Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик ҳангоми кор дар "Хатлон синамо" ҷон додааст. АКС


Маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди тоҷик
Маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди тоҷик

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷикро, ки дар синни 69-солагӣ ва ҳангоми кор дар утоқи студияи филмсозии “Хатлон синамо” ҷон дод, нисфирӯзии 16-уми май дар оромгоҳи маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе дафн карданд.

Ӯ дар даҳҳо филми ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлол нақш офаридааст.

Муҳиддин Назарзода, як тан аз ҳамкорони Назирмад Мусоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ шоми рӯзи 15-уми май ҳангоми садо додан дар як филми “Хатлон синамо” дар шаҳри Душанбе ҷон додааст. Ба гуфтаи Назарзода, Назирмад Мӯсоев бо вуҷуди шом шудан талош мекунад, ки корашро пурра анҷом диҳад.

“Ҳангоме, ки дубляжи як филми “Хатлон синамо”-ро тамом мекунад, мегӯяд, ки меъдааш сахт дард дорад ва як дору барояш биоранд. Вақте барои дору мераванд ва то меоянд, ки ҷон додааст.”,--гуфт ӯ.

Қурбон Собир, ҳунарманди тоҷик ва яке аз дӯстони Мӯсоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳеҷ беморие шикоят надошт, вале сабаби маргаш сактаи қалбӣ гуфта мешавад.

“Ӯ ҳунарманде набуд, ки гӯем, фалон нақшаш хуб буд ва фалон нақшаш хуб набуд. Ҳама корҳояш хуб буд. Меъёри ҳақиқати бознигарӣ дар ҳама корҳояш буд. Метавонист, филм чандон хуб набошад, ё филмнома хуб набошад, аммо ҷое, ки ӯ нақш меофарид, ҳама кор хуб буд.”,--гуфт ӯ.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, Назирмад Мӯсоев соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро хуш дорад” ("Я ей нравлюсь") маъруф шуд.

“Ӯ ба синамои мо ҳамчун як чеҳраи киноӣ ворид шуданд. Чеҳра ва садои зебояшон коргардонҳоро мафтун карда буд. Дар солҳои истиқлол ҳам хеле фаъол буд. Ҷавонҳо ҳамеша ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекарданд. Беғараз буданд. Ҳатто нархи нақшофариро намепурсид. Аз ӯ касе ҳарфи нохуб нашунидааст. Ҳамеша табассум дар лабаш буд. Ҳар рӯз сари кор меомад ва дар кинову дар театр фаъол буданд.”,--гуфт Сафар Ҳақдодов.

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, корманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.

Намоишномаҳои “Панҷ зани Хоҷа Насриддин”, “Тарма”, аз ҷумлаи саҳнаҳои театрӣ буданд, ки дар ду соли ахир ӯ дар онҳо нақш бозидааст.

Дар як соли ахир бештар аз даҳ ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузаштанд. Сабаби фавти бархе аз онҳоро таъсири коронавирус низ номиданд.

XS
SM
MD
LG