Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хулоса ба як суханронии Чоршанбиев. Даъват ба сарнагунӣ буд ё набуд? ВИДЕО


Вакилон дар бораи парвандаи Чоршанбиев суҳбат карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Як сиёсатшинос аз Тоҷикистон ва як устоди забони русӣ аз Русия ба суханронии баҳсбарангези варзишгари боздоштшуда Чоршанбе Чоршанбиев хулоса додаанд. Гап дар бораи наворе меравад, ки ӯ моҳи ноябри соли 2021 дар мавриди ҳодисаҳои Бадахшон сабт кардааст. Дар ин бора вакилони мудофеи Чоршанбие рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Сиёсатшиносе, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфтааст, Чоршанбиев дар навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба "қиём" алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кард.

Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижегородск, гуфтааст, "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Навори суханронии Чоршанбе Чоршанбиевро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Дар порчае аз он гуфтааст, "то кай тоқат кунем, ба ин чашм пӯшем ва оё ин аз рӯи адолат аст? Ба назари ман, бояд ба ин рӯйдод вокуниши бештар кунем. Даъват менамоям, бар зидди беадолатӣ – беадолатӣ дар марги одамони бегуноҳ қиём карда шавад."

Дилафрӯз Самадова ва Анварҷон Бобохонов
Дилафрӯз Самадова ва Анварҷон Бобохонов

Дилафрӯз Самадова ва Анварҷон Бобохонов, вакилони мудофеи Чоршанбиев, рӯзи 15-уми март гуфтанд, хулосаи устоди Донишгоҳи Нижегородскро ба додгоҳ пешниҳод карда, умед доранд, дар вақти содир шудани ҳукм ба инобат гирифта мешавад.

Вакилони мудофеъ пештар талаб доштанд, ки ба хотири бо забони русӣ будани суханронӣ, навори Чоршанбиевро на сиёсатшинос, балки мутахассиси забони русӣ санҷад. Мақомот баррасии ҳарфҳои варзишгарро ба ихтиёри як сиёсатшинос гузоштанд. Ҳоло додрас тасмим мегирад, ки ҳақ ба кадом ҷониб аст.

Чоршанбе Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот дар оғоз ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият парванда боз карданд. Иттиҳоми аввал ҳоло бекор шудааст.

Аз рӯи айбномаи даъват ба сарнагунии ҳокимият ба Чоршанбиев аз 8 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад. Варзишгар дар ду мурофиаи аввал гуфтааст, иттиҳомро қабул надорад.

То имрӯз ду мурофиаи додгоҳии Чоршанбе Чоршанбиев баргузор шуд. Ҷаласаи додгоҳ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия гузашт ва ба хабарнигорон иҷозаи иштирок надоданд. Мурофиаи баъдӣ 18-уми март баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG