Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи марз бо Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи Зас ва Раҳмон мешавад


Станислав Зас, дабири кулли СПАД ва президенти Русия Владимир Путин
Станислав Зас, дабири кулли СПАД ва президенти Русия Владимир Путин

Дар мулоқоти дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон барррасӣ мешавад. Вебсайти ин созмон менависад, сафари Зас ба Душанбе 16 ва 17 феврал ҷараён мегирад ва дар ин сафар ӯ дар баробари президент, инчунин бо дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон – вазири хориҷа, вазири мудофеа, раҳбари КДАМ ва хадамоти марзбонӣ мулоқот мекунад. Тоҷикистон дар соли 2021 раҳбарии давраии ин созмонро ба ӯҳда дорад.

СПАД соли 1992 ташкил шуда, як созмони сиёсию низомии минтақавӣ ба шумор меравад. Ба узвияти он Арманистону Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Як вазифаи ин созмон ёрии низомӣ ба кишварҳои узв аст, ки дар шароити хатари ҷанг қарор доранд. Ба андешаи таҳлилгарон, дар амал ин як созмони низомии зери назари Русия мебошад.

Инчунин бархе таҳлилгарон нишастҳои раҳбарони СПАД ва ИДМ-ро, ки асосан кишварҳои Шӯравии пешинро дар бар мегирад, клуби раҳбарони худкома меноманд. Дар ин нишастҳо ба масъалаи ҳуқуқи башар, демократияву интихоботҳои шаффоф ва озодиҳои сиёсиву эътиқод расидагӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG