Президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то ин дам, дар чаҳор интихобот (як дафъа барои панҷ сол, се бор ҳафтсолӣ) иштирок карда, ба эълони масъулони Комисcияи марказии интихобот, ҳамеша ба рақибонаш пирӯз шудааст.
Баъзе аз рақибон ғалабаи ӯро зери суол гузоштаанд, вале бахши дигар пайваста шикасти худро дар баробари ӯ эътироф кардаанд. Дар ин ҷо мебинем, ки онҳо кӣ буданд:
Ин нахустин интихоботи президентӣ аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон) барои дарёфти мақоми раёсати ҷумҳурӣ вориди сабқат шуд. Ӯ аз соли 1992 то 1994 ҳамчун раҳбари Шӯрои Олии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Нахуствазири пешин дар дувумин интихоботи президентӣ, пас аз эҳёи мақоми раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, номзадиашро гузошт. Мақомот мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон) бо тақрибан 60 дарсади раъй пирӯз шуд, аммо Абдуллоҷонов ҳамвора гуфтааст, таносуби раъйҳо баръакс ва ғалаба моли ӯ буд. Вай пас аз сабқати президентии соли 1994 аз кишвар хориҷ шуд. Ҳоло 71-сола аст ва дар Амрико кору зиндагӣ мекунад. Дар оғози соли 2013 бар асоси дархости Тоҷикистон ва тавассути полиси байналмилалӣ ё Интерпол дар Украина боздошт шуд ва пас аз ду моҳ раҳо гардид.
Интихобот дар замони ҷанги шаҳрвандӣ баргузор шуд. Натиҷаҳои он аз тарафи рақиб зери шубҳа гузошта шуданд.
Ин интихобот баъд аз ду соли имзои Созишномаи сулҳ ва поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Бо сабаби мавҷуд набудани шароитҳои ҳадди ақал барои гузаронидани интихоботи демократӣ САҲА онро назорат набурдааст.
Пеш аз интихобот ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карданд ва муҳлати президентиро аз як дафъаи панҷсолӣ ба як дафъаи ҳафтсолӣ дароз карданд.
Номзадии ӯ аз тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ дар он интихобот беш аз 2 дарсад овоз гирифт. Давлати Усмон дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, «бохти мухолифон ба далели иштибоҳи раёсати наҳзати исломӣ рух дод, ки то лаҳзаҳои охирин интихоботи соли 1999-ро таҳрим карда, рӯзи интихобот ин таҳримро шикастанд.» Баъд аз он ӯ сафи ҳизбро тарк кард. Давлати Усмон дар соли 1992 дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ба унвони ноиби сарвазир фаъолият кардааст. Солҳои ҷанги дохилӣ Сардори Ситоди нерӯҳои мухолифин дар Афғонистон буд. Соли 1998 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозитсиюн вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 2000 дар ин вазифа кор кардааст. Номзади улуми сиёсӣ аст ва як муддат дар Академияи илмҳои Тоҷикистон коор кардааст.
Дар интихоботи президентии соли 1999 номзад шуд, вале ба марҳилаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд. Ӯ рӯзи 30-юми майи соли 2020 дар 75-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан аз ҷаҳон гузашт.
Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон) бо 97,6 дарсади раъйи интихобкунандаҳо пирӯз эълон шудааст.
Нахустин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст, ки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ба он назорат кардааст. Бино ба гузориши ниҳоии созмон, дар интихобот камбудҳои зиёд роҳ дода шуда, алорағми ҳузури 5 номзад он ғолибан берақобат буд.
Нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро шаффофу демократӣ номиданд. Пеш аз ин интихобот, соли 2003, ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд ва бинобар он муҳлати президентӣ аз як давраи 7-солӣ ба ду давраи 7-солӣ дароз гардид. Яъне, ба номзади пирӯз ҳақ дода шуд, ки ду дафъа пайиҳам дар интихобот иштирок кунад ва дар сурати ғалаба, дар маҷмуъ, чаҳордаҳ сол дар қудрат бимонад.
Номзадиаш аз тарафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Ин ҳизб дар остонаи интихобот ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Мирҳусейн Назриев ва дигареро Абдуҳалим Ғаффоров роҳбарӣ доштанд. Вазорати адлия ҷиноҳи Ғаффоровро расман эътироф кард ва ҳузурашро дар интихобот таъмин намуд. Ӯ дар сабқати сиёсӣ 2,8 дарсад раъй ба даст овардааст.
Раиси Ҳизби аграрӣ ва муовини раиси Академияи кишоварзии Тоҷикистон, баъд аз як соли номнавис шудани ҳизбаш дар Вазорати адлия вориди корзори сиёсӣ шуд. 5,15 дарсад раъй гирифтааст. Амир Қароқулов моҳи марти соли 2014 дар 72-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.
Муовини раиси Ҳизби коммунист ва вакили порлумон бори аввал дар интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок кард ва 5,23 дарсад раъйро соҳиб шуд. Баъдан, дар моҳи июли соли 2016 раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд ва моҳи декабри ҳамон сол дар 61-солагӣ даргузашт.
Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ баъд аз як соли сабтином шудани ҳизби зери раҳбариаш номзад ба мақоми президент пешбарӣ шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, ӯ 6,2 дарсад овоз гирифт. Ӯ дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи марти 2020 аз мансаби раиси Ҳизби ислоҳоти иқитсодӣ канор рафта, бознишаста аст.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки дар интихоботи президентии соли 2006 Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон), номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 79,3 дарсад овоз гирифт.
Моҳи апрел вазири пешини саноат ва соҳибкори шинохта Зайд Саидов аз тасмими таъсиси Ҳизби Тоҷикистони Нав хабар дод, аммо дертар ӯро бо гуноҳи қаллобӣ, чандҳамсарӣ ва айбҳои дигар ба муддати тӯлонӣ ҳабс карданд. Наздикону тарафдоронаш мегӯянд, боздошту ҳабси ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба хулосаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистон дар фазои осоишта доир шуд, аммо ба меъёрҳои интихоботи демократӣ ҷавобгӯй набуд.
Раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, дафъаи дувум дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзад шуд ва 55 ҳазору 516 ё 1,48 дарсад овоз гирифт.
Муовини раиси Ҳизби коммунист ва вакили порлумон бори дувум довталаби курсии президенти Тоҷикистон шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, ӯ 184 ҳазору 653 ё 4,93 дарсад раъйи мардумро соҳибӣ кард. Исмоил Талбаков моҳи июли соли 2016 раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд ва моҳи декабри ҳамон сол дар 61-солагӣ даргузашт.
Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон маротибаи дувум дар интихоботи президентӣ иштирок кард. Ба иттилои расмӣ, 143 ҳазору 231 ё 3,82 дарсад овоз гирифтааст. Ӯ дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи марти 2020 аз мансаби раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ канор рафт. Бознишаста ва ба илм машғул аст.
Раиси Ҳизби демократ бори аввал ба мансаби президенти Тоҷикистон номзад шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ 39 ҳазору 334 ё 1,05 дарсад овози интихобкунандаҳоро дар ин сабқат соҳиб шудааст.
Муовини раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон бори аввал вориди ин сабқат шуда, 168 ҳазору 313 ё 4,49 дарсад раъй гирифтааст.
Номзадии ҳуқуқдони шинохта ва раиси пешини намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, аз сӯи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (иборат аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ) пешбарӣ шуд. Ӯ нахустин зан аз Тоҷикистон аст, ки ба ин мақом номзад шуд, вале ба марҳилаи асосӣ роҳ наёфт. Мақомот гуфтанд, ӯ натавонист 210 ҳазор имзои заруриро барои сабтином кардан дар КМИРТ ҷамъ биорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистон озод, шаффоф ва одилона набуд. Танҳо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ ин интихоботро демократӣ номиданд. Ба иттилои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 84.23 дарсад раъй гирифтааст.
Барои иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон 5 нафар номзад шудаанд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум дар ин сабқат қувва меозмояд. Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад. Рақибони ӯ дар интихоботи моҳи октябр раҳбарони чаҳор ҳизби сиёсӣ ҳастанд, ки онҳоро барои пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ танқид мекунанд.
Ҳизби сотсиал-демократ, ки дар ҳоли ҳозир ягона нерӯи мухолиф дар дохили Тоҷикистон дониста мешавад, интихоботи президентиро таҳрим кард. Ин интихоботи нахустини президентӣ аз замони баста ва мамнуъ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст. Чанде аз аъзои пешини раёсати он ба зиндон маҳкум ва бархе аз раҳбаронаш дар Аврупо ва кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.
Раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва узви порлумони Тоҷикистон бори севум довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ аст. Ӯ дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ номзад буд, аммо аз се дарсад зиёд раъй нагирифт. 69-сола аст ва се дафъа вакили порлумон интихоб шудааст.
Бори дувум довталаби мансаби раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуд, вале Кумисюни марказии интихобот гуфт, ки ба сабаби мушкил дар санадҳояш ӯро номнавис накард. Дар интихоботи соли 2013 беш аз як дарсад раъй ба даст оварда буд.
Аз соли 2017 раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Бори аввал номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд. 72-сола аст. Дар гузашта ҳамчун сардори шуъбаи 6-уми Вазорати корҳои дохилӣ дар Кӯлоб ва сардори Раёсати Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Хатлон кор кардааст.
Бори аввал номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод шуд. 60-сола, раиси Ҳизби аграрӣ ва аз соли 2010 вакили порлумон аст. Як муддат узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Солҳои 2013-2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор кардааст.
60-сола аст ва бори аввал ба мансаби президенти Тоҷикистон номзад пешниҳод шудааст. Аз оғози соли 2020 раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аст ва аз соли 2015 ба ин тараф вакили Маҷлиси Намояндагон мебошад.
Ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мехост, аз роҳи худпешбарӣ ба интихобот роҳ ёбад, вале дертар гуфт, ба сабаби ҷамъ наовардани имзои зарурӣ аз идомаи мубориза даст кашид. Пайдо шудани ӯ дар интихобот якрангии ин маъракаи сиёсиро то ҷое аз байн бурд.
Ба камияш се нафар талош карданд, бо роҳи худпешбарӣ вориди корзор шаванд. Қонунҳои кишвар ин аслро барои интихоботи президентӣ пешбинӣ накардаанд.