Пас аз ду рӯзи даргириҳои хунин дар марзи Арманистону Озарбойҷон ва даъвати ҷомеаи байналмилалӣ ба қатъи фаврии хушунатҳо, рӯзи 14 июл дар равобити ду ҳамсоя ҳҳамдигарро гунаҳгор карданд.
Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки аз 12 июл, замони шурӯи даргириҳо дар марз бо Арманистон чор сарбоз куштаву панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд ва Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки се сарбоз ва ду афсари полисаш захм бардоштаанд.
Тибқи гузоришҳо, ҳарду ҷониб дар наздикиҳои деҳаи марзии Товуш бо ҳам даргир шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Арманистон гуфт, ки рӯзи 13 июл оташи тӯпхонаи Озарбойҷон “пешгирӣ шуд” ва Ереван вазъро “пурра таҳти назорат қарор дод”.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи 13 июл гуфт, ки “раҳбарияти сиёсиву низомии Арманистон тамоми масъулияти ин иғворо ба ӯҳда дорад”. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян Озарбойҷонро дар “таҳрик додан”-и ҳодисаҳои марзӣ муттаҳам ва таҳдид кард, ки ин ҳама “бепосух намемонад”.
Вазорати дифои Озарбойҷон иддао кард, ки 20 сарбози арманиро ҳамроҳ бо техникаи низомӣ “тахриб кардааст” ва Ереванро дар “пинҳон кардани талафот” гунаҳгор кард.
Вазорати дифои Арманистон талафотро рад карда, ин гузоришҳоро “дурӯғин” номидааст. Баҳси дарозмуддат сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ равобити ду кишварро ба бунбаст овардааст. Вале даргириҳои ду рӯзи гузашта аз марзи Қаробоғи Кӯҳӣ фарсахҳо дур буда, ба таври бесобиқа мустақим миёни ду кишвар рух дод. Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия рӯзи 13 июл ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват карданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамкорони арманиву озариаш Бокуву Ереванро ба қатъи хушунат даъват кард. Русия бо ҳарду кишвари собиқ шӯравӣ равобити наздик дорад.
Вазорати умури хориҷии Русия зимни изҳори “нигаронии амиқ” аз ҳодиса дар марзи ду кишвар гуфт, ки бо он “суботи минтақаро таҳти хатар қарор медиҳад”.
Департаменти давлатии ИМА аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки оташбасро ҷорӣ карда, ба хотири ҳалли осоиштаи низои Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтушуниди сулҳро аз сар гиранд.
Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо ҳарду ҷонибро даъват кард, ки “ихтилофи низомиро хотима дода, аз корҳое, ки боиси сар задани шиддат мешавад, худдорӣ кунанд ва тадбирҳоеро барои пешгирӣ аз густариши бештари хушунатҳоро амалӣ кунанд”.
Даргириҳои ахир чанд рӯз баъди он рух дод, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев музокироти сулҳ бо Арманистонро рад ва аз эҳтимоли шурӯи ҷанги нав сӯҳбат кард. Дар суханронии рӯзи 7 июлаш Алиев таҳдид кард, ки “агар музокирот бенатиҷа буд”, аз он хориҷ мешавад. Ӯ шарҳи бештар надод.
Аксар сокинони арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ истиқлолияти худ аз Озарбойҷонро эълон карданд ва дар паи ин дар ҷанге, ки солҳои 1988-94 идома кард, тахминан 30 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар беҷо шуданд.
Аз соли 1994 Қаробоғи Кӯҳӣ таҳти назорати нирӯҳои арманитабор буд ва Озарбойҷон гуфтааст, ки аҳолии он аз ҷониби Арманистон мусаллаҳ карда мешавад. Эълони истиқлолияти ин минтақаро ҳеҷ як кишвар эътироф накардааст. Музокироти ба ном Гурӯҳи Мински САҲА, ки ба он инчунин Русия, ИМА ва Фаронса аъзо ҳастанд, тавонист ба коҳиши ҷиддии хушунат мусоидат кунад, вале сулҳу субот на ҳамеша риоя шудааст.