Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон. Як сарҳадбони тоҷик дар Ворух кушта шудааст


Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодиса ва кушта шудани сарбозро шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ дар Исфара гуфтанд, марзбони кушташуда аз ноҳияи Ҷайҳун аст ва ҳоло дар сардхона (морг)-и яке аз бемористонҳои Исфара нигаҳдорӣ мешавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъро "муташанниҷ" тасвир карда, айни замон гуфтааст, ​дар муноқиша ягон низомии он кишвар кушта нашудаанд. Дар бораи захмиён аз тарафи Қирғизистон расман чизе гуфта намешавад.

Феълан дар минтақаи Булак-Башии Бодканд намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот доранд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон навишт, ҳодиса тақрибан соати ҳафти субҳи сешанбе дар минтақаи Булак-Баши дар рӯбарӯи постгоҳи "Кех"-и Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, пас аз тирандозӣ фармондеҳони постгоҳҳои марзбонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, вале ба гуфтаи манбаъ, тақрибан соати 8 бо истифода аз гранатомёт ва миномёт тирандозӣ идома кардааст.

Назари мақомоти Тоҷикистон ба ҳодиса то кунун дастрас нест, вале қаблан ҷониби Тоҷикистон марзбонони кишвари ҳамсояро ба "иғвоангезӣ" муттаҳам карда буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озод гуфт, ҳодиса қариб 20 километр дуртар аз маркази Ворух рух додааст. "Дар онҷо панҷ дақиқа нофаҳмӣ шуда, тирпарронӣ шудааст, қарибии соати 6-и субҳ. Ҳозир гуруҳи корӣ аз тарафи додситони ҳарбии вилоят ва додситонии ҳарбии қирғиз кор карда истодааст. Гуруҳи корӣ муайян мекунанд, ки сабабу омилҳои тирпарронӣ чист," -- афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Давоми даҳ рӯзи ахир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.

Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG