Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Менигарему меравем". Ёде аз Ҷӯрабеки Назрӣ, донишманд ва овозхони тоҷик. ВИДЕО


Ёде аз Ҷӯрабеки Назрӣ-донишманд, овозхон, падари меҳрубон ва инсони хушмуомила.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:35 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ҷӯрабеки Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди саршиноси тоҷик, рӯзи 24-уми майи имсол, як моҳ пеш аз он ки ба синни 74 бирасад, аз илтиҳоби шуш даргузашт. Ӯро дар паҳлӯи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд.

Масрур Назриев, писари Ҷӯрабеки Назрӣ мегӯяд, "ин оромгоҳи бузургони миллати тоҷик аст. Аксари шахсиятҳо аз ҳамнишинони падари бузургворам буданд ва дар ниҳоят дар ин макон паҳлӯи ҳам хок шуданд."

Бемористон ва "Захираи Хоразмшоҳӣ"

Рӯзҳои охирини Ҷӯрабеки Назрӣ дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе гузашт. Тақрибан ду ҳафта бо ҳамсару фарзандон дар ин бемористон бистарӣ буд. Мунира Назриева, ҳамсари Ҷӯрабеки Назрӣ он рӯзҳоро чунин ба ёд овард: "Дар аввал вазъашон он қадар хуб набуд. Баъд хуб шуданд. Камтар хӯрок мехӯрданд. Дар бораи баъзе масъалаҳои корӣ ҳам гап мезаданд."

Ҷӯрабеки Назрӣ дар бистари беморӣ аз нақшаҳо ва барномае сухан мегуфт, ки қарор буд дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон анҷом бидиҳад. Вай дар яке аз сабтҳои охирин дар бемористон гуфтааст: "Мо дар 10 ҷилд "Захираи Хоразмшоҳӣ"-и Имом Исмоили Ҷурҷониро тайёр мекунем. Ба кириллӣ баргардондем. Бисёр асари бузургу барҷаста аст. Ҳоло нав 10 ҷилд тайёр кардем."

Баҳси ганҷина

Аммо умр вафо накард, то Ҷӯрабеки Назрӣ баргардони ин асари арзишмандро барои тибби тоҷик ба анҷом расонад ва муаррифӣ кунад. Вай ба унвони раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз соли 1991 то поёни умр корҳои арзишманду мондагореро анҷом додааст. Замони ҷанги дохилӣ обрӯву эътибораш дар ҷомеа боис шуд, ки гаронбаҳотарин осори хаттиву фарҳангиро аз тороҷ шудан ҳифз кунад.

Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, "бахусус шахсияти хушноми вай боис шуд, ки ганҷинаи бисёр гаронбаҳоро аз офату газанди берунӣ ҳифз кунад. Ва тамоми донишмандоне, ки дар ин боргоҳ кор кардаанд, дар хотироти худ, дар мақолаҳои худ, ба ин нукта ишора кардаанд."

Дар гузашта худи Ҷӯрабеки Назрӣ ҳам дар мусоҳибае чунин гуфта буд: "Мешинохтанд, ҳеч кас озорам намедод. Нисфи шаб ҳам меомадам. Боре як гуруҳ бебасарон омада ин чизу чораро мебинанд, маъқулашон мешавад ва мегӯянд, ки мебарем. Худам расида омадам ва гуфтам, ин кори зиштро ин ҷо накунед, маркази илм аст."

Дастхатро чӣ гуна ёфтанд?

Дар соли 2007 Ҷӯрабеки Назрӣ барои 10 сол аз раёсати Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттӣ канор рафт. Он замон овоза шуд, ки ӯ дастхатеро аз китоби “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш фурӯхтааст. Ниҳодҳои зирабт ду бор ганҷинаи ин дастхатҳоро тафтиш карданд, вале дастхати нодир баъдан пайдо шуд.

Ҷӯрабеки Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик дар яке аз субатҳояш дар ин бора гуфта буд, ки "пеш аз раисии ман, замони директори институт будани Абдулғанӣ Мирзоев, худораҳматӣ Алиқул Девонақулов барои истифода гирифта буданд. Ва кори хайр ҳам карданд. Китобро ба табъ расонданд. Китобро гирифта, дар хона истифода кардаанд. Вақте аз кор рафтам, атрофи номи ман фитнаҳо барангехтанд, бечораро маҷбур кардаанд, ки бигӯяд Ҷӯрабеки Назрӣ китобро фурӯхт, лекин ростиро завол нест. Баъд аз фавташ китобро ёфта оварданд."

Дар замони раёсаташ дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улум Ҷӯрабеки Назрӣ аз манобеи мухталиф дастхатҳои нодирро ҷамъоварӣ кардааст. "Дастхатҳои қадимиро аз ҳар кас дар заминаи дӯстӣ гирифтам. Аз хонум Гулрухсор тақрибан 300 нусха. Аз Аҳрор Мухторов нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангӣ, ки солҳои 50-60 аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон ҷамъ оварда буд. Пулашро аз дигар ҷо ёфта додам. Метавонистам, ин нусхаро гирифта, ба хонаи худам барам, вале ин корро накардам", - нақл карда буд ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ.

Аз "Наводир-ул-вақоеъ" то "Бадоеъ-ус-саноеъ"

Кормандони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттӣ давраи раёсати Ҷӯрабеки Назриро барои илми таърихнигорӣ ва шинохти мероси хаттӣ дар Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунанд.

Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ гуфт, "аз муҳимтарин корҳое, ки дар солҳои ахир пажӯҳишгоҳи мо анҷом дод, нашри ду ҷилд аз китоби “Наводир-ул-вақоеъ” буд, зери назари Ҷӯрабеки Назрӣ ва куллиёти Сайидои Насафӣ дар 700 саҳифа, осори Шамсиддини Шоҳин дар 3 китоби ҷудогона, ҳам девони ашъораш, ҳам маснавиҳояш, ҳам “Бадоеъ-ус-саноеъ” ба таври ҷудогона мунташир шуданд."

Ҳамнишинӣ бо Аҳмад Зоҳир

Ҷӯрабеки Назрӣ дар даҳаи солҳои 70-уми қарни гузашта ба сифати мутарҷими низомии Шӯравӣ дар Афғонистон фаъолият дошт. То он замон ба сифати ҳунарманд дар кишвар шинохта шуда буд. Ӯ аз ҷумлаи он ҳунармандони тоҷик аст, ки бо Аҳмади Зоҳир, овозхони фақиди Афғонистон, иқболи ҳамнишинӣ ва дӯстӣ доштанд. Ҳатто таронаҳое низ бо ҳам дар маҳофили хурд сурудаанд.

Шаҳриёр Назриев, писари Ҷӯрабеки Назрӣ мегӯяд: "Вақте дар Афғонистон будем, сесола будам. Дар ёд дорам, ҳангоми бозгашт як асбоби мусиқиро падарам аз Аҳмад Зоҳири бузург туҳфа оварданд. Падарам мегуфтанд, як ситори дигар буд, вале ба хотири боз баргаштан онро наоварданд".

Ҷӯрабеки Назрӣ мактаби хоси сарояндагии худро дошт ва дар ин мактаб даҳҳо шогирдонро тарбият кард ва онҳо дар ин ҷода муваффақ шудаанд. Ҷумъахон Сафаров, ҳунарманди тоҷик, гуфт, Ҷӯрабеки Назрӣ ҳунар ва овози нотакрорашро қурбонии илм кард. "Ҳарчанд дар илм бисёр муваффақ шуданд, олими барҷаста ва узви вобастаи Академияи илмҳо буданд, мардум ҳеч гоҳ ҳунари он касро фаромӯш накарданд", - афзуд ӯ.

"Вақте ӯ "шаҳд" мехонд..."

Ҷумъахон Сафаров бахши фарқкунандаи Ҷӯрабеки Назриро дар ҳунар чунин баён кард: "Устод дар хондани шаҳд муваффақтарин буданд. Шаҳдро ҳамин хел мехонданд, ки хоҳӣ, нахоҳӣ ихтиёр аз даст мерафт ва ба дунёи он кас ворид мешудӣ."

Ҷӯрабеки Назрӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии Шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Чанд сол раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Се соли ахир мудири Маркази мероси хаттӣ буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG