Хуруҷи бемории COVID -19 дар канори коҳиши ҳаҷми тиҷорати миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамзамон ба қатъи фаъолияти чаҳор бозори наздимарзӣ шудааст. Ин амр дар зиндагии сокинони минтақаҳои наздимарзии ду кишвар мушкилотеро дар пай доштааст.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 19-уми феврал, ки дар бораи фаъолиятҳои иқтисодии кишвар ва пайёмадҳои номатлуби хуруҷи бемории COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, ки баста шудани марзҳо бо кишварҳои минтақа ба додугирифти маҳсулот миёни кишварҳои ҳамсоя низ асар гузоштааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, соли гузашта коҳиши ҳаҷми додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон низ мушоҳида шуд.
Ба гуфтаи вазир “гардиши савдои хориҷии байни Тоҷикистон ва Ҷумҳури Исломии Афғонистон дар соли 2020 70 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам 69,7 дарсади ҳаҷми табодули колои миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли гузашта аст”.
Завқӣ Завқизода афзуд, ки соли гузашта Афғонистон аз Тоҷикистон асосан нерӯи барқу семент ва обҳои маъданӣ харидорӣ мекард. Соли гузашта замоне, ки дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ вуҷуд дошт, ширкати “Барқи тоҷик” содироти онро ба Афғонистон комилан қатъ накарда буд. Ин амр боиси норозигии бархе аз сокинони Тоҷикистон шуд, аммо мақомот идомаи интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояро ба далелҳои фаннӣ зарур унвон мекарданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки хуруҷи бемории ҳамагир аз соли гузашта ба қатъи фаъолияти чаҳор бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон шудааст. Ин бозорҳо умдатан дар ноҳияҳои наздимарзии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва аз як сол ба ин сӯ онҳо дигар фаъол нестанд.
Қатъи фаъолияти ин чаҳор бозори наздимарзӣ барои сокинони ин минтақаҳо бетаъсир намондааст. Ба гуфтаи Нуралӣ Саидӣ, тоҷири афғон, бештаре аз ҳамтоёнаш бинобар баста шудани бозорҳои наздимарзӣ тиҷорат ва даромади худро аз даст додаанд. Сокинони рустоҳои наздимарзии Афғонистон бо мушкили дастрасӣ ба маводи ниёзи аввалия рӯбарӯ шудаанд.
Нуралӣ Саидӣ гуфт, баста шудани бозорҳо дар марзи Тоҷикистон масири тҷиорати ӯро тағйир дод. Ӯ мегӯяд, пештар дар як моҳ 3 мошин хӯрока барои ин бозорҳо меовард, ҳоло дар якуним моҳ як мошин бор меорад. “Аз худи Қазоқистону Тоҷикистон анвои гуногуни ғизоро меовардем. Ҳоло маҷбурам маҳсулоти хӯрокаро ба ин бозор аз Дубай биоварам”, афзуд ӯ.
Бештаре аз минтақаҳои марзии Афғонистон асосан ба молу колои аз ҷониби Тоҷикистон вобастаанд. Махсусан, фасли зимистон онҳо роҳе ба дигар минтақаҳои кишварашон бидуни убури марзи Тоҷикистонро надоранд. Бозорҳои наздимарзӣ ягона роҳи ҳалли мушкили дастрасии сокинони ин минтақаҳо ба ғизову маҳсулоти мухталиф аст.
Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ки хуруҷи бемории COVID-19 ба арсаҳои мухталифи иқтисоди кишвар таъсири баде гузоштааст. Дар робита ба қатъи фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ ҷаноби Раҳматзода мегӯяд, ки ин як амри муваққатӣ аст. “Дар вазъияте, ки бояд миёни саломативу марг интихобе кард, мақомот тасмими дурусти қатъи фаъолияти ин бозорҳоро гирифтанд. Дуруст аст, ки барои сокинон мушкилоте эҷод шуд, вале саломатӣ муҳимтар аст”, иброз дошт ӯ. Рустам Раҳматзода муътақид аст, ки ба зудӣ таъсири бади COVID-19 аз байн меравад ва робитаҳои комили иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа барқарор мешаванд.
Тоҷикистон аз миёни ҳамсоякишварҳояш бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва мувофиқи омори соли 2019 ба ин кишвар баробар бо беш аз 97 миллион доллар молу маҳсулот содир кардааст. Тоҷикистон ба Афғонистон асосан барқ ва семент мефурӯшад. Афғонистон бинобар мавқеи ҷуғрофӣ барои Тоҷикистон масири муҳими тарнзитӣ аст, вале бинобар набудани амният истифода аз ин роҳ хеле маҳдуд аст. Бо ин вуҷуд, маҳз тавассути хоки Афғонистон ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла картошка, мандарин аз Покистон ва анор аз худи ин кишвар ворид мешавад.