Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ду зиндонии тоҷикро барои адои ҷазо ба Душанбе супурдааст


Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷиноят ба зидди сулҳ ва ғоратгарӣ гунаҳкор дониста мешуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷиноят ба зидди сулҳ ва ғоратгарӣ гунаҳкор дониста мешуданд.

Мақомоти Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар он кишвар ба бештар аз 20 солии зиндон маҳкум шуда буданд, барои идомаи адои ҷазо ба Душанбе супурдаанд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов 14-уми сентябри соли гузашта дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо гуноҳи "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" аввал ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд, вале баъдан додгоҳ ҳукми онҳоро ба бештар аз 20 соли зиндон иваз кард.

Як манбаъ аз Додситонии вилояти Суғд рӯзи 11-уми июн бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро рӯзи 7 - уми июл аз Бишкек ба Хуҷанд овардаанд. Муҳокимаи ҳарду дар расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозтоби зиёде дошт, чун онҳо баъди муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар дар моҳи апрели соли 2021 дастгир шуданд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи онҳоро ба баррасӣ гирифта, рӯзҳои наздик хулосаи худро ироа мекунад. Вай афзуд, феълан ҳарду дар боздоштгоҳи мувақатӣ Хуҷанд қарор доранд. Пайвандони Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов мегӯянд, ки дар воқеъ шуниданд, ки онҳоро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварданд, вале дигар ҳеҷ хабаре надоранд. Онҳо аз посух ба суолҳои Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, аммо дар деҳаи Борбодуки вилояти Ботканди Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Онҳоро баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дастгир карданд ва муфаттишони қирғиз гуфтаанд, дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфтаанд. Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд, ҳарчанд хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон мегуфтанд, ки иттиҳомот асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Ботканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Дар он муноқиша, ки аз бадтаринҳо дар таърихи истиқлоди ду кишвар буд, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва бештар аз 200 каси дигар маҷруҳ шуданд. Қирғизистон пас аз муноқиша марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро боздошту зиндонӣ кардаанд. Соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар чанд моҳи гузашта тарафҳо дар бораи табодули зиндониён гуфтугуҳое доштаанд.

Ҳоло маълум нест, сарнавишти Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов чӣ мешавад, аммо ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров мегӯяд, бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва дохилӣ мақомоти додситонӣ ва додгоҳии Тоҷикистон парвандаи ҳардуро баррасӣ мекунад ва мумкин аст, ҷазои онҳо кам карда шавад. Дуввум роҳ бар асоси муроҷиати пайвандонашон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон метавонад, ҳардуро авф ва аз адои ҷазо озод кунад.

XS
SM
MD
LG