Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси Иззат Амонро ду моҳи дигар дароз карданд


Иззат Амон, раҳбари "Маркази тоҷикон" дар Русия буд
Иззат Амон, раҳбари "Маркази тоҷикон" дар Русия буд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳлати боздошти Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду моҳи дигар дароз кард.

Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Наздиконаш ин иттиҳомро беасос медонанд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи сешанбе, 25-уми май аризаи муфаттиши ӯро дар бораи тамдиди муҳлати тафтиши парвандаии ӯ барои ду моҳи дигар қонеъ кард. Ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст.

Муҳаммадюсуф Холов, писари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тамдиди муҳлати боздошти падарашро тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, онҳое, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло теъдодашон афзоиш ёфтааст.

Қаблан Муҳаммадюсуф Холов раванди тафтишотро танқида карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.

Ҷонибдорони Иззат Амон парвандаи ӯро сохта медонанд ва бар ин назаранд, ки “даъвогарон” зери фишор нисбат ба ӯ баёнот додаанд.

Гуруҳе аз муҳоҷирон тоҷик аз боздошти Иззат Амон ба хашм омада, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.

XS
SM
MD
LG