Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарофиддини Имом даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашид. ВИДЕО


Шарофиддини Имом дувоздаҳ сол сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд.
Шарофиддини Имом дувоздаҳ сол сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд.

Шарофиддини Имом (Имомов), сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон ва яке аз поягузорони созмони мардумии "Растохез", рӯзи 9-уми феврал дар 65-солагӣ даргузашт.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ даҳ рӯзи охир аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашид ва ҳангоми интиқол ба Бемористони сироятии шаҳри Душанбе дар зери дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷон бохт. Ба қавли наздиконаш, ӯ қаблан аз бемории дил низ шикоят дошт.

Шарофиддини Имом дувоздаҳ сол сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Маъмурияти дипломатияш дар Кобул моҳи сентябри соли гузашта ба поён расид. Ӯ дар гузашта ҳамчун мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бахши робита бо ҷомеа ва умури сиёсати хориҷӣ низ кор кардааст.

Муаллифи "Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон" аст.

Шарофиддини Имом дар замони маъмурияташ яке аз дипломатҳои фаъол дар миёни сафирони хориҷии муқими Кобул ба шумор мерафт. Ӯро аз ҷумлаи сафироне медонистанд, ки дастраси хабарнигорон буд ва ба суолҳои онҳо посух медод.

Абдуқаҳҳор Расулиён, устоди Донишгоҳи миллӣ ва аз дӯстони Шарофиддини Имом, гуфт, ӯ ҳамчун сафир талош кард, робитаҳои Тоҷикистону Афғонистонро дар сатҳи хуб нигоҳ дорад. Ба қавли устоди донишгоҳ, Шарофиддини Имом аз пешгомони ҳаракати рӯшанфикрӣ дар солҳои 90-ум ба шумор мерафт ва барои бедориву худшиносии миллӣ талош мекард.

"Дар соҳаи илм ва дар арсаи дипломатия як шахси муваффақ буд. Пас аз бознишаста шудан ба таълифи китоб машғул буд ва ҳамагӣ ду ҳафта қабл як китоби ӯ ба нашр расид", -- афзуд Абдуқаҳҳор Расулиён.

Шарофиддини Имом даргузашт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Шарофиддини Имом замоне сафири Тоҷикистон дар Афғонистон шуд, ки ҳодисаҳои гаравгонгирии сокинони наздимарзӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон зиёд иттифоқ меафтод. Ҳамкоронаш мегӯянд, дар ҳама ҳолат ӯ бо мақомоти Афғонистон ва низ афроди таъсиргузор вориди гуфтугӯ шуда, масоилро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал мекард.

Дар гузашта бархе аз шаҳрвандони Афғонистон аз мушкили дарёфти виза дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул шикоят карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки визаи Тоҷикистонро дар Кобул бо қимати муқарраршуда наметавон дастрас кард. Вале мақомоти тоҷик ин иддаои шаҳрвандони Афғонистонро беасос хонда буданд.

Шарофиддини Имом қабл аз оғози фаъолиятҳои дипломатӣ дар маҷоли илм кор мекард ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегуфт. Ӯ солҳо дар Академияи илмҳо кор карда, муддате тарҷумони шӯравиҳо дар Афғонистон буд. Шарқшинос, коршиноси равобити байналмилал ва доктори илмҳои таърих буд.

XS
SM
MD
LG