Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз қаллобӣ то ришва. Ба зидди чаҳор афсари милиса дар Кӯлоб парванда кушодаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб ба зидди чаҳор афсари милиса парванда кушода, баъзе аз онҳоро ба додгоҳ фиристодааст.

Ба иттилои расмӣ, афсарони милиса ба қаллобиву камомад, ришвагирӣ ва тасарруфи маблағ гумонбаранд. Назари онҳо ва наздиконашон дастрас нест.

Ҷамшед Гулмаҳмадзода, раиси Идораи зиддифасод дар минтақаи Кӯлоб, ҳафтаи гузашта гуфт, "тафтиши парвандаи сарваколатдори гурӯҳи махсус дар РКД-и Кӯлоб, Зафар Икромов, анҷом шуда, ба суд рафтааст. Вай ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ дастгир шуд."

Ба қавли ӯ, алайҳи Нуриддин Неъматов, муфаттиши Идораи умури дохилии ноҳияи Фархор, бо гумони порагирӣ парванда кушоданд.

Умед Ҳомидов, корманди фаврии Идораи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қаллобӣ ва Ҷумъахон Сафаров, корманди идораи шиносномадиҳӣ дар ноҳияи Муъминобод, барои камомади пулӣ муттаҳам будаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Парванда ба зидди чаҳор афсари милиса дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Соли 2020 дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба 7 маъмури милиса парванда боз карда буданд.

Номи милиса, ҳомии ҳуқуқу масъули тартибот, дар солҳои охир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасоди молӣ ва шиканҷа зикр шудааст. Дар як пурсиши афкори умум, ки соли 2015 Оҷонси зиддифасод анҷом дода буд, таъкид мешавад, сокинони зиёди Тоҷикистон ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва милисаҳоро ба фасодкорӣ гумонбар медонанд.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, аз он замон то кунун, зоҳиран, вазъ тағйири ҷиддӣ накардааст. Ба қавли онҳо, стратегияи ислоҳоти милисаи тоҷик дар он сурат натиҷа хоҳад дод, ки худ риояи қонунро дуруст иҷро кунанд ва маошу даромади расмиашон ба ҳадде боло равад, ки ҷое барои ришвату фасод намонад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2020 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар изҳороте саҳми милисаҳои тоҷикро барои мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишвар муҳим донист.

XS
SM
MD
LG