Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҷойи таркишу интиҳор ба истеҳсолот рӯ орем." Паёми афғонҳо аз Тоҷикистон ба Толибон. ВИДЕО


Намоишгоҳи тоҷирони афғони муқими Тоҷикистон

"Паёми мо ба Толибон ин аст, ки дар ивази таркишу интиҳор рӯй ба намоишгоҳу тавлидот биёрем, то барои мардуми худ хидмат карда битавонем." Ин ҷумлаҳоро Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 15-уми январ ва дар намоишгоҳи маҳсулоти тоҷирони афғони муқими Тоҷикистон ба забон овард.

Ҳоло ҳайатҳои расмии ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар мавзӯи музокироти сулҳро баррасӣ доранд, аммо айни замон дар Кобул ва гӯшаҳои дигари ин кишвар хушунатҳо давом дорад. Мақомот ҷангҷӯёни Толибонро гунаҳкор медонанд, Толибон баъзе аз ҳамлаҳоро ба уҳда гирифта, баъзеи дигарро рад мекунанд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, талошҳо барои расидан ба оташбас ва суолҳи пойдор онҳоро ба рушди ҳамкориҳо умедвор кардаст.

Тоҷирони афғон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои дастӣ дар Душанбе гуфтанд, танҳо дар Афғонистони бидуни ҷанг метавонанд, дар ҳар гӯшаи кишвар бе ҳарос маҳсулоти худро ба намоиш гузоранд ва бифурӯшанд.

Фотима Муфид, хайёти афғон, дастдӯзиҳояшро ба намоишгоҳ овард. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар як соли охир дар Тоҷикистон тиҷорати молашон хуб набуд, тавлидотро қатъ накарданд.

"Давраи карантин буд ва чун касе аз хона берун намешуд, ба даромад зарба зад, аммо тавлидотро бознадошт. Ин коре аст, ки дар дохили хона иҷро карда мешавад. Зарурати ба берун рафтан нест. Намоишгоҳ барои мо фурсати хуб аст, то корҳои худро нишон диҳем ва дигарон ҳам бохабар бошанд, ки афғонҳо чунин чизҳое меофаранд", -- афзуд ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорони афғон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Дар намоишгоҳ беш аз 40 навъи маҳсулоти зироативу саноатиро ба тамошо гузоштанд. Файёзиддини Ғиёсӣ, масъули бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар Душанбе, гуфт: “Ҳадаф азсаргирии фаъолиятҳои тиҷоратии тоҷирони Афғонистон, муаррифии молу маҳсулоти онҳо дар бахшҳои зироату саноати дастӣ аст, ки бо паҳншавии COVID-19 зарар диданд."

Талошҳои сафорати Афғонистон барои ҷалби таваҷҷӯҳи харидорони тоҷик ба маҳсулоти соҳибкоронаш дар ҳолест, ки дар як соли гузашта бо иллати пандемияи COVID-19 гардиши мол миёни ду кишвар ҳудуди даҳ дарсад кам шудааст.

Ба қавли Файёзиддини Ғиёсӣ, дар соли 2019 Афғонистон ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 3,8 миллион доллар мол содирот карда, аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 80 миллион доллар маҳсулот гирифтааст: "Аммо дар соли 2020 пандемия ҳаҷми содироти Афғонистонро аз 6 то 8 дарсад поин овард. Воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон ҳудуди 10 - 15 дарсад коҳиши ёфт.”

Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 100 ширкати афғонӣ фаъол ҳастанд. Ду кишвар дар бахшҳои гуногун, ба монанди энергетика, саноат, кишоварзӣ, фарҳангу сохтмон ва амният ҳамкорӣ доранд.

Масъулони сафорати Афғонистон гуфтанд, дар намоишгоҳи молу маҳсулоти тоҷирони афғон касеро аз кишварашон даъват накардаанд ва он бо ширкати муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор афғон кору зиндагӣ мекунанд. Дар гузашта чанде аз паноҳандагони афғон аз надоштани санад ва мушкили гирифтани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буданд. Бештари онҳо мехоҳанд, ба кишвари севум ба монанди Канада ё кишварҳои аврупоӣ бираванд, аммо бо сабаби тӯл кашидани таҳқиқи парвандаашон ва дарёфти санад дар Тоҷикистон мемонанд.

XS
SM
MD
LG