Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳо, кор, нарх ва барқ. Сокинон аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳанд? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 боз ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 боз ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр ба мардум ва порлумони кишвар паём хоҳад дод. Мақомот нагуфтаанд, ки мавзӯи суҳбати имсолаи Эмомалӣ Раҳмон чӣ хоҳад буд, вале аз ҳоло сокинон мехоҳанд, ӯ ба масъалаи камбуди барқ, ташкили ҷойҳои корӣ ва чигунагии равобит бо ҳамсояҳо, бахусус Афғонистону Қирғизистон, диққат кунад.

Дар паёмҳои гузаштаи президент ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистон эълон карда шудаанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, аммо дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.

Чанде аз сокинон дар гузашта шикоят доштанд, ки раиси ҷумҳурӣ ба мавзӯи дархӯри мардум ё таваҷҷуҳ намекунад ва ё аз дарди дили онҳо огоҳ нест. Ҳоло онҳо аз президент Раҳмон чӣ мехоҳанд? Дар ин видео бинед:

Сокинон аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Матни назарҳоро дар инҷо хонед:

  • “Умед дорам, дар паёми навбатӣ роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ баррасӣ хоҳад шуд. Масъалаҳое, ки муносибати Тоҷикистон ва тоҷиконро бо ҳамсояҳо, пеш аз ҳама бо Афғонистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба як маҷро медарорад. Интизорам, ки масъалаи пешрафти илму техника, тарбияи кадрҳои болаёқат дар мактабҳои олӣ ва ҳам миёна ҳаллу фасл хоҳад шуд.”
  • “Мехоҳам, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми оянда дар бораи додани имтиёзҳои бештар ба занон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо сухан кунад.”
  • “Камбуди ҷойҳои корӣ. Ҷойҳои корӣ бо 800-850 сомонӣ маош ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Нархи маҳсулотро дар бозорҳо бинед, муқоиса кунед. Бо ин маош зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Оилаҳое ҳастанд, ки аз ҳашт нафар иборатанд. Агар ҳамаи онҳо ҷои кор надошта бошанд, чӣ гуна худашонро таъмин кунанд?”
  • “Мардум ҷойи кор ёбанд, бештар ба кор таъмин шаванд ва камбуди барқ ҳалли худро ёбад.”
  • “Нархи бозор ба танзим дароварда шавад. Ҳоло нархи маҳсулот боло рафтааст. Ҳамин масъала ба назар гирифта шавад.”
  • “Дар навбати аввал ба мо арзонӣ даркор аст ва оромиву амонӣ.”

Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зер фаромӯш накунед.

XS
SM
MD
LG