Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбати Чоршанбе Чоршанбиевро дар бораи Бадахшон аз нав "месанҷанд". ВИДЕО


Чоршанбе Чоршанбиев дар байн
Чоршанбе Чоршанбиев дар байн

Додгоҳ қарор кардааст, ки суҳбати Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари боздоштшударо дар мавриди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Бадахшон аз нав бисанҷанд.

Муҳокимаи навбатии Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия баргузор шуд, вале ба хабарнигорон иҷозаи иштирок надоданд. Танҳо вакилони мудофеъ ва пайвандонаш ба он роҳ ёфтанд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ хостааст, ташхисро Вазорати адлия гузаронад. Ҳамзамон гуфта шудааст, дар вақти санҷиш мутахассиси забони русиро даъват карда, ширкати Чоршанбиев ва вакилони мудофеъро таъмин кунанд.

"Хулосаи ташхисе, ки дар парванда буд, зери суол гузоштем. Бино бар онки дар хулосаи ташхис носаҳеҳӣ ва нопуррагӣ ҷой дошт, аз додгоҳ талаб кардем, ташхиси такрорӣ таъин карда шавад ва ин дафъа мутахассиси забони русиро даъват кунанд. Ниҳоят дархости вакилони дифоъ аз сӯи додгоҳ пазируфта шуд ва ташхиси такрории сиёсӣ-лингвистӣ таъин карда шуд," -- афзуд Дилафрӯз Самадова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Додгоҳ ба санҷиши дубораи паёмҳои Чоршанбиев мувофиқат кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Пештар як сиёсатшинос аз Тоҷикистон ва як устоди забони русӣ аз Русия ба суханронии баҳсбарангези варзишгари боздоштшуда хулоса дода буданд.

Сиёсатшиносе, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфтааст, Чоршанбиев дар навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба "қиём" алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кард.

Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород гуфтааст, "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Навори суханронии Чоршанбе Чоршанбиевро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Дар порчае аз он гуфтааст, “то кай тоқат кунем, ба ин чашм пӯшем ва оё ин аз рӯи адолат аст? Ба назари ман, бояд ба ин рӯйдод вокуниши бештар кунем. Даъват менамоям, бар зидди беадолатӣ – беадолатӣ дар марги одамони бегуноҳ қиём карда шавад.”

Чоршанбе Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар оғоз ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият парванда боз карданд. Иттиҳоми аввал ҳоло бекор шудааст.

Аз рӯи айбномаи даъват ба сарнагунии ҳокимият ба Чоршанбиев аз 8 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад. Варзишгар дар ду мурофиаи аввал гуфтааст, иттиҳомро қабул надорад. Пайвандону ҷонибдоронаш ба ҳақ будани ӯ таъкид доранд.

XS
SM
MD
LG