Ҳаракати гуруҳе аз ҷавонони эътирозгар рӯзи 16-уми май дар роҳ аз маҳаллаи Бархоруғ ба самти маркази шаҳри Хоруғ бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ боздошта шудааст. Мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.
Издиҳоми ҷавонон рӯзи 16-уми май, пас аз он ки мақомот гуфтанд, талабҳои ду рӯз пеши норозиёнро баррасӣ намекунанд, хостори баргузории тазоҳурот дар назди бинои ҳукумат шуд, аммо дар роҳ, дар маҳаллаи Чинак, бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯ ба рӯ гашт.
Сокинони норозӣ ду рӯз пеш, 14-уми май, истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, гуфта буданд, дар сурати беэътиноии мақомот дубора тазоҳурот мекунанд. Мақомот онҳоро ғайриқонунӣ дониста, баррасӣ накарданд.
Бино ба наворҳое, ки то ин дам дастраси Радиои Озодӣ шуданд, рӯзи 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд, вале мақомот то ин дам чизе нагуфтаанд.
Ду манбаъ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се нафари захмиро ба шифохонаи Оқохон, дар маҳаллаи Бархоруғ, бурдаанд. "Тирпаронӣ давом дорад, Интернет дар шаҳр дастнорас шудааст," – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳоле ки эътирози сокинон дар Хоруғ ҷараён дошт, телевизиони Бадахшон изҳороти додситони вилоятро гаштаву баргашта пахш кард, ки дар он аз сокинон хостааст, ба тазоҳурот ҳамроҳ нашаванд, чун ҷавобгарӣ дорад.
Парвиз Орифзода дар изҳороташ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи минтақа ва Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъро дар ин вазъ айбдор кард. Шерзамонов қаблан гуфта буд, ки мақомот ба хотири асоснок кардани саркӯби норозиён дар вилоят пойи созмони онҳоро ба миён кашидаанд.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои шинохта дар Бадахшон, ки мақомот ӯро ба ташкили эътирозҳо айбдор медонанд, 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби норозиён бетағйир мондааст.
"Торикӣ шуд, аммо сокинон дар берун ҳастанд. Беш аз 100 нафар ба самти ҳукумати Хоруғ равон буданд. Кормандони умури дохилӣ бо тиркушоӣ ва истифода аз гази ашковар пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Эътирозгарон натавонистанд, ба саҳни ҳукумат расанд, чандин нафар захмӣ шудаанд," – афзуд ӯ.
Ба иддаои Маҳмадбоқиров, аз моҳи ноябри соли гузашта то ин дам "8 сокини вилоят дастгир шуда, даҳҳо нафари дигар дар пайгард ҳастанд ва мардум аз фишор ба танг омадаанд." Мақомот мегӯянд, ин афродро барои даст доштан ба бетартибии оммавӣ дастгир кардаанд ё ҷустуҷӯ доранд.
Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.
Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.