Раҳмондӯсти Қурбониён, яке аз ҳунарпешаҳои шинохта ва ҳаҷвнигори тоҷик рӯзи 5-уми март даргузашт. Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Раҳмондӯсти Қурбониён, ки аз саратони рӯда ранҷ мекашид, дар Шифохонаи рақами 5 дар Душанбе, ки бо номи “Медгородок” маъруф аст, вафот кардааст.
Ба гуфтаи онҳо, ӯро се рӯз пеш бинобар бад шудани вазъи сиҳатиаш дар шифохона бистарӣ карданд. Бародараш Саидқул Раҳмонов рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳмондӯсти Қурбониён чанд моҳ пештар ба бемории СОVID-19 низ гирифтор шуда буд. Ҳунарпешаи шинохта, ки солҳои ахир дар театри “Оина” кор мекард, бо иҷрои нақше дар филми “Ситораҳои сари танӯр”-и коргардон Сайф Раҳимзода Афардӣ шуҳрати зиёде пайдо кард ва яке аз ибораҳояш сари забони мардум шуд.
Раҳмондӯсти Қурбониён 77 сол дошт ва дар Тоҷикистон дар баргузор кардани ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ ба мисли Наврӯз ва истиқлол саҳми зиёде гузоштааст ва унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дошт.
Аҳли ҳунар ва зиёиёни тоҷик, даргузашти ҳунарпешаро талафот азиме барои фарҳанг дар Тоҷикистон номиданд. Убайдулло Раҷабов, мудири театри “Оина”, ки ҳамроҳ бо ҳунарпеша солҳои дарозе кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмондӯст инсони наҷибу самимӣ буд ва бо дӯстону ҳамкорон муносибати нек дошт ва марги ӯ як талафоти сангин барои ҳам театр ва ҳам кинои тоҷик аст.
Ӯ афзуд: “Вай ба андозае одами хуб буд, ки номаш Раҳмонқул буд, мо ӯро Раҳмондӯст номидем ва ин номро ба ӯ ҳамчун унвони одамияташ додем. Вай парвардаи устодони бузурги театру кино аз ҷумла Бурҳонов, София Туйбоева, Низом Нурҷонов ва устодони дигари соҳибном буд. Баъдтар вай коргардони дастаи ҳунарии Зафар Нозимов буд ва баъди он ба театри мо омад ва дар инҷо бештар дурахшид. Дар филми машҳури Сайф Раҳимзод, “Ситораҳои сари танӯр” яке аз нақшҳои калидиро бозид. Дар ибтидо Сайф Раҳимзод маро барои иҷрои ин нақш даъват кард, азбаски бо корҳои театри Оина машғул будам, натавонистам қабул кунам ва Раҳмондӯстро пешниҳод кардам, зеро медонистам, вай аз уҳдаи иҷрои ин нақш мебарояд.”
Ҷонибеки Асрориён, таърихшинос, дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки ҳафтае пеш ба аёдати Раҳмондӯсти Қурбониён рафта буд. Ӯ гуфтааст: “Ҳич гумон набурдем, ки мубталои дарди муҳликест. Хандаҳои базебаш барҷо буд... На танҳо барои дӯстон, балки талафоти вазнин аст барои санъати тоҷик марги Устод Раҳмондӯст.»
Қарор аст, ӯро имрӯз дар оромгоҳи Лучоб дар канори Душанбе ба хок супоранд. Дар муддати бештар аз як моҳи ахир Раҳмондӯсти Қурбониён саввумин ҳунарпешаи шинохта аст, мефавтад. Аз ӯ пештар, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдуразоқов ва Фотима Ғуломова ҳунарпешаву коргардонҳои маъруфи Тоҷикистон даргузаштанд.