Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонро дар қатли сокинони Панҷшер айбдор карданд. Онҳо рад мекунанд


Ҷангҷӯёни Толиб дар Панҷшер
Ҷангҷӯёни Толиб дар Панҷшер

Як мақомдори Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки аз гузоришҳо дар бораи қатли ғайринизомиён ва бадрафтории Толибон бо онҳо дар Панҷшер нигарон шудааст.

Андреас Вон Брант, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон рӯзи 10-уми май дар Твиттер навишт, ки “Аз гузоришҳо дар бораи куштори ғайринизомиён дар Панҷшер нигарон аст. Мо барои афроди бегуноҳе, ки ҷон додаанд, азодор ҳастем. Ин вазъият дигарбора ба зарурати ҳокимияти фарогир дар Афғонистон таъкид мекунад.”

Аз ин пештар Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд иддао кард, ки бо Толибон дар Панҷшер вориди ҷангҳои шадид шудааст.

Толибон навори боздошти даҳҳо сокини Панҷшерро бо гумони ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз шиканҷа ва куштори ғайринизомиён дар Панҷшер бо дасти Толибон низ нигаронӣ кардааст.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар саҳифааш дар Твитер Толибонро ба наслкушӣ муттаҳам кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки Толибон ба хотири фишор ба сарбозони Ҷабҳаи муқовимат хонаводаҳои онҳоро латтукӯб намуда, ҷавонони бегуноҳро тирборон мекунанд.

Толибон мегӯянд, ягон сокини осоиштаро дар Панҷшер накуштаанд. Абубакри Сиддиқ, сухангӯи волии Панҷшер, дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ иддао дар бораи қатли ғайринизомиёнро рад карда, вале ба дигар хабаргузориҳо гуфтааст, ки чанд ғайринизомӣ дар ноҳияи Дара боздошт шудаанд.

Дар як моҳи ахир аз задухӯрди Ҷабҳаи Муқовимат бо Толибон дар вилояти Панҷшер, Бағлон ва Тахор зиёд гузоришҳо нашр мешавад.

Дар наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао мешавад, ки даҳҳо Толиб дар Панҷшер кушта шудааст.

Толибон низ наворҳое нашр кардаанд, ки гӯё даҳҳо сарбози Ҷабҳаи муқовимат таслим шудааст. Ҷабҳаи муқовимат таслими сарбозонашро рад кард ва гуфт, онҳое, ки боздошт шудаанд, сокинони осоишта ҳастанд.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, ягона нерӯе дар Афғонистон аст, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон зидди ҳукумати ин гурӯҳ садо баланд кард.

Толибон моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд. То кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG