Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба пахши видеое аз сӯи Толибон, онҳоро ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кардааст.
Алӣ Майсам Назарӣ, раиси робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимат, шаби гузашта дар "Твиттер" навишт, ки Толибон шуморе аз сокинони Панҷшерро бо таҳдид дар назди дурбин ҷамъ кардааст. Вай аз ин "дурӯғпароканӣ"-и Толибон интиқод кард.
Пеш аз ин Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, бо нашри наворе дар "Твиттер" навишт, шумораи зиёди ба гуфтаи ӯ, "бағоватгарон" (саркашҳо, нофармон) дар ноҳияи Дараи вилояти Панҷшер аслиҳаи худро ба замин гузоштанд ва ба Толибон пайвастанд.
Ин навор баъди он пахш шуд, ки Ҷабҳаи муқовимат гуфт, афродаш пас аз даргирӣ бо Толибон дар минтақаҳои мухталифи Панҷшер чанд узви Толибонро куштаанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид қабл аз ин гуфта буд, ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳе бо номи "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ" дар Афғонистон ҳузур надорад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз сарнагунии ҳукумати президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли гузашта, таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, таъсис ёфт.