Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонеро, ки ба гуфтаи мақомот "шиканҷа не, ҷоду шуда буд", 5 сол зиндонӣ кардаанд


Ҷамшед Ҷумъазода давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард
Ҷамшед Ҷумъазода давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард

Додгоҳи шаҳри Гулистон ҷавонеро, ки ба иддаои модараш "дар пайи шиканҷа дар боздоштгоҳ бемор шуда буд", бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Ҷамшед Ҷумъазода охири тобистони имсол эълон шуда, нусхаи он чанде пеш дастраси Радиои Озодӣ гардид. Модари ҷавон ба раҳоӣ ва ё ҳадди ақал муолиҷаи писараш даъват дорад. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд.

Ҷумъагул Назарова, модари Ҷамшед Ҷумъазода, ҳоло дар яке аз омӯзишгоҳҳои Русия ҳамчун фаррош кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ба сабаби вазъи бади иқтисодӣ натавонист, дар мурофиаи охирини фарзандаш иштирок кунад ва нисбати ҳукми додрас ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

"Писарам соҳиби ду фарзанд аст. Ҳоло ӯ бемории рӯҳӣ дорад. Баъд аз ҳабсаш ба кӯдакон падари солим ва ба ман фарзанди солим зарур аст. Ӯ ба табобат ниёз дорад. Аз духтурон хоҳиш мекунам, ки фарзандамро зери назорат бигиранд. Ҳарчанд ӯ ҷиноят кардааст, додрас бояд вазъи саломаташро ба инобат мегирифт," – афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо иддао кард, ки Ҷамшед Ҷумъазода "то замони боздошт сиҳат буд ва бар асари шиканҷа бемори равонӣ шудааст".

Мақомоти корҳои дохилӣ ва Додситонии вилояти Суғд иддаои модари Ҷамшед Ҷумъазодаро беасос донистаанд. Онҳо гуфтаанд, тафтишот ҳеч қонуншиканиеро ошкор накард.

Ба нақли модари Ҷамшед Ҷумъазода, “сардори СИЗО ҳам гуфт, ба писаратон ҷоду хӯрондаанд. Ман ҳайрон шудам. То ба СИЗО бурданаш нағз буд, ба дасти мақомот афтида, ҷоду шудаст. Латукӯбашро ягон кас ба гардан намегирад.”

Ҷумъагул Назарова
Ҷумъагул Назарова

Дар Тоҷикистон барои шиканҷа то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст, аммо парвандаҳо бо чунин иттиҳом кам баррасӣ мешавад. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, кам шудани муроҷиат ба маънои беҳтар шудани вазъ нест.

Бино бар омори расмӣ соли 2020 дар додгоҳҳои Тоҷикистон 1 парвандаи вобаста ба шиканҷа баррасӣ шудааст.

Шиканҷаи муттаҳамон барои ба даст овардани иқрори онҳо яке аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон мемонад. Созмони Милал борҳо аз ҳукумат хостааст, шиканҷаи гумонбаронро пурра аз байн барад. Мақомот вуҷуди баъзе мавридҳои шиканҷаро рад намекунанд, вале мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинону созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар тасвир мекунанд.

XS
SM
MD
LG