Як ҳуқуқшиноси ҷавон дар шаҳри Хоруғ гуфт, мехоҳад, дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун номзад иштирок кунад.
Фаромуз Иргашов дар изҳороти видеоӣ эълон кард, ки узви ҳеч ҳизб нест ва ягон иттиҳоду созмони ҷамъиятӣ ҳам номзадии ӯро пешбарӣ накардааст, аммо то ин дам 35 ҳазор имзои ҷонибдоронашро ҷамъ овард, ки "кам нест ва ба як иттиҳод ё созмон баробар буда метавонад".
Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот бояд беш аз 200 ҳазор имзо ҷамъ биорад. Гузашта аз ин, бар асоси қонуни таҳриршуда “Дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон" як нафар мустақилона ё бо роҳи худпешбарӣ наметавонад дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Номзадҳоро Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, Иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд пешбарӣ кунанд.
Фаромуз Иргашов 30-сола аст ва аз соли 2015 то моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Талошҳояш барои роҳ ёфтан ба Маҷлиси Намояндагон дар интихоботи моҳи марти имсол бенатиҷа анҷом ёфтааст.
То соли 2016 танҳо шахсони аз 35-сола боло ҳаққи номзад шудан ба мансаби президенти Тоҷикистонро доштанд, вале дар райъпурсии соли 2016 ин муҳлат то 30-солагӣ поин оварда шуд.
Гуфтугӯи мо бо Фаромуз Иргашов дар бораи қонунмандии чунин талоши ӯ сар шуд.
Қонунро медонам, аммо...
Радиои Озодӣ: Дар банди 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президентӣ рӯшан гуфта шудааст, ки Иттифоқҳои касабаву ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ҳаққи пешбарии номзадро доранд. Ба ин маъно, ки касе ҳаққи худпешбариро надорад. Ин банди қонунро дида будед?
Фаромуз Иргашов: Бо ин банди қонун пурра ошно ҳастам, вале дар Конститутсия чунин мамнӯият нест. Дар он ҷо гуфта нашудааст, ки шаҳрванд ҳақ надорад аз роҳи худпешбарӣ номзад шавад. Пас, ҳар як шаҳрванд ба ин кор ҳақ дорад. Қонун бояд бо Конститутсия мухолифат накунад, чун Конститутсия аз қонун болотар аст.
Радиои Озодӣ: Бубинед, дар Конститутсия гуфта шудааст, шарҳу ҷузъиётро дар ҳар маврид қонунҳои алоҳида танзим мекунанд. Яъне, қонуни алоҳида маълум кардааст, ки ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, дар интихоботи президентӣ иштирок кунад, вале на аз роҳи худпешбарӣ.
Фаромуз Иргашов: Ба ҳар ҳол, дар ҳеҷ ҷой худпешбариро манъ накардаанд. Қонунеро ба ман нишон диҳанд, ки шаҳрванд ҳақ надорад, ба мақоми президентӣ худро пешниҳод кунад. Вақте шаҳрвандро ҳизби сиёсӣ ва маҷлиси вакилони халқ пешниҳод накард, ӯ бояд чӣ кор кунад?
Беэътимодӣ ба маҷлиси вакилон
Радиои Озодӣ: Шумо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳаққи пешбарии номзадро дорад, муроҷиат кардед?
Фаромуз Иргашов: Онҳо дар умрашон номзадии маро пешниҳод нахоҳанд кард. Ба ягон нафарашон бовар надорам, ки манфиати шахсии худро гузошта, ба манфиати шаҳрвандон кор кунанд.
Радиои Озодӣ: Пас, тарафдоронатон киҳо ҳастанд?
Фаромуз Иргашов: Тарафдорони ман бештар ҷавонон ҳастанд ва онҳо маро дастгирӣ мекунанд. Маҳз онҳо ба ноҳияҳо рафтанд ва барои ман имзо ҷамъ оварданд.
Лидерҳои ғайрирасмии Хоруғ аз нигоҳи Фаромуз
Радиои Озодӣ: Дар шаҳри Хоруғ ба истилоҳ "лидерҳои ғайрирасмӣ" ҳастанд, ки дар солҳои гузашта дида шуд, бархе аз сокинон ба гапи онҳо гӯш медиҳанд. Онҳо дар бораи тасмими Шумо изҳори назар карданд?
Фаромуз Иргашов: Не! Ба ман назари онҳо лозим нест. Пайрави онҳо нестам, пайрави мардум ҳастам. Ҳар одам бояд худаш ҳал кунад. Бароям фикри онҳо даркор нест. Ин кор дар сатҳи он лидерони ғайрирасмие нест, ки мегӯед. Ин кор бо тақдири вобаста мардум аст. Қувваи ман мардум аст, халқи оддӣ. Ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, агар панҷ фоизи овоздиҳандагон дастгириаш кунанд, дар интихобот иштирок кунад. Ҳоло ба тарафдории ман 39 ҳазор нафар имзо гузоштанд. Тақрибан ду ҳафтаи дигар мондааст. Дар Федератсияи Русия бо шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон кор ҷараён дорад. Бо созмонҳои ҷамъиятӣ, ки бо муҳоҷирон кор доранд ва асосан онҳо аз ВМКБ ҳастанд. Бовар дорам, миқдори зарурии овозҳоро ҷамъ мекунем. Ҷамъ кардани имзову худпешбарӣ ягон амали зиддиқонунӣ нест. Ин на дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаст ва на дар Кодекси ҷиноятӣ. Чизе, ки мамнуъ аст, фақат дар ҳамин ду Кодекс аст. Ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ки худро пешбарӣ кунад. Мо ҷамъ кардани имзои сокинонро аз ноҳияҳои вилоят сар кардем. Барои ҷамъ кардани имзои сокинони Хоруғ барои мо се рӯз кофӣ аст. Дар ноҳияҳо мушкил буд, ҷамъ кардем, баъдан сокинони вилоятро, ки дар муҳоҷират қарор доранд.
Радиои Озодӣ: Аҳолии вилояти Бадахшон камтар аз 200 ҳазор аст. Шумо бояд бештар аз ин имзо ҷамъ оред, на?
Фаромуз Иргашов: Мақсад аз муроҷиатам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамин хотир буд. Бовар дорам, ки аксар мардуми Тоҷикистон маро дастгирӣ мекунанд.
Панҷ сол орзуи номзад ба президентиро доштам
Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, бисёриҳо шубҳа доранд, ки иштирок дар интихобот тасмими шахсии худи Шумост. То куҷо дар тасмимгирӣ мустақил будед?
Фаромуз Иргашов: Ин тасмимро соли 2016 гирифтам. Худо гуфтам, ки ба 30-солагӣ бирасаму худро пешбарӣ кунам. Дар муроҷиатам гуфтам, ки на бо ҳизби оппозитсионӣ кор мекунам, на бо гурӯҳу ҳаракатҳои сиёсии дигар. Ман худро пешбарӣ кардам. Ҳуқуқшинос ҳастам. Агар ягон қувваи беруна маро пешбарӣ мекарданд, инро мақомоти қудратӣ зуд мефаҳмиданд. Барномаамро худам таҳия кардаам ва ба мардум мефаҳмонам. Ҳафт сол таҷрибаи корӣ дорам. Дар 25-солагиам вакили Маҷлиси вилоятӣ шудам, ки дар таърихи Тоҷикистон ин хел набуд. Системаи мақомоти қудратӣ ва ҳокимияти иҷроияро медонам.
Гила аз баҳонаҳои Комиссияи интихобот
Радиои Озодӣ: Ба комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барои сабти номи худ муроҷиат кардед?
Фаромуз Иргашов: Муроҷиат кардам, баҳона пеш оварданд ва рад карданд. Се рӯз пеш ҳам ба намояндагии Комиссияи марказии интихобот рафтам, баҳона карданд ва аз ман фирор карданд. Як муаллим ҳаст, ҳеҷ пайдо карда намешавад, гӯширо намебардорад. Ман қисме аз ҳуҷҷатҳоро, ба ғайр аз имзоҳо, тариқи почта ба Комиссияи Марказии интихобот фиристодам. Дар ҳукумати вилояту шаҳри Хоруғ, ҳатто 10 рӯз аз пасашон давидам, пеши раисон маро намегузоранд, пеши одамоне, ки бо ин кор масъул ҳастанд, меравам, мегӯянд, мо намедонем, ҳоло сар нашудааст. Ин як фурсати хуб аст. Аввали имсол ман худро дар интихоботи порлумонӣ пешбарӣ кардам. Аз тарафи мақомоти прокуратура, амният ва ҳокимияти иҷроия ба ман монеа эҷод карданд, имзоҳоро аз нав карданд. Гуфтанд, ин ҳуҷҷатро биор, он ҳуҷҷатро биор. Дар охир гуфтанд, ки муҳлатро гузарондӣ. Ҳоло ҳам маро мисли моҳи феврал бозӣ медоранд.
Фаромуз Иргашов: Агар ин бор ҳам монеъ шуданд, чӣ кор мекунед?
Радиои Озодӣ: Дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид бахшҳои дахлдоре ҳастанд, ки шикоят менависам.
Тарс ва фасод
Радиои Озодӣ: Тарс надоред?
Фаромуз Иргашов: Ҳамаи ин масъалаҳоро фикр кардам. Илоҷ надорам. Барои тарсидан илоҷ надорам. Ман мехоҳам, бо фасод, ки реша давонидааст, мубориза барам. Бароям фарқ надорад, ки маро кӣ ва чӣ хел метарсонад. Ман ба қафо баргаштанӣ нестам.
Радиои Озодӣ: Агар гӯянд, ки фасодкориеро исбот кунед, далел доред?
Фаромуз Иргашов: Ман ба камиаш сӣ шаҳрвандро меорам, ки шоҳидӣ медиҳанд, барои гирифтани замин барои манзили зист аз онҳо чӣ қадар маблағ талаб карданд. Барои кам кардани муҳлати ҷазо чӣ қадар пул талаб карданд, барои имзое дар андоз чӣ қадар пул хостанд.
Мардум одами навро қабул мекунанд
Радиои Озодӣ: Яке аз номзадҳои калидӣ дар интихоботи моҳи октябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда аст. Чаро фикр мекунед, мардум на Эмомалӣ Раҳмон ё дигар номзадҳо, балки маҳз Шуморо, ки шояд аксарият бори аввал номатонро мешунаванд, интихоб хоҳанд кард?
Фаромуз Иргашов: Қонун барои ҳама имкониятҳои баробар додааст. Баъд, тибқи барномаи ман бисёре аз салоҳиятҳо ва ҳуқуқи президент бояд ба порлумон дода шавад. Рост аст, ки маро мардум намешиносанд, вале фикр мекунам, мардум одами навро қабул мекунанд. Иҷозат додан ба иштироки ман муаррифии Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи демократӣ хоҳад буд. Барои барқарории обрӯи миллат ва давлат хостам дар интихобот иштирок кунам. Мардум ҳақ дорад, интихоб кунад, ё накунад. Ман чизеро аз даст намедиҳам.
Радиои Озодӣ: Ҳамзамон бовар надоред, ки Шуморо интихоб мекунанд?
Фаромуз Иргашов: Агар воқеъбин бошем, шансҳои ман кам ҳастанд, лекин бояд хушбин бошем. Ба худ бояд бовар дошт. Бовар дорам, ки маро мардум интихоб хоҳанд кард.
Эътироф
Радиои Озодӣ: Ин бовар аз куҷост?
Фаромуз Иргашов: Бартарии ман дар он аст, ки дар сатҳи поин бо сатҳи зиндагии мардум шинос шудаам ва аз миёни мардум ҳастам. Ман ба мардуми одӣ такя мекунам. Барои мардуми одӣ лозим шавад, дар як рӯз маро мешиносанд. Бо барномаи ман шинос шаванд, ҳатман дастгирӣ мекунанд. Чун ман сидқан беҳбудии зиндагии онҳоро мехоҳам.
Радиои Озодӣ: Ҳарфҳое, ки мегуед, шиорҳоест, тақрибан ҳама номзадҳо ва солҳо боз такрор мекунанд.
Фаромуз Иргашов: Мо тарзи бархӯрдро дигар хоҳем кард. Мисол, фишори маъмулиро дур кунем, худи ҷомеаро ба мубориза бо фасод ҷалб кунем ва шӯрои ҳамоҳангсозӣ созмон диҳем, вазъ дигар хоҳад шуд. Усули мубориза бо фасодро дигар кардан даркор. Фасод таҳдид ба сохтори конститусионии мо мебошад. Ба ғайр аз ин, эътироф мекунам, ки таҷрибаи ман кам аст, вале як нафар ҳама корро наметавонад бикунад ва бояд кордонҳоро ҷалб кард. Вазифаи президент ҳам ҷалб кардани кордонҳо ҳаст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!