Тибқи гузоришҳо дар марзи Озарбойҷону Арманистон низоъҳои мусаллаҳона идома дорад ва ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ҳамла ва тарандозӣ ба сӯи деҳоти марзӣ гунаҳгор карданд. Низомиёни Арманистон иддао карданд, ки дар соатҳои субҳи барвақти 16 июл монеи баргузории рейди озарбойҷониҳо дар нуқтаҳои марзии ин кишвар дар ноҳияи шимолушарқии Товуш шуданд. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки “баъди як тирандозии шадид душман бо хисороти муайян ақибнишинӣ кард”. Дар ин изҳорот иддао мешавад, ки нирӯҳои озарбойҷонӣ ба сӯи ду деҳаи марзии арманӣ бо хумпораву тӯпхонаи вазнин оташ кушоданд. Степанян соатҳои субҳи барвақт дар Фейсбук навишт, ки “задухӯрдҳо ҳоло ҳам идома дорад” ва “воҳидҳои нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон иғвоҳои озарбойҷониҳоро безарар мекунанд”. Степанян инчунин бо нашри изҳороте дар Фейсбук рӯзи 16 июл иддао кард, ки нирӯҳои Арманистон як тонки озарбойҷоинро хароб карда ба мавқеъҳои “хумпораву тӯпхонаҳои Озарбойҷон, ки мавқеъҳои аҳолинишини моро ҳадаф қарор дода буданд, нобуд карданд”. Дар як видеои кӯтоҳе, ки ӯ нашр кард, дуди сиёҳи ғализе за пушти баландие ба чашм мерасад, ки зоҳиран хоки Озарбойҷон аст.
Степанян ичунин гуфт, ки вазири дифои Арманистон Давит Тоноян дар занги телефоние ба Андржей Каспршик, раҳбари ҳайати нозиротии САҲА дар Қаробоғи кӯҳӣ таҳаввулоти ахирро гузориш дод. Ӯ гуфт, ки Тоноян ба Каспршик гуфт, ки ҷониби Озарбойҷон “хисороти зиёд дид”. Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи марзии соати 9-и субҳ ҳеҷ як сарбози арманӣ кушта нашудааст.
Дар соатҳои субҳи 16 июл волии Товуш Ҳайк Чобанян гуфт, на танҳо деҳот, балки шаҳраки Берд ҳам таҳти оташи хумпораи озарбойҷониҳо қарор гирифт. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ як сокини маҳаллӣ осеб надид, вале бархе хонаву сохторҳои бунёдӣ зарар дидаанд. Чобанян гуфт, ки “сокинон дар таҳхонаву хаймаҳо панаҳ мебаранд” ва “зиндагии онҳо таҳти хатар нест”. Ӯ афзуд, ки зарурат ба интиқоли мардум ба ҷойҳои амн вуҷуд надорад. “Умедворам, ки ин ҳолат дер давом намекунад”, гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Озарбойҷон нирӯҳои арманиро дар ҳамла ба нирӯҳои ҷабҳаи пеш ва тирандозӣ ба рустоҳои озарбойҷонӣ дар ноҳияи Товуз, ки бо Товуш ҳаммарз аст, гунаҳгор аст. Дар изҳорот тафсилоти аз ин беш оварда намешавад.
Азсаргирии тирандозӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон як рӯз баъди он рух дод, ки дар се рӯзи даргириҳои хунини миёни нирӯҳо 15 сарбоз кушта шуда мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.
Пеш аз ҳодисаҳои 16 июл, миёнаравҳо дар Гурӯҳи Мински САҲА аз ИМА, Русия ва Фаронса ҳарду ҷонибро ба идомаи худдорӣ аз тавсеаи низоъҳо даъват карданд. Дар изҳороти рӯзи 15 июли ин гурӯҳ омадааст, ки “ҳамраисон тасдиқи вазоратҳои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро барои барпо кардани музокирот оид ба паҳлӯҳои муҳими истиқрори ҳарчи зудтари вазъ дар Қаробоғи Кӯҳи ва бозгашти муҳими нозирони САҲА ба минтақа, агар шароит имкон диҳад, истиқбол мекунанд”.