Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Толибон ё ҷанҷол бо Қирғизистон: Далели наздикии Душанбе ва Теҳрон чист? ВИДЕО, САДО


Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ

Пас аз солҳо муносибати ноҳамвор ва иттиҳом задан ба якдигар, президенти Тоҷикистон ба Эрон рафт ва рӯзи 30-юми май раҳбарону мансабдорони ду кишвар чанд ҳуҷҷат имзо карданд. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи беҳбуди равобити ду кишвар сурат гирифтааст. Дар ҳоле ки мақомот сабаби якбораи нармишро дар муносибати Душанбеву Теҳрон шарҳ намедиҳанд, коршиносон фарзияҳои худро доранд.

"Бод"-и хатарҳо аз чанд тараф

Эмомалӣ Раҳмон шоми 29-уми май ба Теҳрон рафт ва рӯзи 30-юми май бо ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ мулоқот кард. Ӯ бори охир нӯҳ сол пеш дар онҷо меҳмон буд. Баъди ду соли он муносибати Душанбе ва Теҳрон, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба сатҳи поинтарин расид.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Эронро ба пуштибонӣ аз Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам карданд. Теҳрон иттиҳомҳоро рад намуд, аммо айни замон Тоҷикистонро ба гум шудани миллионҳо доллари тоҷири шинохта, Бобаки Занҷонӣ, айбдор кард. Душанбе мегӯяд, пулҳои Занҷониро надидааст.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Коршиносон чанд омилро сабаби нарм шудани муносибати ду кишвар медонанд. Ба қавли таҳлилгар Абдумалик Қодиров, масъалаи асосӣ қазияи Афғонистон аст, ки ба ҳарду кишвар таҳдид мекунад. "Масъалаи дуюм, ки боиси нармиш дар муносибати Душанбе ва Теҳрон шуд, баҳсҳо бо Қирғизистон аст," -- тахмин зад ӯ.

"Хоҳем ё нахоҳем, ин чиз ҳатман таъсири худро мерасонад. Қирғизистон аз Туркия силоҳ гирифта истодааст ва аз дастгирии кишварҳои турк баҳравар мешавад. Тоҷикистон дар ин робита наметавонад, ба Русия такя кунад. Маскав дар ин муддат ба ҷанҷолҳои дохилӣ дахолат намекард. Мусаллам аст, ки Эрон дар ҳамин шароит ягона шарике аст, ки метавонад аз Тоҷикистон дифоъ кунад," -- илова кард Қодиров.

Наворро дар инҷо бинед:

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

"Мо бо Эрон ягон мушкил надорем"?

Ҳадди ақал давоми як соли охир лаҳни гуфтори мақомоти тоҷик дар баробари Эрон тағйир кард. Дар моҳҳои охир баъзе мансабдорон аз "дӯстии мардуми ду кишвари бародар" гуфтанд.

Коршиносони наздик ба мақомот бовар доранд, ки "ях"-и равобит дар миёни Душанбе ва Теҳрон об шудааст, аммо ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, "наздикии Тоҷикистон ба Эрон на ба хотири тарс аст ва на ба хотири пайдо кардани ҳампаймон."

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

"Баръакс, ҳамкориҳои таърихӣ ҳастанд, ки ҳама гуна мушкилиро паси сар мекунанд. Мо бо халқи Эрон ҳеч мушкил надоштем, надорем ва нахоҳем дошт," – афзуд Сафаров.

Қоидаҳои бозӣ муайян ва иҷро мешаванд?

Эрон дар соли 1991 кишвари аввалине буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард. Теҳрон бо сохтани нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануб ва нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб дар шимол то соли 2013 яке аз шарикони асосии иқтисодии Душанбе буд. Пас аз соли 2015 корхона ва ширкатҳои эронӣ яке паси дигар дар Тоҷикистон баста шуданд. Додугирифти иқтисодии ду кишвар ҳам ба таври чашмрас кам шуд.

Бо сафарҳои ахири мақомдорони баландпояи Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои якдигар, таҳлилгарон ба беҳбуди равобити Душанбе ва Теҳрон умеди зиёд доранд. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, гуфт, бо имзои протокол дар бахши ҳамкориҳои амниятӣ дар соли 2019, "чаҳорчӯб ва қоидаи бозӣ танзим шудааст ва минбаъд он риоя хоҳад шуд."

Коршинос Абдумалик Қодиров ҳам фарзияи худро гуфт: "Бо назардошти тағйироти куллӣ дар сиёсати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Эрон хеле тӯл мекашанд. Зеро бо заиф шудани Русия ва аз бозигари асосӣ берун шудани он, нақши Эрон дар минтақа ва дар Тоҷикистон зиёд мешавад."

Дилсардиву дилгармии Тоҷикистону Эрон аз чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00
Линки мустақим

Тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 30-юми май дар Теҳрон миёни Тоҷикистону Эрон 16 санади нав имзо шудааст. Дар миёни ҳуҷҷатҳои имзошуда созишномаву қарордоҳо нестанд, балки бештар аз ёддошти тафоҳум иборатанд.

XS
SM
MD
LG