Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ Тоҷикистон аз низоъ дар марзи Озарбойҷону Арманистон изҳори нигаронӣ кард


Марзи Озарбойҷону Арманистон
Марзи Озарбойҷону Арманистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита бо низоъ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон “амиқан изҳори нигаронӣ” кард. Дар изҳороте, ки шоми 16 июл дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, Тоҷикистон ҳарду ҷонибро “ба хештандории ҳадди аксар” даъват кардааст, “то ки вазъи баамаломада тавсеа наёбад ва низоми хатми оташ риоя шавад”. ВКХ Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки Озарбойҷону Арманистон “ҳарчи зудтар” ба роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли масоили мавҷуда рӯ хоҳанд овард.

Мақомоти Озарбойҷону Арманистон рӯзи 16 июл аз идомаи таниш дар марз хабар доданд. Дар се рӯзи даргириҳои хунини миёни нирӯҳои ду кишвар дар марз 15 сарбоз кушта шуд. Ин ҳодиса мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Пеш аз ҳодисаҳои 16 июл, миёнаравҳо дар Гурӯҳи Мински САҲА аз ИМА, Русия ва Фаронса ҳарду ҷонибро ба идомаи худдорӣ аз тавсеаи низоъҳо даъват карданд. Дар изҳороти рӯзи 15 июли ин гурӯҳ омадааст, ки “ҳамраисон тасдиқи вазоратҳои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро барои барпо кардани музокирот оид ба паҳлӯҳои муҳими истиқрори ҳарчи зудтари вазъ дар Қаробоғи Кӯҳи ва бозгашти муҳими нозирони САҲА ба минтақа, агар шароит имкон диҳад, истиқбол мекунанд”.

XS
SM
MD
LG