Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонро ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Панҷшер муттаҳам мекунанд


Толибон дар Панҷшер дар моҳи декабри соли 2021.
Толибон дар Панҷшер дар моҳи декабри соли 2021.

Қиём ба зидди Толибон дар шимолушарқи Афғонистон авҷ мегирад ва ҳамингуна гузоришҳо дар бораи даргириҳои хунин ва иддаоҳо дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ ба зидди ғайринизомиён зиёд мешаванд.

Даргириҳо бештар дар марказу ҷануби Вилояти Панҷшер, минтақаи умдатан тоҷикнишин ва мухолиф ба Толибон аст, ки аксарияташонро паштуҳо ташкил медиҳанд. Панҷшер ягона вилояте буд, ки баъди суқути тамоми дигар вилоятҳои Афғонистон ба дасти Толибони тундрав афтод.

Сокинони ноҳияи Дара дар водии Абдулхел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вуруди сарбозони Толибон барои муқобила бо қиёмҳои афзоянда, боиси озору азияти сокинон, шиканҷа ва қатлҳои худсаронаи онҳо шудааст. Баъзеҳо мегӯянд, сабаби нооромӣ ва тамаркузи Толибон ба Панҷшер сарпечии мардум аз дастури онҳо барои таҷлили Иди Рамазон дар рӯзи 1-уми май будааст. Сокинони инҷо бар хилофи дастур идро як рӯз баъд ҷашн гирифтанд.

Гузоришҳо ҳамчунин дар бораи талафоти зиёд дар байни сарбозони Толибон аст, ки аз дигар вилоятҳо ба Панҷшер фиристода шуданд, то бо Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ муқобила кунанд ва шахсияту руҳониёни муътабарро, ки метавонанд, қиёмҳоро раҳбарӣ намоянд, дастгир кунанд. Яке аз сокинони минтақа, ки аз тарси ниқори Толибон номашро пинҳон медорад ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Дар ҳоле, ки Толибон мухолифонро меҷустанд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд ва чанде аз ҷавононро гаравгон гирифтанд.”

“Дар ҳар кунҷу канор як ҷасадро мебинӣ"

Мулло Маҳмад, як сокини 41-солаи дигари вилоят гуфт: “Дар ҳар кунҷу канор як ҷасадро мебинӣ, вале ба мардуми маҳал иҷоза намедиҳанд, онҳоро дафн кунанд.” Гул Оқо, яке дигар аз сокинони Панҷшер гуфт, Толибон дар ҷараёни даргирӣ бо размандагони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ талафоти зиёд додаанд: “Толибон барои муқобила бо афроди мусаллаҳ неруҳо ва аслиҳаи зиёдтар фиристоданд, вале ин дафъа неруҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, ки дар дараи Абдулхел ҳастанд, ба корвони Толибон ҳамла карданд.”

Неруҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2021.
Неруҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2021.

Гузоришҳо дар бораи даргириҳо сабаби ҷанги лафзӣ байни Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ва Толибон шуд. Намояндагони Ҷабҳаи Муқовимат гуфтанд, ки даҳҳо нафар аз сарбозони Толибонро куштанд ва минтақаҳои васеъ дар ноҳияҳои Обшор ва Дара ба шумули водии Абдулхел дар Панҷшерро гирифтанд. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддаҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро рад кард ва ҳафтаи гузашта гуфт, ки чунин гуруҳи ошӯбгаре ҳоло дар Афғонистон вуҷуд надорад.

Айни замон Мавлавӣ Дод Муҳаммад Батор, сардори Раёсати пулиси Толибон дар Панҷшер эътироф кард, ки “тирандозӣ вуҷуд дошт”, вале онро кори дасти онҳое хонд, ки ба қавли ӯ, аз ночорӣ аз болои куҳҳо тир андохтаанд. Абубакр Содиқ, сухангӯи волии Толибон дар Вилояти Панҷшер ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сардори пулиси ноҳияи Рухоро дар ирбибот ба даргириҳои ахир дастгир кардаанд. Ба қавли ӯ: “Агар маълум шавад, ки афроди дастгиршуда дар ин амалҳо даст доштаанд бар асоси қонун муҳокима мешаванд.”

Абубакр Содиқ баъдан тасдиқ кард, ки шаш сарбози Толибон дар даргириҳо дар ноҳияи Дара кушта шудаанд. Хабарро бо такя ба ӯ Хабаргузории Исломии Афғонистон нашр кард, ки Толибон мудирият мекунанд. Бар асоси гузоришҳо, дар ҷангҳои Панҷшер даҳҳо сарбозони Толибон кушта шудаанд ва ин ҷангҳо пас аз омадани Толибон ба қудрат дар моҳи август муқовимати чашмгире ба зидди онҳо ба ҳисоб меравад.

Бо гузоришҳо дар бораи даргириҳои тоза ба шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое пайдо шуд, ки ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии Толибонро нишон медиҳанд. Видеоҳое, ки Радиои Озодӣ мустақилона дурустии онҳоро ташхис карда натавонист, нишон медиҳанд, ки Толибон ғайринизомиёнро мезананд ва ба хонаҳои онҳо тир меандозанд. Дар дигар видеоҳо дида мешавад, ҷангҷӯёни Толиб чанд мардро дар канори нақбе як-як тир мезананд ва як размандаи Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро ба қатл мерасонанд.

Изҳори нигаронии Иттиҳоди Аврупо

Гузоришҳо дар бораи озору азият ва қатли ғайринизомиён сабаб шуд, ки Андреас вон Брант, фиристодаи хоси Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон аз вазъ дар Панҷшер изҳори нигаронӣ кунад. Ӯ дар саҳифааш дар Твиттер рӯзи 10-уми май навишт: “Мо барои афроди бегуноҳе, ки ҷон додаанд, азодор ҳастем. Ин вазъият дигарбора ба зарурати ҳокимияти фарогир дар Афғонистон таъкид мекунад.”

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ баъди ишғоли Кобул аз тарафи Толибон дар моҳи августи соли гузашта таъсис ёфт ва чанд ҳафта ба зидди ин гуруҳи тундрав муқовимат кард. Ҷабҳа аз ғайринизомиён ва сарбозони собиқи ҳукумати пешини Афғонистон иборат аст. Онро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони собиқи муҷоҳиддин раҳбарӣ мекунад, ки Панҷшерро ба ҳайси пойгоҳи муқовимат ба зидди неруҳои Шӯравӣ дар солҳои 1980 ва зидди Толибон дар солҳои 90-ум истифода мекард.

"Барои акси Масъуд аз ҷарӣ поён афканданд"

Баъзе аз сокинони вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Толибон онҳоеро, ки ба Масъуд изҳори садоқат мекунанд, азобу шиканҷа додаанд. Як сокини водии Абдулхел, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон як мардеро, ки дар назди лавҳае бо чеҳраи Аҳмадшоҳ Масъуд акс гирифта буд, аз ҷарӣ поён афкандаанд. Ба иддаои ӯ, Толибон ҳамчунин гӯшҳои як ҳамроҳи 16-солаи он мардро буридаанд.

Толибон иддаоҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар бораи боздошту қатли ғайринизомиён дар Дараи Панҷшерро рад мекунанд ва иддао доранд, ки баъди омадани Толибон ба вилоят мардум тарафдори онҳо шудаанд. Ин гуруҳи тундрав чанде пеш видеоеро нашр кард, ки дар он дида мешаванд, сокинони Панҷшер масоили амниятии худро бо Толибон баррасӣ доранд.

Алӣ Майсам Назарӣ, ки умури хориҷии Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро раҳбарӣ мекунад, иддаоҳои Толибонро дурӯғи маҳз номида гуфт, ки Толибон мардумро бо таҳдид дар якҷо ҷамъ овардаанд. Бар иловаи гузоришҳо дар бораи даргириҳо дар Панҷшер ҳамчунин аз қиёмҳо ба зидди Толибон дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бағлон ва Бадахшон гузориш мерасад. Толибон қавл додаанд, ки ҳаргуна қиём дар ин вилоятзҳоро фӯру менишонанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG