Брюс Панниер, таҳлилгари Радиои Озодӣ
УЗБЕКИСТОН
"Ман 15 рӯз аст, ки изҳороте нашр накардаам. Зеро ҳар изҳороти сиёсии ман умри модарамро панҷ сол кам мекунад. Ашки волидон бароям гарон меуфтад. Зарур нест, ки курсии президентро бо ин роҳ ба даст орам. Аз ин рӯ, аз тимам узр мехоҳам, тасмим гирифтам, ки аз сиёсат дур шавам", - навишт Ҷаҳонгир Отаҷонов рӯзи 10-уми июл дар канали худ дар Instagram.
Номзадҳои воқеии мухолиф, ки дар интихоботҳои президентии Узбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пешбарӣ мешаванд, бояд ба монеаҳои бузурге дар роҳи худ омода бошанд. Мансабдорони баландпояи кунунии минтақа ба одамони дорои ақидаҳои нав бартарӣ намедиҳанд ва барои аз байн бурдани рақибони номатлуби худ дар интихобот аз нерӯҳои амниятӣ, додгоҳӣ ва баъзан авбошон рӯйирост истифода мекунанд.
Ҷаҳонгир Отаҷонов моҳи декабри соли гузашта хабар дод, ки ба овозхонияш хотима медиҳад, чун ба гуфтаи ӯ "ба қонунҳои шариат муғойират дорад". Сипас дар чанд изҳороти ғайримунтазира эълон кард, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри 2021 аз тарафи ҳизби сабтнашудаи “Эрк” номзад мешавад. “Эрк” тақрибан сӣ сол боз вуҷуд дорад, вале расман сабтином нашудааст. Аз ин нигоҳ, Отаҷонов ва ҳизби “Эрк” аз оғоз шонс ё имкони иштирок дар интихоботро надоштанд.
Президенти ҳозираи Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, бори дувум дар интихобот иштирок мекунад. Ҳарчанд борҳо гуфтааст, ки ба кишвар ҳизбу номзадҳои воқеии оппозитсионӣ заруранд, ӯву ҳукуматаш зоҳиран ба ин фикранд, ки ҳоло барои ин кор фурсати муносибе нест.
Раиси пешини Донишгоҳи Тирмиз, Хидирназар Оллоҳқулов барои иштирок дар интихобот ҳизби нави "Ҳақиқат ва тараққиёт"-ро созмон дод, аммо Вазорати адлия сабтином накард.
Отаҷонов ва Оллоҳқулов ба монеаҳои дигар рӯ ба рӯ шуданд. Аввал шахсони номаълум дар маҷлисҳо ба муҳокимаи барномаҳояшон халал расонда, аз ҳарду хостанд, сиёсатро канор гузоранд. Дувум, полис мошини Отаҷоновро мусодира кард. Вақте дар ин бора дар Инстаграм гузориш дод, мақомот инро тафтиш карданд, ки шарҳи навиштааш таҳқир дорад ё не. Ин дар ҳоле буд, ки чанде пеш таҳқири президенти Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиноят шумурда шуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Оллоҳқулов дар даромадгоҳи биное, ки зиндагӣ мекунад, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Чанд сол пеш ба зидди Санҷар Умаров, раҳбари эътилофи "Узбекистони офтобӣ", ки соли 2005 нияти номзад шуданашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълом карда буд, парванда кушоданд. Дере нагузашта ӯро бо гуноҳи азхудкунӣ, саркашӣ аз пардохти молиёт ё андоз ва қонуншиканиҳои дигар ба 11 сол зиндон маҳкум карданд.
Умаров дар пайи фишорҳои байналмилалӣ соли 2009 аз маҳбас озод шуд. Ҳоло дар Амрикост.
ТОҶИКИСТОН
Метавон гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба рақибони сиёсии худ "сахтгиртар" ҳастанд.
Соҳибкори шинохта Зайд Саидов аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Ҳамин ки ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро созмон дод, мақомот фавран ба зидди ӯ маъракаи бераҳмонаи бадномкуниро оғоз карданд.
"Тоҷикистони нав" барои сабтином дар аввали моҳи апрели соли 2013 муроҷиат кард, аммо Саидов ба таври возеҳ изҳор дошт, ки ният надорад дар интихоботи президентӣ (охири ҳамон сол баргузор шуд) ширкат карданӣ нест. Ин ҳарфҳо ҳеч таъсире надоштанд.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия моҳи майи соли 2013 алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми қаллобӣ ва бисёрзанӣ парвандаи ҷиноӣ кушод. Хонаашро низ кофтукоб карданд.
Рӯзномаи порлумонии “Садои мардум” навишт, ҳизбҳое ба мисли “Тоҷикистони нав” барои ҳимоят аз манфиатҳои шахсони алоҳида таъсис дода шудаанд. Нашрия Саидовро барои ҷамъоварии кумак ба Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-97 низ муттаҳам кард.
Дертар иттиҳоми азхудкунӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва таҷовуз ба номус ба парвандааш ворид шуд. Пас аз ҳашт моҳ Саидовро дар мурофиаи пӯшида ба 26 сол зиндон маҳкум карданд. Дертар ба ин ҳукм се соли дигар илова шуд. Зайд Саидов ва пайвандонаш ҳукмро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ хонданд.
Пас аз эълони ҳукм вакилони мудофеи Саидов ва аъзои оилааш таҳти таъқиб қарор гирифтанд. Яке аз адвокатҳои ӯ, Шӯҳрат Қудратов, бо иттиҳоми қаллобӣ ва ришваситонӣ ба 9 сол зиндон маҳкум шуд. Амволи Саидовро ҳабс карда, баъзе наздиконашро аз хонаҳояшон ронданд.
Ҳамин “тактика” дар охири соли 2015 барои манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба зиндон андохтани баъзе аз раҳбаронаш истифода шуд.
ҚАЗОҚИСТОН
Акежан Кажегелдин аз соли 1994 то 1997 сарвазири Қазоқистон буд. Вай пас аз як моҷаро бо президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, аз вазифа рафт.
Кажегелдин ният дошт, дар интихоботи президентие, ки ба моҳи декабри соли 2000 таъин шуда буд, номзадии худро пешбарӣ кунад. Аммо дар моҳи октябри соли 1998 Назарбоев ҷаласаи пӯшида баргузор кард ва дар ҷараёни он пешниҳод карданд, муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол дароз карда шавад. Дере нагузашта Кажегелдин аз Қазоқистон фирор кард ва дигар барнагашт.
Номзади дигари эҳтимолӣ дар Қазоқистон Алтинбек Сарсенбайули, вазири иттилоот ва сафири ин кишвар дар Русия буд. Дар байни мардум маҳбубият дошт.
Сарсенбайули моҳи апрели соли 2005 ҳизби оппозитсионии "Нағиз Ак Жол"-ро таъсис дод ва ният дошт, охири ҳамон сол дар интихоботи президентӣ рақиби Назарбоев шавад. Дертар аз Жармахан Туякбай пуштибонӣ кард, ки чандин гурӯҳҳои оппозитсионӣ ӯро номзади худ медонистанд.
Сарсенбайули моҳи феврали соли 2006 кушта шуд. Ҷасади ӯ, муҳофиз ва ронандаашро дар канори роҳ дар наздикии шаҳри Алмато ёфтанд. Дасти онҳо ба пушт баста ва аз сарашон тир хӯрда буданд.
ҚИРҒИЗИСТОН
Қирғизистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки интихоботи демократӣ баргузор мекунад, аммо ҳатто дар онҷо низ баъзе номзадҳои оппозитсионӣ ба мансаби президент ба мушкил дучор омадаанд.
Феликс Қулов дар солҳои 90-ум дар вазифаҳои ноиби президент, вазири амнияти миллӣ, волии вилояти Чуй ва шаҳрдори Бишкек кор кардааст. Ӯ бештар Аскар Акаевро танқид мекард, ки то моҳи марти 2005 президенти Қирғизистон буд.
Соли 1999 дар рӯзномаҳои давлатӣ мақолаҳо пайдо шуданд, ки Қулов нақшаи сарнагун кардани Акаев ва ё ҳатто қасди куштани ӯро дорад. Тафтишот оғоз ёфт ва моҳи апрели соли 1999 Қулов аз мақоми шаҳрдорӣ истеъфо дод. Вай ҳизби сиёсии худро бо номи "Ору номус" таъсис дод ва маълум буд, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2000 иштирок карданист.
Пеш аз сабтиноми “Ору номус” ба қонунгузории интихоботи Қирғизистон тағйирот ворид карданд, ки бино бар он ҳизбҳо бояд ҳадди ақал як сол пеш аз интихобот сабтином шаванд. Ҳизби Ҷунбиши Демократии Қирғизистон ба Қулов иҷоза дод, ки номзадии худро пешбарӣ кунад, вале таҳқиқи парвандаи ӯ идома ёфт. Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки ҳамчун волии Чуй тақрибан 62 ҳазор долларро азхуд карда, ҳамчун вазири амнияти миллӣ барои гӯш кардани телефонҳои чанд мансабдори давлатӣ таҷҳизот ба даст овардааст ва як воҳиди махсуси зери назораташ қасди куштани Акаевро дошт.
Рӯзи 22-юми март Қуловро ҳангоми табобат дар беморхона бо иттиҳоми фасод дастгир, вале моҳи август ғайричашмдошт “сафед” карданд. Дар моҳи январи соли 2001 додгоҳи низомӣ Феликс Қуловро ба суистифода аз мақом дар вақти вазири амнияти миллӣ будан гунаҳкор донист ва ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Замоне ки Акаев дар “инқилоби лолаӣ” дар моҳи марти соли 2005 аз мансаб ронда шуд, Қулов аз зиндон озод гардид.