Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Иззат Амон гуфт, "саломатии падараш хуб нест"


Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов
Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов

Наздикони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад, мегӯянд, вазъи “саломатии ӯ хуб нест”.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш соли гузашта гирифтори бемории коронавирус шуда буд ва то ҳол аз дардҳое, ки зоҳиран аз таъсири сирояти коронавирус пайдо шуда буданд, азият мекашад.

“Худашро хуб ҳис намекунад. Пештар дар озодӣ ҳам аҳволаш чандон хуб набуд. Аз фишорбаландиву дардҳои дигар азият мекашад”,--гуфт ӯ.

Муҳаммадюсуф падарашро охири ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дидааст.

Ӯ гуфт, намедонад, ки падарашро табибе муоина кардааст, ё на.

“Ҳоло ду адвокат гирифтем, ки аз ҳуқуқҳои ӯ ҳимоя кунанд. Адвокатҳо масъалаи муоинаи ӯро низ дар миён мегузоранд”,--афзуд ӯ.

Ҷонибдорони Иззат Амон дар хориҷи кишвар мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯ шиканҷа шудааст. Писараш мегӯяд, дар чеҳраи падараш ҳеҷ осори шиканҷа надидааст.

Мақомот то ҳол дар бораи вазъи саломатии Иззат Амон, ки рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд ва чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд, маълумоти расмие нашр накардаанд.

Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд.

Ӯ раиси “Маркази тоҷикон” аст ва пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони онҳо ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси шикояти як шаҳрванди кишвар боздошт шуд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин иттиҳомро нодуруст хонда, талаби раҳоии Иззат Амонро доранд.

Бархеи дигар, ки наворҳояшон дар саҳифаҳои наздик ба мақомоти тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ба ҷонибдорони Иззат Амон вокуниш карда, боздошти ӯро кори дуруст медонанд.

XS
SM
MD
LG