Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистону Озарбойҷон задухурди хунин рух дод


Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон моҳи август ба Қарабоғи Кӯҳӣ сафар карда буд
Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон моҳи август ба Қарабоғи Кӯҳӣ сафар карда буд

Дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст.

Ҷонибҳо дар сар задани муноқишаи субҳи 27-уми сентябр ҳамдигарро гунаҳкор карданд.

Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфт, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар "Хати тамос" амалиётро оғоз кардаанд.

Ҳарду ҷониб аз ҳалокати шаҳрвандонашон хабар медиҳанд.

Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки сарбозонаш субҳи 27-уми сентябр ду чархболи низомии Озарбойҷон ва се ҳавопаймои бесарнишинро дар посух ба ҳамла ба маҳалҳои аҳолинишин сарнагун кардаанд.

Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Арманистон гуфта мешавад, ки “посухи онҳо ба чунин ҳамлаҳо ҳамвазн хоҳад буд ва масъулият ба души низомиёни Озарбойҷон аст”.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нерӯҳояш “чораҳои ҷавобӣ меандешанд ва вазъи амалиётро пурра зери назорат доранд”.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Арманистон, дар ин ҳамла як зану кӯдакӣ арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ фавтидааст.

Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи президенти Озарбойҷон гуфт, ки “кушташудаҳо ва захмиён дар миёни шаҳрвандон ва ҳарбиён вуҷуд дорад”.

Даргирӣ миёни ду кишвари Қафқозӣ ҷанубӣ дар моҳҳои ахир бештар шудааст.

Дар як чунин задухӯрд дар нимаи моҳи июл 17 нафар, асосан сарбозон аз ду ҷониб кушта шуданд.

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон аз Маскав интиқод кард, ки пас аз муноқишаи моҳи июл ба Арманистон бештар силоҳ додааст.

Русия дар Ереван пойгоҳи низомӣ дорад ва Арманистонро шарики стратегии худ медонад.

Ду ҳамсояи наздик солҳои 1988 то 1994 барои вилояти баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ҷангидаанд. Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияи наздик ба он дар Озарбойҷон дар ин солҳо аз ҷониби ҷудоиталабони рӯ ба Арманистон ишғол шудааст ва истиқлолияти худ аз Озарбойҷонро эълон карданд. Дар ин низоъ дастикам 30 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар беҷо шудаанд.

Музокирот барои хатми танишҳо аз ҷониби Гурӯҳи Минск, ки ба он Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ИМА, Фаронса ва Русия шомиланд, ҳеҷ пешрафте ба бор наовардааст. Миёни ин ду кишвар зуд-зуд муноқишаи мусаллаҳона сар мезанад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG