Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони гумонбарон ба куштори 4 кас дар Ҷайҳун аз шиканҷа мегӯянд, маъмури милиса рад кард. ВИДЕО


Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари яке аз гумонбарон
Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари яке аз гумонбарон

Пайвандони ду шахси гумонбар ба куштани чаҳор узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд. Як маъмури милиса дар ноҳияи Ҷайҳун шикояти онҳоро беасос номид, аммо дар бораи парванда ҷузъиёт надод.

Куштори чаҳор узви як оила рӯзи 12-уми июни имсол дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун рух дод.

Ҳоло бо гумони даст доштан дар ҳодиса Маҳмадғаюр Ҳабибуллоев ва Қиёмуддин Насриддинов, сокинони ноҳияи Ҷайҳунро дастгир кардаанд. Вале на мақомот ва на наздиконашон дақиқ намегӯянд, ки чаро ангушти иттиҳом бар сари ин ду нафар қарор гирифт.

Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада, шикоят кард, ки маъмурони милиса аз ӯ хостаанд, ба зидди шавҳараш гап занад.

"Таъкид карданд, ба гардан гир, ки ҳамроҳи шавҳарат рафта, пушти дар нишастӣ ва дидӣ, ӯ ҳамин ҷиноятро кардааст. Дашном мекунанд, азоб медиҳанд, ки ба калла гир. Дар асл чизеро надидаам, шаби ҳодиса дар хонаи модарам будам", -- нақл кард ӯ рӯзи 9-уми август.

Адолат Шерматова
Адолат Шерматова

Як корманди идораи умури дохилии ноҳияи Ҷайҳун бидуни зикри ном дар суҳбати телефонӣ шикояти наздикони гумонбаронро бепоя хонд ва таъкид кард, ки “ҷузъиёти парвандаро аз додситонӣ пурсед”.

Ин дар ҳолест, ки Адолат Шерматова мегӯяд, “як дафъа бо шавҳарам рӯ ба рӯ карданд. Дар болои биниву даҳон ва пояш пайи латукӯб ҳаст. Куртааш дарида ва пур аз хун буд. Гуфт, ки ман ин корро накардаам".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шикояти наздикони гумонбарон ба куштори чаҳор кас дар Ҷайҳун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари гумонбари дигар Маҳмадғаюр Ҳабибуллоев, мегӯяд, бо сабаби тангдастӣ натавонист барои ҳимоят аз ҳуқуқи фарзандаш вакили мудофеъ (адвокат) бигирад, вале як бор бо ӯ дидор кард. "Писарамро дидам. Ҳар қадар пурсидам, мегӯяд, чизе нагӯед. Пас аз рафтани Шумо боз маро мезананд."

Наворро дар барномаи "Ахбори Озодӣ" дар Ютюб тамошо кунед:

Ба қавли, хонаводаи гумонбарон, онҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостаанд, ки шиканҷа шудани наздиконашонро таҳқиқ карда, ба мушкили онҳо расидагӣ намоянд.

Дар Додситонии кул ҳанӯз дар робита ба ин мавзуъ чизе нагуфтаанд. Шоҳрух Раҷабзода, додситони ноҳияи Ҷайҳун, аз шарҳи парванда худдорӣ кард ва дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "наметавонам дар ин бора маълумот диҳам".

Дар ҳоле ки мақомот пештар мегуфтанд, дар кушодани қазияи қатли чаҳор узви як хонадон дармондаанд, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, рӯзи 4-уми август аз боздошти ду нафар хабар дод. Вай бе ин ки ҷузъиёт диҳад, гуфт, “онҳо фақат гумонбаранд, тафтишот давом дорад."

Пештар як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ВКД гуфта буд, Рамазон Раҳимзода аз кори гуруҳи тафтишотӣ танқид карда, супориши зудтар пайдо кардани гумонбаронро додааст.

Боздошти ду нафар бо гумони куштани Аҳлиддин Маҳмадов бо се фарзандаш дар ҳолест, ки Зикриё, бародари ӯ мегӯяд, нисбат ба боздоштшудаҳо шикояте накардаанд. Вай афзуд, то ба ҳол барои хонаводаашон маълум нест, ки дар ин ҷиноят кӣ даст дорад. "Ба мо чизе нагуфтанд, аз ҳеч чиз хабардор нестем", -- нақл кард Зикриё Маҳмадов.

Аҳлиддин Маҳмадов
Аҳлиддин Маҳмадов

Ҷасади падари 39-соларо бо се фарзандаш бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос, субҳи 12-уми июни имсол дар хонаашон пайдо карданд. Он замон ҳамсару як писараш дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дохилӣ борҳо мақомоти интизомии Тоҷикистонро барои шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурӣ танқид кардаанд. Як намунаи он боздошти Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода аст, ки ба гуфтаи худаш зери шиканҷа иттиҳоми кушторро ба гардан гирифт, аммо пас аз 8 моҳ, баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ, озод гардид.

Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карда, аз ҷумла милисаҳоеро, ки дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров даст доштанд, ҷазо доданд.

Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.

XS
SM
MD
LG