Бо "Толибон" чӣ кунем?
Радиои Озодӣ: Фаромуз, пас аз як соли интихобот дар Тоҷикистон вазъи сиёсӣ хеле зуд тағйир кард. Дар кишвари ҳамсоя "Толибон" ба қудрат омад ва зоҳиран Тоҷикистон намехоҳад, "аморати исломӣ"-ро эътироф ва гуфтушунид кунад. Агар ҳоло президенти Тоҷикистон мебудед, чӣ кор мекардед?
Фаромуз Иргашов: "Воқеан, "Толибон" бо вуҷуди тамоми итминоне, ки медоданд, қудратро ба таври мусаллаҳона ғасб карданд. Бо суқути режими Ашраф Ғанӣ ва омадани онҳо, мардуми Афғонистон дар як масири бидуни интихоб қарор дода шуданд. Ҳаракате, ки то ин дам мардуми Афғонистонро террор мекард, зимоми қудратро ба даст гирифт ва биниши худро аз "аморати исломӣ" ба ҳама гурӯҳҳои дигар бидуни истисно бор кард. Ин ҳаракат ва кишварҳое, ки онро дастгирӣ мекунанд, мехоҳанд, тамоми ҷаҳонро дар рӯбарӯи ҳамин далел қарор бидиҳанд. Ва бо дарназардошти бархӯрди бисёр кишварҳо, аз ҷумла ҳамсояҳои мо, ки дар ҳоли робита барқарор кардан бо "Толибон" ҳастанд, онҳо доранд, муваффақ мешаванд.
Ин максимализми ҷавонӣ набуд. Ман қариб 31-солаам ва худро аблаҳ ё идеалист намешуморам. Ман мехостам нишон диҳам, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҳақ дорад, барои курсии шахси аввал рақобат кунад.
Ман бар инам, ки ташкили ҳар ҳукумате, хусусан низоми давлатӣ бояд бар асоси иродаи мардум сурат бигирад. Қудрат бояд машруъ бошад ва рӯҳияи аксариятро инъикос кунад. Тавре имрӯзҳо мегӯянд, бояд фарогир бошад.
Дар Афғонистон ҷараён комилан баръакси ин аст. Ин раванд бо даргириҳои доимии мусаллаҳона, талафоти ҷамъӣ ва ниҳодина кардани тарсу ҳарос дар миёни аҳолӣ пеш меравад. Албатта, ҷонибдори барқарории равобити хуб бо ҳама ҳамсояҳо ҳастам, аммо дар ин шароит, то таъсиси ниҳоии ҳукумати расмӣ дар ин кишвар ва эътироф шудани он аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо "Толибон" ҳеч гуна музокира намекардам. Фикр мекунам, ин як таҷрибаи хатарбор аст."
Роҳи ҳалли баҳс бо Қирғизистон кадом аст?
Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ҳоло бо Қирғизистони ҳамсоя робитаи хуб надорад. Тавре медонед, баҳсҳои марзӣ бори охир боис ба даргириҳои мусаллаҳона шуд. Кадом роҳи ҳалро меҷустед?
Фаромуз Иргашов: "Равобити Тоҷикистону Қирғизистон воқеан давраи буҳрониро паси сар мекунад. Нокороии сиёсатмадорон, ки натавонистанд роҳи созишро пайдо кунанд, на як бору ду бор сабаби муноқиша ва талафоти инсонӣ шудааст. Ҷоҳталабиҳои сиёсӣ ва майли барои ҳама писанд будан дасти онҳоро дар равишҳои ҳалли ин мавзуъ маҳдуд мекунад.
Фикр мекунам, дар ҳоли ҳозир ягона роҳи муассири ҳалли масъалаи аломатгузории марз таъсиси додгоҳи махсуси ҳакамӣ ва ҷалби Русия ба ҳайси ҳакам аст. Чаро Русия? Манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Русия бо Тоҷикистону Қирғизистон яканд, мутаносибан, қарори ҳакамӣ одилона хоҳад буд. Иҷрои қарори ҳакамӣ барои Душанбеву Бишкек ҳатмӣ хоҳад, ки дар пай таҳримҳо дораду ихтиёрӣ бояд татбиқ шавад."
Радиои Озодӣ: Чунин пешниҳодҳо пеш аз ин ҳам садо доданд, аммо Душанбеву Бишкек ба мудохилаи ҷониби сеюм комилан мухолифанд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, Маскав метавонад, равандро ба хотири манфиатҳои сиёсии худ гардонандагӣ кунад ва худи овардани ҳакам метавонад, далели нокомии роҳбарияти сиёсии ду кишвар бошад...
Фаромуз Иргашов: "Ба назари ман, чунин менамояд, ки агар дар 30 сол ду давлати ҳамсоя натавонистанд, марзҳояшонро муайян кунанд, далелҳои якдигарро ба ҳеч ваҷҳ қабул намекунанд ва дар асл як қадам дур аз ҷанг бошанд, пас, бояд равишро ба таври куллӣ тағйир дод. Бар хилофи ҷоҳталабиҳои сиёсӣ ва айбдоркуниҳо барои нокороӣ, Маскавро бояд ба ин кор ҷалб кард. Дар бойгонии он ҷо ҳама харитаҳои зарурӣ мавҷуданд, ин кишвар ба субот дар минтақаи мо манфиатдор аст, тавсияҳои онро ҳарду кишвар эҳтиром хоҳанд кард, пас, чаро не? Илова бар ин, раҳбарияти Русия борҳо омодагии худро барои миёнравӣ изҳор доштааст. Мо барои ҳалли масъала ё як усули ғайримаъмулро истифода мебарем, ё ин вазъи номуайянӣ моро ба ҷанг бо ҳамсоягонамон тела медиҳад."
Иқтисоди Тоҷикистон кай "зӯр" мешавад?
Радиои Озодӣ: Ба мавзӯи иқтисоди кишваре, ки мушкилаш ҳал намешавад, баргардем. Даромади ками аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷират, набудани сармоягузорӣ, мушкилоте, ки моро аз замони соҳибистиқлолӣ то кунун ранҷ медиҳанд. Барои сабук кардан ё ҳалли ин масъалаҳо чӣ пешниҳод мекардед?
Фаромуз Иргашов: "Ба ин суол мухтасар ҷавоб додан хеле душвор аст, аммо агар ба таври хулоса суҳбат кунем, ҳамаи мушкилоти зикршуда бо ҳам алоқаманданд, агар ҳалқаҳои як занҷир набошанд. Шарти асосии рушди иқтисод
- рақобати солим,
- аз байн бурдани ҳама гуна монополияҳо,
- қоидаҳои ягона барои ҳамаи бозигарони бозор, ки мехоҳанд мунсифона кор кунанд.
Агар шароит барои рақобати солим бомуваффақият фароҳам оварда шавад, ин метавонад на танҳо тиҷорати маҳаллӣ, балки ҷараёни сармоягузориро ба кишвар ҳавасманд кунад. Ва ҳама гуна сармоягузорӣ маънои ҷойҳои нави корӣ ва имкони коҳиши раванди муҳоҷиратро дорад. Бар инам, ки авлавиятбандии воқеии соҳаҳои иқтисод зарур аст. Агар ба сайёҳӣ бартарӣ диҳем, пас, барои ин кумита таъсис додану хароҷоти давлатро зиёд кардан лозим нест, балки маблағро барои беҳтар кардани зерсохтҳои сайёҳӣ, соддагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва тартиби раводид, таъмин намудани имтиёзҳои андоз барои соҳибкороне, ки дар ин соҳа кор мекунанд ва корҳои дигар лозим аст.
Қисман ҳам бошад, фикр мекунам, ки муваффақ шудам. Ҳамчунин нишон додам, ки система ба чунин тасмимҳои шаҳрвандони оддӣ чӣ посух медиҳад. Аммо дар умум, зиндагӣ идома дорад ва ин кӯшиши охирини ман нест.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ - ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ, додани қарз ба деҳқонон бо фоизи паст, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои воридоти баъзе маҳсулот барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ғайра, ниёз аст. Чизи асосӣ, ба фикри ман, барои ҳалли ин ё он проблема ба таври систематикӣ муносибат кардан аст. Тақсимоти буҷет бояд бар пояи барномарезиҳои стратегии давлат сурат бигирад, ки маънои коҳиши ҳадди аксари хароҷот барои ҷашнҳо, сохтмони биноҳои азим ва харҷи бахши давлатиро дорад.
Ва муҳимтар аз ҳама муборизаи бераҳмона бо фасод аст, ки аз гардиши қудрат (ивазшаванда будани ҳукумат) оғоз мешавад. Бовар дорам, ки барои амалӣ кардани ин ҳама ислоҳот иродаи сиёсӣ медоштам."
Шӯхӣ буд ё худозмоӣ?
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо тасмими Шуморо дар рақобатҳои интихоботӣ ҳамчун шӯхӣ ё максимализми ҷавонӣ қабул карданд. Шояд баъзеҳо метарсиданд, дар ҳоле ки дигарон инро ҷиддӣ қабул намекарданд. Замоне ки ин ҳадафи худро эълон кардед, ба чӣ умед мебастед?
Фаромуз Иргашов: "Ин максимализми ҷавонӣ набуд. Ман қариб 31-солаам ва худро аблаҳ ё идеалист намешуморам. Албатта, мефаҳмидам, ки шояд ҳатто сабти ном нашавам. Аммо сиёсат санъати имконот аст ва вазифаи ман бартараф кардани зеҳниятҳои мавҷуде буд, ки шакл гирифтаанд. Ман мехостам нишон диҳам, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо ҳақ дорад, барои курсии шахси аввал рақобат кунад ва мубориза барад. Бигзор қисман ҳам бошад, фикр мекунам, ки муваффақ шудам. Ҳамчунин нишон додам, ки система ба чунин тасмимҳои шаҳрвандони оддӣ чӣ посух медиҳад. Аммо дар умум, зиндагӣ идома дорад ва ин кӯшиши охирини ман нест."
Радиои Озодӣ: Ҳоло бо чӣ кор машғулед ва барои оянда чӣ нақша доред?
Фаромуз Иргашов: “Ҳамчун ҳуқуқшинос кор мекунам, машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳам, ҳама чиз маъмулӣ аст. Аммо аз боварҳои сиёсии худ даст намекашам ва дар оянда ният дорам дар интихоботи порлумонӣ ва президентӣ ширкат кунам."