Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ, ки рӯзҳои 9-11-уми апрел дар Алмаатои Қазоқистон доир мешавад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқа иштироккунандагон барои охирин роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио мубориза хоҳанд бурд ва онҳое, ки ба финал мебароянд, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио мушарраф мешаванд.
Ба иттилои Федератсияи миллии гуштини Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил аст: Муҳаммад Икромов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (125 кг) – ҳама дар риштаи гуштии озод, Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг), Шероз Очилов (67 кг), Ҳабиб Зуҳуров (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг) – оид ба гуштии «классикӣ» ё юнониву румӣ.
Қаблан мусобиқаи интихобии олимпӣ барои варзишгарони Осиё мебоист соли 2020 дар Чин баргузор мешуд. Аммо бо сабаби вазъи душвор дар пасманзари пандемия мусобиқа ба Бишкек (Қирғизистон) гузаронида шуд.
Баъдтар ба ташкили мусобиқа дар пойтахти Қирғизистон низ "мӯҳр зада шуд". Ташкилоти ҷаҳонии гуштӣ (UWW) қарор кард, ки оғози рақобатҳоро ба соли 2021 мавқуф гузорад ва муддати тӯлонӣ ин сана танҳо моҳи апрел ва бидуни шумора буд.
Баъдтар маълум шуд, ки мусобиқаи интихобӣ дар Алмаато аз 9-ум то 11-уми апрел доир мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ роҳхатҳои олимпӣ гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки фавран рӯзи дигар, 12-уми апрел, қаҳрамонии Осиё дар Алмаато оғоз меёбад. Ҳамин тариқ, гуштигирони кишварҳои Осиё имкон доранд, ки бидуни тағйир додани макони худ ду маротиба рақобат кунанд. Мусобиқот рӯзи 19-уми апрел хотима меёбад. Варзишгарони тоҷик низ дар қаҳрамонии Осиё дар Алмаато иштирок хоҳанд кард.
Зимнан, то ҳоло ягон нафар аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ) ба Олимпиадаи Токио роҳхат нагирифтааст. Аз Тоҷикистон то имрӯз ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки тобистони имсол дар Токио баргузор мешавад, мушарраф шудаанд.