узбекистон поён ёфт. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон то субҳи 30-юми апрел бо ҳам гуфтугӯ карда, ба баъзе созишҳо даст ёфтанд. Аз ҷумла, баровардани нерӯҳои изофӣ аз марз ва суръат бахшидани аломатгузории марз.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Фарзандонаш то ҳозир падарашонро суроғ мекунанд"
Як сол аст, ки абри ғам аз сари оилаи Ҳазима Маҳкамова дур намешавад. Фарзанди ин зан дар ҷараёни низои рӯзи 29-уми апрели соли 2021 кушта шуд. Ҳикматуллоҳ Маҳкамов 26 сол дошт ва низомӣ набуд. Тоҷир буд. Аз Ҳикматуллоҳ се фарзанд ятим монд.
“Мо дар хона будем, ба саҳро меравам гуфту рафт. Соати 8-и субҳ омада, шиносномаашро бурданд ва баъд ҷасадашро оварданд. Бо нишонзан (снайпер) задаанд. Бачаҳояш мегирянд, ки падарам кай меояд," -- он рӯзро ба ёд овард Ҳазима Маҳкамова.
Иброҳим Ҳошимзода қурбонии дигари муноқишаи як сол пеш аст. Иброҳим ва Ҳикматуллоҳ ҳамсоя ва рафиқи наздик буданд. Иброҳим Ҳошимзода ягона фарзанди хонавода буд, ки бо кушта шуданаш манзили падар холӣ шуд. Баъди кушта шуданаш, ҳамсари Иброҳим тифли 17-рӯзаашро гирифта рафт. Ҳошим Ҳамроев, падари Иброҳим Ҳошимзода, мегӯяд, кори асосии ӯ ҳоло рафтан ба сари қабри писар аст.
Мақомоти Қирғизистон эълом доштанд, ки 36 шаҳрванди онҳо кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Тарафи Тоҷикистон то рӯзи 6-уми майи соли 2021 дар бораи талафот чизе нагуфт. Ҷустуҷӯҳои кормандони Радиои Озодӣ он рӯзҳо ошкор кард, ки дар муноқиша 20 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дертар ҳукумат ҳалокати 19 нафарро тасдиқ намуд.
“Ваъда доданд, аммо хонаамро насохтанд”
Хонаводаи Ибодат Салимова як сол боз манзили сӯхтаашонро барқарор мекунанд. 7 дар хона ва иншооти ёрирасони ин оила дар рӯзҳои муноқиша ба коми оташ рафт. Ибодат Салимова иддао дорад, ки манзили ӯро ҳамсояҳо оташ заданд. Дар вақти ҳодиса касе дар хона набудааст. Ҷониби Қирғизистон ҳам даъво дорад, ки тоҷикони маҳаллӣ чанд манзили қирғизҳоро сӯзондаанд.
Душанбе ва Бишкек ба тавофуқ расиданд, ки манзилҳои харобшудаи сокинонро ҳар тараф аз ҳисоби худ месозад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 3-юми майи соли гузашта дар як ҷаласа гуфт, манзилҳои зарардида аз ҳисоби ҳукумат барқарор карда мешаванд. Ибодат Салимова, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯяд, ин ваъда иҷро нашуд ва мақомот хонаи ӯро нимсохт кардаву рафтанд.
“29-уми апрел ягон вақт аз ёди ман намеравад. 40-сола заҳматҳоям дар он рӯз барбод рафт. Ақаллан хонаамро пурра сохта надоданд, майлаш чизу чора. Дар хонаҳои ман ақаллан гилем нест, чӣ хел омада инҷо зиндагӣ кунам?"
Баръакси ин ҳолат, мақомот манзили харобшудаи ҳамсояҳои Ибодат Салимоваро барқарор карданд. Аз ҷумла, хонаи Низомиддин Шамсиддиновро. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин ҷанг 164 манзил ва 84 иншооти иҷтимоӣ аз ҳарду тараф қисман ё пурра ба коми оташ рафт.
“Дигар салом ҳам намекунем”
Ҷонҳои бохта ва манзилҳои харобшуда танҳо пайомадҳои ҷанҷоли соли гузашта нест. Сокинони наздимарзӣ мегӯянд, низои охири моҳи апрел робитаи ҳамсоядории ду халқро халалдор кард. Дар ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ чандин кӯчаҳоеро дидан мумкин аст, ки аз як тараф тоҷикон ва аз ҷониби дигар қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, то як сол пеш онҳо ба тӯй ва ҷанозаҳои ҳамдигар мерафтанд. Як сол мешавад, ки тоҷикону қирғизҳои ҳамсоя барои якдигар гӯё бегонаанд.
Даврон Неъматов, сокини ҷамоати Ворух, мегӯяд, пештар қирғизҳо ба бозорҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Сурх мерафтанд. “Ҳозир умуман намераванд. Хонааш он тарафи кӯча аст. Ба бисёрашон салом медиҳӣ, ҳатто алейк намегиранд,” – мегӯяд ӯ.
Баъд аз ҷанҷоли охири моҳи апрели соли гузашта эҳсоси душманӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ боло гирифт. Даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳамдигар душман метарошиданд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар се рӯз баъд аз ҳодиса аз афзоиши кинаву адоват миёни аҳолии ду кишвар нигаронӣ карданд.
Аз "шикаст" мегӯянд
Қирғизистон нерӯҳои Тоҷикистонро ба таҷовузгарӣ ва ҳадаф қарор додани мардуми осоишта гунаҳкор кард. Фаъолони қирғиз ба додгоҳи байнулмилалӣ муроҷиат ва дар назди сафоратҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Милал тазоҳурот карданд. Баръакси ин, Додситонии кулли Тоҷикистон марзбонони қирғизро ба талоши ғасби қаламрави Тоҷикистон муттаҳам кард. Додситонӣ пас аз се рӯзи ҳодиса гуфта буд, низомиёни Қирғизистон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳуҷум кардаанд.
Аз 21-уми майи соли 2021 Қирғизистон роҳро барои шаҳрвандон ва нақлиёти Тоҷикистон баст. Ақидае ҷой дорад, ки Қирғизистон дар ин даргирӣ худро шикастхӯрда ҳис мекунад. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, муноқишаҳо дар марз солҳо идома доштанд ва ҳамеша шаҳрвандону марзбонони Тоҷикистон дар онҳо қурбон мешуданд. Шояд ин сабаб шуд, ки тарафи Тоҷикистон хост, нерӯи худро нишон диҳад.
"Давоми қариб даҳ соли ахир дар ҳар муноқиша сокинони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Шояд косаи сабри Тоҷикистон ҳамон вақт лабрез шуд. Як амали ҷавобӣ доданд ва ин дар ҳақиқат қатъӣ ва сахт буд. Агар шикасти Қирғизистон бошад, ин натиҷаи таҷовуз аз тарафи Тоҷикистон набуд. Ин танҳо амали ҷавобӣ ба иғвогариҳое буд, ки сол то сол меафзуданд,” - мегӯяд Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.
Коршинос: Заминаҳои муноқиша бартараф нашудаанд
Манотиқи наздимарзӣ бахусус шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз як манбаи об истифода мебаранд. Ҳарду тараф борҳо аз тақсимоти нодурусти об шикоят кардаанд. Сабаби муноқишаи як сол пеш ҳам назорат аз болои тақсимоти об дар “Головной" буд. Баъзе мутахассисон мегӯянд, заминаҳои муноқишаи як сол пеш ҳанӯз бартараф нашудааст.
Толибҷон Маҳкамов, коршиноси масоили об аз Ворух, мегӯяд, баҳси асосӣ мақоми Маркази тақсими об аст, ки то ҳол муайян нашудааст. “Имрӯз бо яроқ омада нишастааст, касе наздик равад, набиё, мепарронам мегӯяд. Чи қадаре хоҳад, ба Исфара об медиҳад,” -- гуфт Маҳкамов.
Маркази тақсими об – “Головной” – соли 1968 сохта шуда, тибқи таъинот оби дарёи Исфараро барои минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон тақсим мекунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Головной” пурра дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло ҷойгир шудааст, аммо Қирғизистон инро рад мекунад. Коршиносони маҳаллӣ аз Тоҷикистон мегӯянд, то замоне ки масъалаи тақсими об дар марз, бахусус масъалаи “Головной” ҳал нашавад, эҳтимоли сар задани ҷанҷолҳои нав зиёд аст.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, пешниҳод дорад, ки барои ҳалли мушкили “Головной” аз таҷрибаи Тоҷикистон ва Узбекистон бар сари обанбори Фарҳод истифода шавад. “Нерӯгоҳи Фарҳоди Узбекистон дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Узбекистон эътироф кардааст, ки ҳудуд аз Тоҷикистон аст, ҷониби Тоҷикистон эътироф кард, ки иншоот аз Узбекистон аст. Ҳозир кормандони ин иншоот озодона ба ҳудуди Тоҷикистон даромада, корашонро анҷом дода мераванд. Дар мисоли “Головной” ин тавр рафтор кардан мумкин аст. Агар ҷониби Қирғизистон эътироф кунад, дар ҷойе, ки иншооти “Головной” сохта шудааст, ҳудуди Тоҷикистон аст, Тоҷикистон метавонад, гӯяд иншоот аз Қирғизистон аст,” -- таъкид мекунад Мирсаидов.
"Низомиён набояд ба масъалаи об дахолат кунанд"
Баъзе аз сокинони маҳаллӣ дар Исфара роҳи ҳалро дар бозгашт ба ҳамон системаи тақсими об медонанд, ки дар давраи Шӯравӣ истифода мешуд. Омӯзгори собиқадор Абдуманнон Ваҳҳобов аз Чоркуҳ барои пешгирӣ аз танишҳои марзӣ борҳо бо калонсолони қирғиз вохӯрдаанд. Ваҳҳобов мегӯяд, дар яке аз ин вохӯриҳо дар деҳаи Самарқандак мӯйсафедони қирғиз пешниҳоди аҷибе карданд.
“Дар вохӯрии деҳаи Самарқандак як шахсеро бурдем, ки 20 сол роҳбари хоҷагӣ (бригадир) буд. Муйсафеди қирғиз ба ин роҳбари хоҷагӣ суол дод, ки дар вақти ту чаро муноқишаи об намешуд, вале акнун мешавад? Ту чӣ кор мекардӣ? Вай гуфт, ки рӯзона мо об мемондем, шабона фармон медодам, об ба қирғизҳо мегузашт. Пас, барои чӣ инро ҳозир кардан мумкин нест?” -- мепурсад ин омӯзгор аз Чоркуҳ.
Толибҷон Маҳкамов, коршиноси масоили об аз Ворух ва ҳам Абдуманнон Ваҳҳобов таъкид мекунанд, ки масъалаи об дар минтақаҳои наздимарзӣ набояд ба воситаи низомиён ҳал карда шавад.
Муноқишаи рӯзҳои 28-30-юми апрели соли гузашта охирин ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон набуд. Баъди он низ марзи ду кишвар шоҳиди чанд муноқишаи дигар шуд, ки баъзеаш қурбонӣ доштанд. Аз ҷумла, бар асари муноқишаи шаби 27-уми январи имсол 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, 10 нафари дигар осеб диданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, дар ин ҳодиса 11 шаҳрванди ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.
Аз 970 километр марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 664 километри он муайян шудааст. Роҳбарони ду кишвар ба ҳалли мусолиматомези масъалаи марз таъкид мекунанд. Вале дар як вақт Бишкек ва Душанбе зоҳиран интихоби дигарро ҳам дар даст доранд ва бошитоб таҷҳизоти нави низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин мехаранд.