Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони Озарбойҷону Арманистон ҳамватанонро ба оромиш даъват карданд


24 июл, Маскав. Полис аз як занозании гурӯҳии озариҳову арманитаборҳо ҷилавгирӣ кард
24 июл, Маскав. Полис аз як занозании гурӯҳии озариҳову арманитаборҳо ҷилавгирӣ кард

Сафирони Озарбойҷону Арманистон аз ҳамватанони худ хостанд, ки аз ҳама гуна амалҳои “иғвоангез” ва мухолифат бо ҳам худдорӣ кунанд. Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки дар шаҳри Маскав озариҳову арманитаборҳо бо ҳам даргир шуданд ва ин ҳодиса ба таниши ҳафтаҳои ахир дар равобити ду кишвари Қафқози Ҷанубӣ афзуд. Вардан Тоғанян ва Пӯлод Булбулоғлӣ, сафирони Арманистону Озарбойҷон дар изҳороти ҷудогона аз арманиҳову озариҳои муқими Маскав давъват карданд, ки аз нақзи қонунҳои Русия худдорӣ варзанд. Ин даъват дар ҳоле буд, ки ба иттилои полиси Маскав дар задухӯрдҳои гурӯҳии рӯзҳои 23 ва 24 июл беш аз 30 нафар боздошт шудааст. Полис ҳуввияти боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти дигари марбут ба сабабҳои рух додани ин задухӯрдро шарҳ намедиҳад, вале ба иттилои матбуот, дар давоми як ҳафтаи гузашта дар Маскаву дигар шаҳрҳои Русия ҳодисаҳои задухӯрди намояндагони Арманистону Озарбойҷон мушоҳида шудааст. Полиси Санкт-Петербург гуфт, ки аз як муноқишаи азими гурӯҳии рӯзи 25 июн ҷилавгирӣ кардааст. Баъди 12 июл вазъ дар марзи ду кишвар пуртаниш боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG