Шаби 6 ба 7-уми май дар вилояти Панҷшери Афғонистон миёни сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон ҷанг шудааст.
Масъулони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки онро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбарӣ мекунад, иддао кардаанд, ки ноҳияи Дара дар Панҷшерро аз Толибон озод кардаанд. Толибон иддао доранд, ки “як метр” хоки Панҷшерро аз даст надодаанд.
Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта бар зидди Толибон амалиёт роҳандозӣ шуд ва онҳо дар ин ҷанг пешрафт кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷанг ҳудуди 20 толиб кушта шудааст.
Мавлавӣ Додмуҳаммад, фармондеҳи бахши амниятии Толибон дар Панҷшер даргирӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллиро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, онҳо ҳеч пешравие надоштанд.
Толибон гуфтаанд, онҳое, ки зидди "Иморати исломӣ қиём карданд, кушта шуданд."
Аз Панҷшер хабар мерасад, ки то ҳанӯз даргириҳои пароканда идома дорад. Ҳарду тараф иддао доранд, ки ба ҳамдигар талафоти зиёд ворид кардаанд. Тасдиқи дурустии иддаои онҳо мушкил аст.
Хабаргузории “Омоҷнюз” бо такя ба Ҷавод Соргар, масъули дафтари матуботии истихбороти Толибон навиштааст, ки овозаҳо атрофи ҷанг дар Панҷшерро аз Кӯлоб, Эрон ва Фаронса паҳн мекунанд.
Ин хабаргузорӣ навиштааст, ки Толибон даҳҳо сокини Панҷшерро бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боздошт кардаанд.
Абдулҳамиди Хуросонӣ, ки то чанд моҳе пеш худро масъули амнияти Толибон дар Панҷшер меномид, дар як видеое бо шуморе аз силоҳбадастони худ иддао кардааст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳеҷ коре аз дасташ дар ин вилоят намеояд.
Толибон моҳи сентябри соли гузашта вориди Панҷешр шуданд ва эълон карданд, ки ин вилоятро тасарруф кардаанд. Ин охирин вилояти Афғонистон буд, ки ба Толибон таслим нашуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, онҳо дар кӯҳпояҳои Панҷшер ҳузур доранд ва муқовимат мекунанд. Аз ҳамлаи сарбозони ин Ҷабҳа ба Толибон хабарҳо нашр мешавад, вале огоҳони вазъ мегӯянд, ҳанӯзи ин Ҷабҳа ба як нерӯи баробарвазн бо Толибон табдил наёфтааст ва ба сурати пароканда амал мекунад.