Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохтаи тоҷикро, ки дар 57-солагӣ даргузашт, рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Ваҳдат дафн карданд. Дар маросими видоъ бо ӯ аҳли ҳунари Тоҷикистон гирд омада, набуданашро талафоти азиме ба бахши фарҳанги кишвар донистанд.
Сабаби расмии марги ҳунарманд эълон нашудааст. Ба қавли пайвандон, ӯ бештар аз ду моҳи охир бемор буд ва дар шифохонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе табобат мегирифт. Баъзе аз дӯстони наздикаш гуфтанд, ду ҳафтаи охир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.
Ортиқи Қодир, ҳунарманди театр гуфт, Қурбоналӣ барои он дар дили мардум ҷой ёфт, ки маънисаро буд ва бо сурудҳояш ҳамеша мардумро ба некӣ даъват мекард.
"Як лаҳза ҳеч аз ёдам намеравад. Вақте Бозор Собир аз Амрико омада буд, дар толори Иттифоқи нависандаҳо шаби эҷодияш доир шуд. Дар ҳамон ҷо Қурбоналӣ суруди “Аз хоки Ватан дар дили ман гӯри падар монд”-ро бо тамоми эҳсос, бо тамоми вуҷудаш тараннум кард, ки на танҳо муаллиф, балки тамоми аҳли толор гиристанд. Мушоҳида мекардам, устод Бозор аз оғози суруд то ба анҷом ашкашро боздошта наметавонист", -- гуфт Ортиқи Қодир.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Пайвандонаш гуфтанд, Қурбоналӣ Абдуллоев нақшаҳои зиёде дошт, вале ҳамаи онҳоро бо худ бурд. Холааш Мастура Зиёева ба Радиои Озодӣ гуфт, "Қурбоналӣ ният дошт, ки имсол ба Ҳаҷ равад."
Қурбоналӣ Абдуллоев солҳои охир дар Русия мезист ва баҳори имсол ба Тоҷикистон баргашта, эълон кард, ки саҳнаи ҳунарро тарк кардааст, аммо ба қавли дӯстонаш ин роз ниҳон монд, ки оё аз касеву чизи дилозурда шуда буд ва ё барои чунин тасмим далели дигаре дошт.
Яке аз фарзандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз саҳна дур шудан тасмими худи падарам буд ва мо низ напурсидем, ки чаро чунин кардааст, вале фикр мекунам ягон сабаби ҷиддӣ надошт."
Абдуллоев бештар бо иҷрои сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст. "Қишлоқаки ман", "Чашмам масти ту бошад", "Душанбе", "Лайло", "Санамо", "Аввалин ишқам ту будӣ" ва "Чеҳраи хаёл" аз таронаҳои маъруфи ҳунарманд ҳастанд.