Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон мегӯяд, роҳи 275-метрӣ, ки баҳси наверо миёни Душанбе ва Бишкек ба миён овардааст, "бе ягон баҳс ҳудуди Тоҷикистон аст" ва ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст. Ҷониби Қирғизистон ин роҳро "Торт-Кочо" меномад ва ба иддаои раиси вилояти Бодканд, дар ҳоли ҳозир ба ҳеч кишвар тааллуқ надорад. Раиси Кумитаи замин ҳамчунин гуфт, соли гузашта 81 километри дигари марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян шудааст.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ, рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ду созишномаи асосӣ роҳи 275-метрӣ қаламрави Тоҷикистон аст.
"Ман ҳамчун роҳбари гуруҳи топографӣ чунин изҳор мекунам, ки соли 2009 ин замин аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз аввал то имрӯз бо ду ҳуҷҷат - ҳуҷҷати солҳои 1924-1927 ва соли 1989 корбарӣ рафта истодааст. Бо назардошти ин ду ҳуҷҷати расмӣ ин қитъа бе ягон баҳс ҳудуди Тоҷикистон аст", - таъкид кард Ориф Хоҷазода.
"Роҳи 275-метрӣ" ё "Торт Кочо" бо номи роҳи "Уш-Бодканд-Исфана" машҳур аст. Ин қитъаи замин дар наздикии буриши роҳи Ворух – маркази Исфара ҷойгир буда, ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо Бодканд ва деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро ба ҳам мепайвандад. Деҳаҳои Куктош ва Ортабози Қирғизистон ҳам дар ин ҳудуд ҳастанд. Ҳангоми баҳсу даргириҳо ду тараф ин роҳро мебанданд.
Бар асоси як санад, ки соли 2009 миёни роҳбарони шӯрои амнияти ду кишвар ба имзо расид, Тоҷикистон ин қитъаро ба муҳлати 49 сол ба Қирғизистон ба иҷора дод. Вале Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ин санадро қабул надорад.
ВИДЕОИ НИШАСТИ ХАБАРИИ КУМИТАИ ЗАМИНРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:
Гуруҳҳои топографӣ се моҳ аст, ки вохӯрӣ накардаанд
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, бар асоси протоколе, ки 1-уми майи соли 2021 миёни комиссияҳои аломатгузории марз имзо шуд, гуруҳҳои топографӣ вазифадор шуданд, ки барои муайян кардани хати марз биёртар вохӯрӣ гузаронанд.
Ба гуфтаи Хоҷазода, гуруҳҳои топографӣ то 1-уми октябри соли гузашта 8 маротиба вохӯрӣ гузаронданд, вале баъд аз он ин вохӯриҳо қатъ шуд. Далели ин кор ба гуфтаи раиси Кумитаи идораи замин ин буд, ки аз рӯи навбат бояд тарафи қирғиз даъват мекард. Вале зоҳиран ин кор анҷом нашуд ва ба гуфтаи Ориф Хоҷазода баъд аз 1-уми октябр гуруҳҳои топографии ду кишвар мулоқот накардаанд.
Рӯзи 29-уми январ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар поёни дидораш бо ҳайати Тоҷикистон гуфт, бояд кори ҳайати байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марз, ки ду моҳ пеш қатъ гаштааст, барқарор карда шавад.
Ориф Хоҷазода рӯзи 4-уми феврал гуфт, рӯзҳои наздик вохӯрии роҳбарони гуруҳҳои топографӣ дар назар аст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"81 километри дигари марз муайян шавад"
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин мегӯяд, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 519 километр муайян буд. Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, соли гузашта гуруҳҳои топографӣ "81,19 километр хати лоиҳавиро муайян карданд". Вале Хоҷазода ҷузъиёт надод, ки ин 81 километр марз дар кадом минтақаҳо ҷойгир шудаанд. Ин мақоми тоҷик афзуд, ин қитъаҳои марз "бо назардошти ду ҳуҷҷати расмӣ" яъне ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 муайян шудаанд.
"Дар ҳақиқат баҳс дар вақти кор ҳаст ва ду гуруҳи корӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳам манфиати Тоҷикстон ҳам Қирғизистон ба инобат гирифта, хати сарҳад муайян карда шавад",-афзуд раиси идораи замини Тоҷикистон.
"Роҳи Ворух бар асоси протокол бояд иҷро шавад"
Як баҳси асосӣ дар гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ин роҳи Ворух аст. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти рӯзҳои 1 ва 2-юми майи соли гузашта дар вилояти Ботканд ба мувофиқа расидаанд, ки "то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон" роҳи мошингарди "Хоҷаи Аъло - Ворух"-ро (дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчигай) якҷоя месозанд.
Бино ба изҳороти расмии ҳайатҳои ду кишвар, ин роҳро Тоҷикистон "бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои кишвар" истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.
Вале ин санад то ҳол иҷро нашудааст ва дақиқ нест, ки кай амалӣ мешавад. Рӯзи 29-уми январ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз дидор бо мақомоти Қирғизистон гуфт, "мо ба мувофиқа расидем, ки баъди 8 рӯз ба иҷрои ин протокол шурӯъ мекунем".
Вале имзои ин созишнома ҳоло дар Қирғизистон баҳсро эҷод кардааст. Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми феврал масъалаи марзро бо Тоҷикистон аз ҷумла ҳамин протоколи додани роҳ ба Ворухро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Баъд аз ҷаласаи порлумон Қамчибек Тошиев ба суоли рӯзноманигорон посух дод. Вай гуфт, санад аз се банд иборат аст ва "ба манфиати Қирғизистон тартиб дода шудааст".
Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, масъалаи роҳ ба Ворух "чихеле, ки дар протокол омадааст бояд иҷро шавад. Мо ин санади меъёриро ба имзо расондем ва бояд истодагарӣ карда, иҷроишашро таъмин кунем".
Аломатгузории марз ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.