Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта, ҳукми додгоҳро нисбати ӯ "беасос" номида, бозбинияшро хостаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 13-уми майи имсол Чоршанбиевро бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет” ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард. Чоршанбиев ва вакилони мудофеаш инро қабул надоранд.
Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шикояти худро ба зинаҳои болоии додгоҳ пешниҳод кардаанд. Анварҷон Бобохонов, яке аз вакилони дифои Чоршанбиев, ҳукми додгоҳро “ғайриқонунӣ, беасос ва ғайриодилона” номид.
Бобохонов гуфт, зерҳимояи онҳо дар як навори баҳсбарангез аз мақомот хостааст, нисбати шахсони гунаҳкор дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2021 дар Хоруғ чора андешанд.
Наворро дар инҷо бинед:
Мақомот дар бораи ҷузъиёти парванда ва ҳам ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев суҳбат намекунанд. Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ҳукм нисбати варзишгар ба иҷро надаромадааст ва аз ин рӯ аз шарҳи он худдорӣ меварзанд. Масъулини додгоҳ танҳо тасдиқ карданд, ки шикояти вакилони дифои Чоршанбиевро гирифтаанд.
Далел чӣ буд?
Қазияи Чоршанбиев вокунишҳои зиёд дорад. Аксарият гумон мекунанд, ӯро барои суханонаш дар бораи тоҷикону тоҷикистониён ҷазо додаанд. Вакилони дифоъ мегӯянд, далели асосии мақомот алайҳи варзишгар як муроҷиати видеоии ӯ дар охири моҳи ноябри соли 2021 аст.
Дар ин навор варзишгар дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри ҳамон сол дар шаҳри Хоруғ, ки дар умум се кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, суҳбат кардааст. Мақомот Чоршанбиевро ба он айбдор кардаанд, ки варзишгар дар ин навор мардумро ба муқобили идораҳои давлатӣ даъват кардааст. Як сиёсатшинос аз Душанбе ба ҳарфҳои Чоршанбиев чунин хулоса додааст.
Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород гуфтааст, "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."
Ба гуфтаи вакилони дифоаш, худи Чоршанбе дар додгоҳ гуфтааст, "ягон нияту мақсади ноором сохтани сулҳу суботро надошт." Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони Чоршанбиев, аз қавли варзишгар гуфт, “ӯ танҳо мехост, оид ба ҳодисаҳое, ки гузашт ва оид ба фактҳое, ки буданд, вобаста ба марги инсон, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кунад.”
Чаро пайвандон дар мурофиа набуданд?
Дар мурофиаи ахир, ки 13-уми май баргузор шуд, пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев ширкат надоштанд. Маълум нест, чаро онҳоро ба додгоҳ даъват накарданд.
Ба қавли вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова, Чоршанбиев аз додрас хостааст, то мурофиаро ба рӯзи дигар гузаронанд ва дар вақти сухани охирин, падараш низ ширкат кунад. “Лекин, мутаассифона, мурофиаи судӣ давом дода шуд ва Чоршанбиев сухани охирини худро гуфт ва баъди баромадан аз хонаи машваратӣ суд ҳукми худро эълон намуд,” – афзуд ӯ.
Маълум нест, зинаи болоии додгоҳ нисбати ҳукми ин варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта чӣ назар медиҳад. Вакилони мудофеъ бовар доранд, ки адолат риоя хоҳад шуд.
Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Додситонӣ дар оғоз эълон кард, ки алайҳи варзишгар бо иттиҳомҳои барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият аз тариқи интернет парванда боз шудааст. Баъдан иттиҳоми аввалро бекор карданд.
Қазияи Чоршанбе Чоршанбиев вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва чанде аз варзишгарони муҳорибаҳои омехта аз Русия низ хоҳони озодии ӯ шуданд. Бархе корбарон бо ишора ба изҳоротҳои баҳсбарангези Чоршанбиев боздошти ӯро дуруст медонанд.