Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Назришоев тасдиқ шуд. ВКД аз се пулиси захмӣ дар Хоруғ гуфт, вале дар бораи маҷруҳони дигар нагуфт


Шаҳри Хоруғ, шоми 16 май.
Шаҳри Хоруғ, шоми 16 май.

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати Замир Назришоев, сокини шаҳри Хоруғро дар нооромиҳои рӯзи 16-уми май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 17-уми май дар баёнияе аз захмӣ шудани се афсари ниҳодҳои интизомӣ хабар дод, аммо дар бораи маҷруҳон аз ҳисоби мардуми одӣ чизе нагуфт. Дар ҳоле ки як рӯз пеш манобеи Радиои Озодӣ дар бораи захмӣ шудани дастикам се кас гузориш доданд. Баъзе аз манобеъ ин шумораро бештар медонанд.

Пас аз як рӯзи нооромӣ дар Хоруғ, мақомот бори аввал дар ин бора ибрози назар карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёнияаш гуфт, гурӯҳи ҷавонони Хоруғ шаби гузашта бо "супориш"-и Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва "таҳти раҳбарӣ"-и сокини Хоруғ Замир Назришоев ба маъмурони пулиси Бадахшон, ки дар бинои Додгоҳи вилоят қарор доштанд, ҳамла карда, "норинҷаки дастиро таркониданд".

Ба иттилои ВКД, дар ин ҳодиса муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Бадахшон Ғайратшоҳ Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии ВКД Шӯҳрат Қамишев ва фармондеҳи взводи таъйиноти махсус Абубакр Файзуллозода захмӣ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир онҳо дар бемористон бистарианд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ омадааст, "ҳангоми зада гардондани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид". Баъзе манобеъ дар бораи ҳалокати Замир Назришоев, сокини 30-солаи маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ назари дигарро гуфтанд.

Як рӯз пеш эътирозгарон мегуфтанд, онҳо дар роҳ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯбарӯ шуданд ва онҳо аз гази ашковару тирҳои резинӣ истифода карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар нооромиҳои 16-уми май дар Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз сарони ғайрирасмии Бадахшон; Улфатхонум Маҳмадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Алим Шерзамонов, муовини раиси созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллиро гунаҳкор кардааст. Алим Шерзамонов рӯзи 16-уми май даст доштан дар ҳодисаҳои ахирро рад кард. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ҳам пештар иттиҳомҳои мақомотро бепоя дониста буд.

Сокинони норозӣ рӯзи 14-уми май истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, гуфта буданд, дар сурати беэътиноии мақомот дубора тазоҳурот мекунанд. Намояндагони эътирозгарон ба мақомот то соати 16-и 16-уми май муҳлат доданд. Мақомот ин талабҳоро ғайриқонунӣ дониста, гуфтанд, онҳоро баррасӣ накарданд. Пас аз он эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, шоми 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороти худ истифода аз "маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ"-ро тасдиқ кардааст. ВКД гуфтааст, нисбат ба саркардагони ҳодиса аз тарафи Додситонии Бадахшон парванда кушодаанд.

Дар шароите, ки дастрасӣ ба интернет дар шаҳри Хоруғ қатъ шудааст, фаҳмидани вазъи феълӣ душвор аст.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG