Саида Рустамова, устоди собиқадори мусиқиро дар Тоҷикистон бо як фармони "нодир" аз ҷойи кори пешинааш ронданд. Ба ӯ гуфтанд, ки Паёми солонаи президентро ба порлумон гӯш накардааст ва ба ин далел ҳаққи дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова кор карданро надорад. Ин ҳодиса се сол пеш рух додаву расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ, дар бораи он борҳо навиштаанд.
Муҳим набуд, ки ман кӣ будам, муҳим он буд, ки нисбат ба ман беадолатӣ сурат гирифт.Саида Рустамова
Рустамова фармони аз кор ронда шуданашро беасос медонист ва дар соли 2018 бо талошҳои зиёд дубора ба ҷойи кори пешинааш барқарор шуд.
Ҳоло ӯ ҷузъиёти аз кор ронда шудан ва баъд аз қариб як моҳ дигарбора барқарор шуданашро мӯ ба мӯ қисса кард. Дар воқеъ, барқарории вай низ ба ҷойи кори пешинаш, мисли фармони аз кор ронда шуданаш, камназир аст.
Бист сол таълими мусиқӣ
Ангуштону панҷаҳои дасти Саида Рустамова ба мисли панҷаҳои дасти як мард ва ё як зани деҳқон дуруштанд. Агар досу каланд абзори кори як деҳқон аст, пианинову абзорҳои дигари мусиқӣ василаи меҳнати Саида Рустамова ҳастанд.
"Аз ҳафтсолагӣ ба омӯхтани мусиқӣ оғоз карда, мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоевро хатм намудам. Пас аз хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар Консерваторияи миллӣ таҳсил кардам ва маълумоти дувуми олӣ гирифтам. 11 сол дар мактаби мусиқӣ, 5 сол дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо, 3 сол дар Консерваторияи миллӣ ва 1 сол дар аспирантура таҳсил кардам, ки дар маҷмуъ 20 солро дар бар мегирад. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ба дигарон дарси мусиқӣ медиҳам”, - нақл мекунад Рустамова.
Ӯ мегӯяд, дар Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар мактабҳои мусиқии шаҳри Ваҳдату ноҳияи Варзоб, Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва ҷойҳои дигар низ кор кардаву дарси мусиқӣ додааст.
"Ман шахси эҷодиам. Тибқи Кодекси меҳнат ҳақ дорам, ҳамзамон дар чанд ҷой кор кунам. Як соат дар як мактаб, ду соат дар мактаб ё коллеҷи дигар. Рӯзи оянда дар донишкада ё донишгоҳ. Пештар ҳамин гуна кор мекардам. Аммо баъди он моҷаро дар Коллеҷи хореографӣ ва марги модарам, ки як сол пеш фавтид, ҳамкориро бо ҷойҳои дигар кам кардам. Танҳо дар Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов дарс медиҳаму ба табобати худ ва таълими фарзандон машғулам", -- нақл кард ӯ.
Далели расмӣ: Чаро аз кор ронда шуд?
Ин ҷузъиёти зиндагиашро вай ба хотири он бо тафсил нақл кард, ки замони аз Коллеҷи хореографӣ аз кор ронда шудан, нисбат ба ӯ, ба гуфтааш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ “туҳмату таҳқир” сурат гирифт ва ӯро дар бетахассусӣ ва ноустуворӣ дар фаъолият айбдор карданд. Ин айбҳо аз ҷониби баъзе аз ҳамкорони собиқаш низ садо доданд.
Чӣ иттифоқ афтод ва чаро ӯро аз кор ронданд? Рустамова мегӯяд, ҳамаи моҷаро 22-юми декабри соли 2017 шуруъ шуд. Он рӯз президенти Тоҷикистон чун анъана ба ду палатаи порлумон паём мефиристод. Ва тибқи маъмул ин паём тавассути телевизионҳо пахш мешуд. Роҳбарияти Коллеҷи хореографӣ аз кормандону хонандагон даъват кард, ки дар якҷоягӣ паёмро бубинанд.
"Он рӯз, баъди анҷоми соати кориам ба синфхонае, ки телевизор гузошта шуда буду паёмро онҷо бояд тамошо мекардем, сар задам. Як синфхонаи танг ва як телевизори хурд гузошта шуда буд. Хонандаҳои коллеҷ, ки аксар духтарони навраси наҳифандом ҳастанд, дар як курсӣ сенафарӣ нишаста буданд. Табиӣ буд, ки вақте маро медиданд, ҳатман се нафар аз як курсӣ мехестанду ба ман ҷо медоданд. Нахостам, боис ба нороҳатии кӯдакон шавам, баргаштаму дарро пӯшидам ва ба хона рафтам, чун корам тамом шуда буд", - гуфт Рустамова.
Ба нақли вай, рӯзи 22-юми декабр, соати 2, барои кори муҳиме ба коллеҷ баргашт ва маҳз ҳамин нукта боис ба моҷароҳои баъдӣ шудааст:
Ду фармони зиддунақиз
Ба гуфтааш, роҳбарияти вақти коллеҷ тасмимашро ниҳоят рӯзи 15-уми январи соли 2018 амалӣ кардааст.
Дар фармони аз кор ихроҷ кардани Рустамова омадааст, ки: “Рустамова Саида ... бинобар сабаби қотеъона саркашӣ кардан аз иштирок дар Паём... аз тариқи телевизион дар муассиса дар таърихи 22.12.2017 ... аз таърихи 15.01.2018 аз вазифа ... озод карда шавад."
Амалан ин фармон маънои онро дорад, ки коргарро барои надидани барномаи телевизионӣ аз кор рондаанд.
Вале ӯ пеш аз сар задани моҷарои мазкур аз ин назокати қонунгузорӣ бехабар буд. Вақте хабари фармони аз кор озод шуданашро шунид, дар ибтидо таслими амри роҳбарият шуд ва бо маҳзуниву ноумедӣ онро қабул кард ва дар фикри пайдо кардани ҷойи кори дигар буд. Аммо ҳангоми нақли ин рӯйдод ба яке аз дӯстонаш тасмимаш дигар шуд.
"Бе ҳузури шахсии ман фармони аз кор озод карданам як ҳолати дигари қонуншиканӣ аз сӯи роҳбарияти коллеҷ буд. Вақте ин ҳамаро ба як дугонаам нақл кардам, гуфт, "дар дафтарчаи меҳнатиат доғ мегузорӣ, дигар имкони кор пайдо кардан ҳам кам мешавад. Дар ҳар сурат, ин фармон ғайриқонунӣ аст ва бояд барои бекор шудани он талош варзӣ". Ҳамин ташвиқи дӯстам буд, ки ба фармони ғайриқонунӣ "не" гуфтам ва ба кӯфтани дари мақомоту муассисаҳои болоии давлатӣ шуруъ кардам."
Ба вазири вақти фарҳанг, ба иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, ба додситонӣ барои барқарории адолат муроҷиат кардааст.
Муборизаи Саида Рустамова барои адолатҷӯӣ натиҷа дод. Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа дар рӯзи 13-уми феврали соли 2018 ба вай пешниҳод кард, ки ба ҷои кори пешинааш баргардад.
Сабақе, ки...
Вале баъди барқарорӣ Рустамова ҳамагӣ ним соли дигар дар Коллеҷи хореографӣ кор кард ва ин бор бо хоҳиши худ ариза навишту корро дар он макон қатъ намуд. Ҳамин буд поёни моҷарои аз кор ронда шудан ва дубора барқарор шудани Саида Рустамова, амо мегӯяд, сабақҳое, ки ин моҷаро ба вай дод, то кунун ба дарди ӯву дигарон мехӯранд.
"Ба маҳзи барқарор шудан дар ҷойи кори пешин ба ман Дараҷаи олии тахассус доданд, ки имкониятҳо ва бартариҳои зиёде фароҳам меорад. Муҳим набуд, ки ман кӣ будам, муҳим он буд, ки нисбат ба ман беадолатӣ сурат гирифт. Ҳоло баъзе аз ҳамкорони пешин ва ёру дӯстон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилие ба ман муроҷиат мекунанду машварат мепурсанд. Ба қадри фаҳмишу таҷриба машварат медиҳам”, - мегӯяд Саида Рустамова.