Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

31 сол аз ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон гузашт. Ҳануз ҳам афғонҳо ҷон медиҳанд


Бозгашти охирин сарбозони шӯравӣ ба ватан дар моҳи феврали соли 1989.
Бозгашти охирин сарбозони шӯравӣ ба ватан дар моҳи феврали соли 1989.

Тарки Афғонистон кардани охирин сарбоз аз неруҳои 100 ҳазор нафарии шӯравии собиқ дар рӯзи 15-уми феврали соли 1989 ба як марҳилаи душвор ва хунини Афғонистон нуқтаи поён гузошт.

Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги 9-солаи Афғонистон 13 ҳазор сарбоз, аз ҷумла сарбозони тоҷикро талаф дод ва 35 ҳазор нафари дигар низ захмӣ шуданд, аммо садҳо ҳазор афғон низ дар ин таҷовузи тулонии шӯравӣ ҷон доданд.

Бо таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ин кишвар ба конуни ҷанги сард миёни ду абарқудрати ҷаҳон Амрико ва Шӯравӣ табдил шуд. Бисёре аз кишварҳои коммунистӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои исломӣ ва ғарб ба раҳбарии Амрико аз муҷоҳидони афғон ҳимоят карданд.

Агарчӣ шӯравӣ маҷбур ба тарки Афғонистон шуд ва сипас фӯру пошид, аммо ҷанги Афғонистон поён наёфт. Сиву як сол пас аз он рӯз ҳанӯз ҳам ҷанг дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон идома дораду қурбонӣ мегирад.

Ҳоло дар Афғонистон чӣ мегузарад?

Ҳоло Амрико рақиби аслии шӯравӣ дар он замон аз соли 2001 дар майдони ҷанги Афғонистон ҳузур дорад. Иёлоти Муттаҳида як сол пеш бо гуруҳи Толибон созиши сулҳ имзо кард ва давлати Афғонистон ҳам дар ҳоли гуфтугу бо ин гуруҳ аст. Аммо пурсиши аслӣ ин аст, ки оё Русия ба унвони кишвари ҷойгузини Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ нақше дар таҳаввулоти нав дар Афғонистон ба вижа раванди сулҳ дорад.

Умар Самад, таҳлилгари Шӯрои Атлантика дар Амрико мегӯяд: “Аз лобалои ин ҳарфҳо чунин маълум мешавад, ки Русия хоҳони пешрафт дар раванди сулҳ аст ва онро ба нафъи худ медонад. Русия чанд қазияро ҳоизи аҳамият медонад, яке терроризм, ки муттаваҷеҳи Русия аст ва айни замон мавзуи маводи мухаддир, амнияти сарҳадот ҳаст. Амнияти Осиёи Марказӣ ҳаст ва равобите, ки Русия бо Чин дорад ва кишварҳои дигар монанди Эрон ва рақобатҳое, ки Русия бо Амрико дорад. Инҳо ҳамааш ҷузъи мулоҳизоти геополитикӣ ва иқтисодии Русия пиндошта мешавад.”

Аммо Форуқ Фардо, таҳлилгар ва рӯзноманигор дар Маскав бовар дорад, ки Русия бо ҳимоят аз Толибон дар пайи таъмини манофеи худ дар минтақа аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Русия дар ҳоли ҳозир ба ҳайси кишвари мустақил рӯи сулҳи Афғонистон амал кунад. Музокироташ бо Толибон ба Покистон чароғи сабз медиҳад. Имрӯз мебинем, ки муносиботи Афғонистону Русия ба ҳадде, ки мебояд бошад, нест.”

Русия дар сатҳи минтақа дар талоши чист? Ориф Саҳар, пажуҳишгари амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм дар Ландан мегӯяд: “Русия ба сурати суннатӣ кишварҳои Осиёи Миёнаро ба унвони ҳавзаи нуфузи худ мебинад ва дар онҷо манобеи азиме аз нафту газ вуҷуд дорад.

Русия ҳамвора талош кардааст, то контрол ва тасаллуташро дар ин ҳавза ҳифз кунад. Амрико талош мекунад, ки нуфузашро дар Афғонистон гоҳо Осиёи Миёна ва Ховари Миёна камранг бикунад ва табъан ки халои қудрат дар инҷо пайдо мешавад ва Русия аз он ба нафъи худ истифода мекунад. Ин масоилест, ки дар сатҳи минтақа кумак мекунад, то Русия ба унвони як бозигари муқтадир боз дубора матраҳ шавад.”

Русия дар пайи манофеи худ ва бо кумак ба Толибон?

Ба гуфтаи Ориф Саҳар, Русия дар солҳои ахир талош кардааст, то ба Толибон кумакҳои низомӣ ва иқтисоди кунад, то нақши Амрико дар Афғонистон заиф шавад, аммо Толибон иддаоҳо дар бораи ҳимояти Русия аз ин гуруҳро рад мекунанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон дар ҷангашон на аслиҳаи кишварҳои дигар, балки аз муҳимоти худашон, ки дар ихтиёр доранд, истифода мекунанд.

Бо ин ҳама Вазорати умури сулҳи Афғонистон мегӯяд, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия нақши муассире дар раванди сулҳи Афғонистон дорад. Ноҷия Анварӣ сухангӯи ин вазорат: “Эрон, Покистон ва соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия нақши таъсиргузор рӯи ин раванд доранд.”

Бо ин ҳол Русия аз ҳомиён ва муттаҳидони бузурги Афғонистон аст ва аз талошҳои Вашингтон барои поён додан ба ҷанг дар Афғонистон аз тариқи музокирот байни афғонҳо ҳимоят кардааст. Чанде пеш як ҳайати гуруҳи Толибон ба Маскав рафт.

Шермуҳаммад Аббос Стоникзай, раиси ҳайати Толибон рӯзи 29-уми январ ва пас аз гуфтугу бо мақомоти Русия изҳор дошт, ки ин гуруҳ интизор дорад, ки Амрико ба ваъдааш дар бораи берун бурдани неруҳояш то моҳи майи имсол вафо мекунад. Бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят кардаанду мақомҳои ҳукуматӣ ва раҳбарони Толибон барои пешрафт дар музокироти сулҳ ва овардани субот ба кишварҳои минтақа сафар кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG