Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон паём дод. Мухолифин: "Аз озодиҳо ва нарх дар бозорҳо нагуфт" ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ аз кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ кард ва мисли дафъаҳои гузашта бештар аз муваффақиятҳо гуфт. Мухолифон бовар доранд, дар паёми имсола ба мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва дину иқтисод ишораи хосе нашуд.

Тоҷикистони бидуни COVID-19?

Нуктаи аз ҳама баҳсбарангези паёми имсолаи раиси ҷумҳур бо итминон сухан гуфтани ӯ дар бораи набудани бемории COVID-19 дар кишвар аст. Изҳори назаре, ки иддае дар Тоҷикистон ва берун аз он бо шубҳа менигаранд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози сол танҳо дар рӯзҳои 2, 5 ва 10-уми январ чанд мавриди сирояти бемории кооронавирусро сабт кардаасту бас. Аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, миқёси гирифторӣ ва талафот аз коронавирус ба маротиб бештар аз он аст, ки вазорат эълон мекунад.

"Барқи кофӣ ҳаст, вале талафот зиёд аст"

Нуктаи дигари баромади раисҷумҳур дар назди вакилон интиқоди шадиди ӯ аз низоми энергетикии кишвар буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барқ дар Тоҷикистон басанда аст, аммо талафот аз он хеле зиёд. Ӯ гуфт, яке аз "камбуди кори энергетикҳои мамлакат ва роҳбарони вилоятҳо дар ҳамин аст. Ба чӣ корҳое даст намезананд", вале дар ин бора бештар тафсилот надод.

Мушкили барқ дар Тоҷикистон яке аз камбудҳои асосӣ гуфта мешавад, ки интиқодҳои зиёдро дар баробари ҳукумат ба миён овардааст. Ҳарчанд мақомот ҳанӯз соли 2017 гуфта буданд, ки лимити барқ "моли таърих" шудааст, соли гузашта дар кишвар дубора маҳдудият ҷорӣ шуд. Мунтақидони ҳукумат мегӯянд, мушкили асосӣ дар низоми энержии кишвар дар набудани мудирияти дуруст аст.

Вокуниши мухолифин ба паёме, ки дуним соат идома кард

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ба ин тартиб, ироаи паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба ду палатаи порлумон беш аз дуним соат идома кард. Дар ҳоле ки мақомот онро муҳим медонанд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як созмони иборат аз гуруҳҳои мухолифин дар Аврупо рӯзи 26-уми январ гуфт:

"Боз ҳамон умумигӯйӣ ва бозӣ бо рақамҳо. Барои мисол, соли 2021-ро бо соли 2014 муқоиса мекунад, вале таъкид намекунад, ки ҳафт сол пеш қурби доллар чанд сомонӣ буд ва ҳоло чанд аст. Иқтисоди кишвар дар муқоиса ба соли 2014-2015 ҳадди ақал 20-25 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар бораи нарх дар бозорҳо, нархи орду гӯшт ва кам шудани даромади мардум ягон чизе гуфта нашуд.”

"Агар дар Тоҷикистон кор ҳаст, чаро муҳоҷирон ба Русия мераванд?"

Ба мисли солҳои гузашта, Эмомалӣ Раҳмон имсол ба масъалаи муҳоҷирон зиёд тамаркуз накард. Ӯ танҳо дар оғози баромадаш гуфт, дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш берун аз варақ гуфт, чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, "агар дар Тоҷикистон кор бошад, муҳоҷирон аз 90 то 100 ҳазор рубли русӣ ё аз 8 то 12 ҳазор сомонӣ дода, ба Русия меоянд? Дар сурате ки медонанд, дар Русия шояд ҳуҷҷат карда натавонанд. Ё ба воситаи Белорус ғайриқонунӣ вориди Русия мешаванд, дар ҳоле ки барои ин кор мумкин аст онҳоро зиндонӣ ва баъдан якумр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кунанд. Агар шароиташон дар Тоҷикистон хуб бошад, онҳо риск карда, дар чунин вазъ ба Русия меоянд?”

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди тоҷик дар ҷустуҷӯйи ҷойи кор умдатан озими Русия мешаванд. Аммо, баъд аз хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар баҳори соли гузашта марзҳо баста ва парвозҳои мунтазам миёни ин ду кишвар қатъ шуданд. Дар тӯли як соли ахир садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонистанд тибқи маъмул худро барои кор то ба Русия расонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон иқрор кардааст, пулфиристии муҳоҷирон дар соли гузашта кам шуда, оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бештар шудаанд. Оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон нисбат ба оилаҳои миёнҳол, бештар ба пули муҳоҷират вобастаанд.

Андози замин ва афви амвол

Нуктаҳои муҳими дигар дар баромади дунимсоатии президент озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин ва афви амвол дар соли равон буд. Андози ягонаи замин яке аз ду андози асосӣ барои кишоварзон мебошад. Тибқи омори мақомот, солона аз ин ҳисоб ба буҷаи Тоҷикистон қариб 200 миллион сомонӣ ворид мешавад. Ахиран баъзе аз соҳибкорон аз тарзи нодурусти ситонидани ин андоз шикоят доштанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, "дар бораи табиат ва вижагиҳои муаммову мушкилиҳо дар раванди иҷтимоиву сиёсӣ, беҳтар шудани муҳити иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аслан чизе гуфта нашуд. Ба таври ошкоро бояд дар ин хусус гуфта мешуд. Замони ироаи паём хеле тӯлонӣ буд, дуним соат. Ин воқеиятҳои иқтисоди миллӣ ва таъсири Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳони муосир ифода намекунад. Дуруст мебуд, агар тақрибан бо 35-40 дақиқа маҳдуд шуда, ба таври мушаххас пешниҳодҳои бештар оид ба беҳтар шудани заминаҳои ҳуқуқӣ ва муҳити сиёсӣ ҷиҳати баргузории интихоботҳои одилона низ гуфта мешуд."

"Ин баёнгари он аст, ки..."

Бар илова, намояндагони мухолифин мегӯянд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳиме чун нарх дар бозорҳо ва озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва динӣ ишорае накардааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, гуфт, "ин баёнгари он аст, ки дар ояндаи наздик барои беҳтар кардани вазъияти озодиҳо барномае надорад. Ин як паёми қолабӣ ва такрорӣ буд ва барои оянда барномаи ҷадид ва ҳарфи наве барои миллат надорад.”

Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. На ҳамеша ин паёмҳо баёнгари вазъи воқеӣ дониста мешаванд ва ба гуфтаи сокинон, на ҳамаи нақшаҳое, ки дар паём эълон мешаванд, ба иҷро мерасанд.

Дар ин видео бинед, ки сокинон кадом нуктаҳоро дар паёми имсола шунидан мехостанд:

Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

XS
SM
MD
LG