Таҳқиқи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехтаро дар Душанбе ба анҷом расондаанд.
Манобеи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муфаттишон иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабиро аз парвандаи Чоршанбиев бардоштанд. Акнун ин варзишгар танҳо ба даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет муттаҳам мешавад. Худи Чоршанбе ва наздиконаш ин иттиҳомро қабул надоранд. Ин як иттиҳоми ҷиддӣ аст ва аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
"Парванда ба додгоҳ рафт"
Яке аз пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ӯ барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст.
“То ҳол ба мо нагуфтаанд, ки мурофиа кай оғоз мешавад. Падараш як ҳафта пеш бо Чоршанбе дар боздоштгоҳ вохӯрд. Рӯзҳои наздик бори дигар мулоқот мекунанд,” -- афзуд мусоҳиби мо, ки намехоҳад номаш зикр шавад.
Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11-уми феврал тасдиқ карданд, ки парвандаи Чоршанбиев ба дасти онҳо расидааст. Масъулони додгоҳ гуфтанд, дар бораи оғози мурофиа ба вакилони мудофеъ ва пайвандони варзишгар хабар медиҳанд.
Гардиши нав дар парвандаи Чоршанбиев бардошта шудани моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) аз парвандаи ӯст. Мақомот расман дар ин бора хабар надодаанд. Аммо ҳам наздикон ва ҳам масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, ҳазфи як моддаро аз парвандаи Чоршанбиев тасдиқ карданд.
Изҳори назар ё даъват?
“Дар кирдорҳои Чоршанбе он аломатҳои ҷиноят ҷой надорад, ки ба барангехтани хусумати нажодӣ, миллӣ, минтақавӣ, динӣ, паст задани шаъну эътибори нажодӣ ё минтақавӣ оварда расонда бошад. Аз ин рӯ, моддаи 189 аз парвандаи ӯ бардошта шуд,” -- гуфт як манбаи огоҳ аз парванда.
Ба қавли мусоҳиби мо, як баҳси асосӣ дар парванда наворе аст, ки дар он Чоршанбе Чоршанбиев даъват мекунад, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.” Ишораи варзишгар ба ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Роштқалъаву Хоруғ аст, ки дар натиҷаи он Гулбиддин Зиёбеков ва ду нафари дигар кушта ва чандин каси дигар захмӣ шуданд.
Мақомот дар бораи маҷруҳ шудани беш аз даҳ нерӯи давлатӣ хабар доданд, аммо дар бораи мардуми мулкӣ чизе нагуфтанд.
Ҳамсуҳбати мо, ки аз парвандаи Чоршанбиев огоҳ аст мегӯяд, мақомот суҳбати ӯро “ҳамчун як далели даъват ба сарнагунии ҳокимият” арзёбӣ кардаанд. “Додгоҳ бояд инро муайян кунад, ки оё ҳарфҳои Чоршанбе Чоршанбиев даъват ба сарнагунии ҳокимият аст ё не,” -- афзуд манбаъ.
Аз Русия то Тоҷикистон
Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва варзишгари муҳорибаҳои омехта аст. Вай солҳои охир дар Русия мезист ва рӯзи 31-уми декабри соли гузашта аз ин кишвар ихроҷ ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Аммо бо маҳзи расидани Чоршанбиев ба Фурудгоҳи Душанбе мақомот ӯро боздошт карданд. Наздиконаш қазияи ӯро тарҳрезишуда медонанд.
Дар оғоз нисбати ӯ бо ду иттиҳом, барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият парванда кушода шуд. Чоршанбе Чоршанбиев ба воситаи вакилони мудофеаш борҳо гуфтааст, иттиҳоми эълонкардаи мақомотро қабул надорад, чун “ҷиноят содир накардааст.”
Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев пештар аз шеваи ташхиси маводи парванда шикоят доштанд. Аз ҷумла, онҳо шикоят доштанд, ки ба маводи парванда на сиёсатшиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ, балки равоншинос ва мутахассиси забони русӣ баҳо диҳанд. Маълум нест, ки ин дархости вакилони дифоъ дар ниҳоят иҷро шуд ё не.