Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони ҳамкорони Иззат Амонро дар Тоҷикистон бозпурсӣ кардаанд


Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав
Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав

Як ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия мегӯяд, мақомоти интизомии Тоҷикистон барои фаъолиятҳояш наздикони ӯро зери фишор қарор додаанд. Намояндагони мақомот ин иддаоро рад накарда, гуфтанд, "муҳоҷирон дар Русия ба кори худ машғул бошанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯрандозӣ накунанд".

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва корманди "Маркази Тоҷикон" дар Русия, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (УБОП) падар ва ҳамсари ӯро даъват намуда, таъкид кардаанд, ки ӯ ба ватан баргардад.

Ҳамчунин, пайвандони панҷ корманду фаъолони созмони "Маркази Тоҷикон" дар Русия, ки сарварии онро то ба Тоҷикистон истирдод шуданаш Иззат Амон раҳбарӣ мекард, мегӯянд, наздикони онҳоро низ Раёсати мубориза бо ҷинояҳои созмонёфта даъват намуда, аз онҳо забонхат гирифтаанд. Аммо мақомоти милиса мегӯяд, ҳадафи ин даъватҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ буда, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани афроди муайян дар Русия аст.

"Фишор ба хотири он, ки ба Тоҷикистон баргардам"

Бахтовар Ҷумъаев ба Радиои Озодӣ гуфт, падари ӯро аз шаҳри Панҷакент ба Душанбе даъват карда, муддати як рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштаанд. Вай гуфт, ҳамсараш донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои пойтахт аст ва ӯро ҳам даъват кардааанд.“Ин ҳама ба хотири фишор болои ман аст, ки ман ба Тоҷикистон баргардам”-, мегӯяд Ҷумъаев. Вай гуфт, рӯзи 10-уми май бо намояндагони мақомоти интизомӣ тамос гирифта, ба онҳо дар масъалаи даъвати падараш суҳбат кардааст, ки чунин бархурд, яъне бо истифода аз волидон фишор овардан амали ғайриқонунӣ ва нодуруст аст.

Бахтовар Ҷумъаев гуфт, баъд аз бурдани Иззат Амон ба Душанбе баъзе манбаъҳо ба ӯ иттилоъ додаанд, то рӯзи 1-уми май ӯро ҳам ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ва аз ин рӯ аз қаламрави Русия берун шудааст: “Ҳоло андаке вазъият беҳбуд ёбад, боз ба Маскав бармегардам”-, гуфт ӯ. Дар ҳоли ҳозир ба мисли Бахтовар Ҷумъаев ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони созмони “Маркази тоҷикон”дар Русия пас аз бурда шудани Иззат Амон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

"Барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?"

Наздикони онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҷумла пайвандони Идибек Ҳасанов, Суҳроби Ҷаҳон, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов, Бахтовар Ҷумъаев мавриди бозҷӯии қарор гирифта ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта- УБОП даъват шуда мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Маҳмадюсуф писари Иззат Амон гуфт, ин афродро ба хотири ҳамкорӣ бо падараш дар созмони “Маркази тоҷикон” мехоҳанд ба Тоҷикистон оранд. Ҳатто гуфта мешавад, ки дар парвандаи Иззат Амон номи бархе аз онҳо зикр шудааст. Тавре наздикони онҳо мегӯянд, дар вақти пурсиши мақомоти умури дохила маълум шудааст, ки гуё маълумот дар бораи пайвандони онҳоро Бахши намояндагии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Русия ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта пешниҳод кардааст.

Муҳиддин Маҳмудов масъули намояндагии Вазорати корҳои дохила дар Русия рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин иддаои пайвандони онҳо асосе надорад ва онҳо ҳеҷ маълумотеро алайҳи шаҳрвандон ба мақомоти Душанбе пешниҳод накардаанд.

Аммо як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба сабаби салоҳияти сухангӯйӣ надоштанаш номаш зикр нашавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати пайвандони онҳо барои қазияи Иззат Амон нест. Вай гуфт, вақте онҳоро даъват мекунанд фақат мехоҳанд, ки ба фарзандашон дар Русия расонанд, ки ба кору касби худ машғул шаванд: “Агар донишҷӯ аст, ба таҳсил машғул бошад, агар ҳуқуқшинос бошад кори ҳуқуқии худро анҷом диҳад, барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?”, суол гузошт ин мансабдор.

"Суратҳои ҳамроҳ бо Иззат Амонро нест кунад"

Дар робита ба суоли Радиои Озодӣ, пас чаро ҳангоми пурсиши наздикон талаб карда мешавад, ки фарзандашон ба Тоҷикистон биёяд, ин мақомдор гуфт, ки ин гуна талаб карда нашудааст ва ӯ дар ин бора хабар надорад.

Суҳроби Ҷаҳон яке аз ҳомиёни ҳуқуқи “Маркази тоҷикон” рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони ӯро ҳам як ҳафта қабл ба Раёсати мубориза бо ҷинояҳои созмонёфта даъват намуда, забонхат гирифтаанд ва гуфтаанд, ки агар ӯ донишҷу аст ба таҳсилаш идома диҳад: “баъди шунидани ин ҳолат сахт дар ташвиш шудам, кормандони мақомот аз наздикони ман забонхат гирифтаанд. Гуфтаанд, ки агар хонданӣ рафта бошад, ба таҳсилаш машғул шавад дар шабакаҳо суратҳое, ки ҳамроҳи Иззат Амон гузоштааст, нест кунад. Дар як навори видеоӣ аз Бобои Дона аз хиёнаткорҳо ҳимоят кардааст, кур карда партояд”.

Наздикони Идибек Ҳасанов, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов низ гуфтанд, ки мақомоти умури дохила онҳоро даъват намудаву забонхат гирифтаанд. Тавре пайвандони онҳо мегӯянд, як сабаби талош барои ба Тоҷикистон овардани ин нафарон, аз ҷумла Бахтовар Ҷумъаев ба боздошт ва ба Тоҷикистон бурда шудани Иззат Амон рабт доштааст. Аммо Бахтовар Ҷумъаев мегӯяд, сабаб танҳои Иззат Амон нест, дар моҳи ноябри соли гузашта низ кормандони милисаи шаҳри Панҷакент падари ӯро ба шӯъба даъват намуда, мавриди пурсуҷӯ қарор дода буданд. Ба қавли Бахтовар телефони дастии падарашро тафтиш карда, аксаран дар бораи фаъолияти ӯ суол шудааст.

Кормандони дигари “Маркази тоҷикон” ҳам мегӯянд, қабл аз Тоҷикистон истирдод шудани Иззат Амон наздиконашон ба мақомот даъват шуда пурсуҷӯ шуда буданд.

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон "пайдо шуд".

Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ӯро ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор кард. Дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам аст. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ-гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Ҳоло ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе нигоҳ медоранд. Писараш, Муҳаммадюсуф Холов, мегӯяд, 20 рӯзи охир имкони мулоқот бо падарашро надорад.

Кормандони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки раҳбарии онро феълан Сӯҳроби Ҷаҳон ба уҳда дорад, гуфтанд, марказ пурра кор мекунад ва ҳамарӯза тақрибан то 15 муҳоҷири тоҷик бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG