Қиёмиддин Чақалов, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷикро рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳи деҳаи Сари Мазори ноҳияи Файзобод ба хок супурданд. Ӯ дар 76-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, Чақалов дарди рӯда дошт, аммо яке аз дӯстонаш бовар дорад, ки "ӯро сактаи дил аз пой афтонд".
Барои видоъ бо Қиёмиддин Чақалов дар ноҳияи Файзобод дӯстону ҳамкорон, ҳунармандону шогирдон ва пайвандонаш ҷамъ омада буданд. Ҷӯрабек Муъмин, яке аз дӯстони Қиёмиддин Чақалов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ то лаҳзаи охирини умр "ханда дар лаб ҳазлу шӯхӣ мекард".
"Қариб якуним моҳ дар ду бемористон хобид. Рӯдаҳояш печида буд. Табобат карданд. Ҳатто вазири тандурустӣ омад. Рӯзи якшанбе якҷо нишастем, суҳбат кардем. Худро нағз ҳис мекард. Ба фикрам, аз сактаи дил фавтид, чунки аз дарди дил шикоят дошт", -- афзуд Ҷӯрабек Муъмин.
Мақомоти тандурустӣ иллати марги ӯро расман эълон накардаанд. Пайвандонаш дарди дил доштани ӯро рад намекунанд.
Қиёмиддин Чақалов беш аз чиҳил сол дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор кардааст. Нақши охиринро ду сол пеш дар ҳамин театр бозид ва аз саҳна канор рафт.
Ҳунарманд Ортиқи Қодир мегӯяд, Қиёмиддин Чақалов бо сабаби беморӣ ва "баъзе нобасомониҳои рӯзгор" аз саҳна дур шуд, "вале роҳбарияти театр пойфишорӣ кард, ки ӯ аз театр наравад, чун дар баъзе намоишҳо нақши асосиро ба уҳда дошт".
Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди театру кино буд, аммо театр саҳнаи аслии ҳунарнамоии ӯ ҷилва мешавад. Ба гуфти ҳамкорони собиқаш дар театри Лоҳутӣ, дар бештар аз 100 саҳна нақш офаридааст, ки дар аксари он саҳнаҳо иҷрокунандаи қаҳрамонҳои асосӣ буд.
Ортиқи Қодир мегӯяд, Қиёмиддин Чақалов бештар дар жанри мазҳака муваффақ буд: "Дар жанри мазҳака дар намоиши "Садо аз тобут"-и драмнавис Абдулло Қаҳҳорӣ нақши асосиро бозӣ мекард. Қиёмиддин дар ин саҳна бо Аслӣ Бурҳонов "дублёр" буд. Бубинед, Қиёмиддинро коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов бо Аслӣ Бурҳонов дар як радиф гузошта буданд."
Ҳамкасбон аз Қиёмиддин Чақалов ҳамчун ҳунарманде ном мебаранд, ки ҳамеша ҳаҷву хушсуханӣ дар забонаш буд, чӣ дар саҳна ва чӣ берун аз он. Аъзами Розиқ, ки худро аз шогирдони марҳум медонад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Қиёмиддин Чақалов ҳамчун устод ва роҳнамо дар муносибат бо ҳунармандони ҷавон бисёр самимӣ буд.
Қиёмиддин Чақалов дар саҳнаи синамо ҳам дурахше дошт. Дар филмҳои "Ашк ва шамшер", "Ҷазира", "Муҷассамаи ишқ", "Сароби хунин" ва чанд филми дигар яке аз нақшҳои асосиро иҷро кардааст.
Ин ҳунарпеша 28-уми апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, факултаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1975 то бештар аз ду соли қабл аз маргаш дар театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дошт.
Аз ӯ 8 фарзанд, чаҳор писар ва чаҳор духтар мондааст.